- Диданд: 299
ИН КУРС ТО КУҶО МЕТАВОНАД БАРОИ БЕҲБУДИИ НАШРИЯҲОИ МАҲАЛЛӢ КӮМАК РАСОНАД?
Бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” аз 15 то 19-уми сентябри соли 2025 курси махсуси омӯзишӣ таҳти унвони “Нашрияҳои маҳаллӣ: Роҳҳои ҷолибсозӣ ва рақобатпазирии онҳо” барои сармуҳаррирони нашрияҳои маҳаллӣ баргузор гардида истодааст. Ин курсро рӯзноманигори маъруф ва Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Зиннатулло Исмоилзода роҳбарӣ мекунад.
Мавзӯи асосии омӯзиш, баланд бардоштани сатҳи касбии сармуҳаррирон, таҳкими нақши нашрияҳои маҳаллӣ дар ҷомеа ва ҷустуҷӯи роҳҳои баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо дар шароити муосир мебошад.
Дар ҷараёни курс масъалаҳои муҳиме чун:
-нақши нашрияҳои маҳаллӣ дар оинаи зиндагӣ ва ташаккули афкори умум,
- мушкилоти норасоии мутахассисони баландихтисос,
- болоравии таваҷҷуҳ ба шабакаҳои иҷтимоӣ,
-мушкилоти паҳннамоӣ ва дастрасӣ ба хонанда,
-камфаъолиятии нашрияҳо дар муҳити рақамӣ,
-ҳамгироии нашрияҳои чопӣ ва онлайнӣ,
мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин, иштирокчиён дар бораи мушкилоти сохтории нашрияҳои маҳаллӣ, мисли барҳам хӯрдани шуъбаҳои соҳавӣ, паст рафтани сифати таҳлили мавод, кам шудани робитаи мустақим бо хонандагон ва синну соли баланди кормандони эҷодӣ мубоҳиса намуданд.
Зикр шуд, ки дар шароити кунунӣ тақозо ба ВАО-и анъанавӣ коҳиш меёбад, аммо барои гуруҳи муайяни ҷомеа нашрияҳои чопӣ ҳанӯз аҳамияти хос доранд. Аз ин рӯ, тавсия дода шуд, ки гибридсозии муҳтаво - мутобиқсозии нашрияҳои чопӣ ва рақамӣ, бо дарназардошти талаботи гуруҳҳои гуногуни хонандагон, бояд самти асосии рушди оянда бошад.
Инчунин Зиннатулло Исмоилзода гуфт, ки дурнамои нашрияҳоро бояд аз имруз тарҳрезӣ кард, махсусан дар шароите, ки рақобат хеле шадид ва пурзӯр аст. Ӯ таъкид намуд, ки дигар бо чанд маводи обшуста ва нигоҳҳои даргиреҳмонда нашрияро ҷолиб кардан имконнопазир аст ва барои давом додани фаъолият ва муваффақ шудан дар ин муҳит зарур аст, ки ба навоварӣ, мазмуни фарогир ва пешниҳоди воқеан арзишманд диққати махсус дода шавад.
Наҳтутӣ Алиева, рӯзноманигор
- Диданд: 290
«Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошанд. Истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва замонати ҳастии воқеӣ ва бошарофати миллат аст».
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
34 сол аст, ки Тоҷикистони маҳбуби мо соҳибистиқлол ва мардуми шарифи кишвар соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр мебошад. Дар фазои Ватани азизамон хуршеди Истиқлол нурафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ манзилу маъвои моро, имрӯзу фардоямонро мунаввар мегардонад.
Ҳар гоҳ сухан аз Истиқлоли давлатӣ ё миллат меравад, мо бояд ёдовар шавем, ки ҳадафи асосии талоши ҳар як халқ барои озодӣ, таъсиси давлати миллӣ ва истифодаи мустақилонаи корҳои давлатдорӣ мебошад. Истиқлол ба мо имконият медиҳад, ки сохтори давлатдорӣ, фарҳанг, иқтисод ва тарбияро ба таври мустақилона инкишоф диҳем, ормонҳои таърихиро амалӣ созем ва Тоҷикистони ободу шукуфон бунёд намоем.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ миллати мо ба дастовардҳои назаррас дар ҳама соҳаҳо ноил шудааст. Истиқлол барои ҳар фарди кишвар озодӣ, ифтихори миллӣ ва масъулияти шаҳрвандиро таъмин мекунад. Мо бояд ҳар рӯз ба қадри ин неъмат бирасем, онро ҳифз намоем ва барои пешрафти Ватан саъй кунем.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ чунин гуфтааст: «Маҳз ба шарофати талошу кӯшиш барои истиқлол, озодӣ ва пешрафти мо тавонистаанд, ки ҳанӯз дар асри даҳум, яъне ҳазору сад сол муқаддам давлати миллии мутамарказ ва дорои ҳамаи аркони зарурии давлатдориро ташкил диҳанд, ки дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ бо номи давлати Сомониён шуҳрат ёфтааст». «Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошанд. Истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва замонати ҳастии воқеӣ ва бошарофати миллат аст».
Баъди ба даст овардани истиқлол дар Тоҷикистон нуфузу мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, махсусан дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон зиёд шуд. Қабул гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба қатори он санадҳои муҳимтарине дохил мешавад, ки дар таърихи соҳибистиқлолии мо мавқеи махсуси худро доранд.
- Диданд: 352
Истиқлол, бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик аст. Ин неъмати бебаҳо, барои Тоҷикистон на танҳо рамзи озодӣ, балки оинаи сарнавишти навини миллати тоҷик мебошад. Бо соҳибистиқлол шудан, мо тавонистем давлатдории миллиро таҳким бахшем, забон ва фарҳанги модариро гиромӣ дорем, арзишҳои миллӣ ва суннатҳои аҷдодиро эҳё намоем. Истиқлол ба насли нав имконият дод, ки бо худшиносӣ ва эҳсоси баланди ватандорӣ барои ободии Ватан ва таҳкими пояҳои давлат саҳмгузор бошанд. Ҳар як дастоварди саноатӣ, ҳар як сохтмони нав, ҳар як ислоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таҷассумгари ормонҳои Истиқлол ва иродаи мардуми тоҷик аст.
Бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист дар арсаи байналмилалӣ мақоми худро устувор созад ва обрӯву нуфузи миллати тоҷикро боло барад.
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Тоҷикистон аз имтиҳонҳои вазнин гузашта, ба як кишвари сулҳпарвару созанда табдил ёфт. Ин истиқлол буд, ки ба миллати тоҷик шуҳрату шон, ваҳдату сарбаландӣ ва эътимод ба ояндаи дурахшон бахшид.
Имрӯз ҳар як сохтмони нав, ҳар як дастоварди иқтисодӣ ва ҳар як қадами созандагӣ таҷассумгари шукуҳу шаҳомати Истиқлол аст. Ҷашни Истиқлол ҳамеша ба мо ёдрас месозад, ки озодиву соҳибдавлатӣ неъмати бебаҳоест ва ҳар фарди ватандӯст вазифадор аст, ки онро ҳифз ва пос дорад.
Шаъну шон ва шукуҳи Истиқлол боз дар он аст, ки ҳар як фарди ҷомеа худро соҳиби Ватан, ҳимоятгари арзишҳои миллӣ ва масъули сарнавишти давлату миллат медонад.
Президенти кишвар шуҳрати истиқлоли моро аз минбарҳои баланди байналмилалӣ афзуданд ва бо маърифати баланду сиёсати оқилонаву созанда Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, сулҳҷӯ ва созанда муаррифӣ намуданд. Ин Президенти мардумӣ бо иродаи қавӣ ва сиёсати дурбинона тавонистанд ҷойгоҳи давлатро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшанд ва обрӯву нуфузи миллати тоҷикро боло бардоранд.
Маҳз корнамоиҳо ва шоҳкориҳои Пешвои миллат буд, ки Тоҷикистон рӯзҳои вазнину хунинро пушти сар карда, ба як давлати орому пешсаф табдил ёфт. Имрӯз истиқлол бо шуҳрату шаҳомати худ на танҳо дастоварди таърихӣ, балки нишони ваҳдату сарбаландии тамоми мардуми тоҷик аст.
Истиқлоли давлатӣ ба халқи тоҷик имконият дод, ки бо сарварии Пешвои миллат ба иҷрои лоиҳаҳои бузурги созандагӣ қадам гузорад. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ як қатор иншооти бузурги аср, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии “Роғун”, Неругоҳи “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”, Неругоҳи “Помир-1”, шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ, нақби Истиқлол, нақби Шаҳристон, нақби Хатлон, нақби Раштон, фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Маркази савдо ва фарҳанги “Душанбе Мол”, Боғи Истиқлол ва чандини дигар корхонаҳои саноатӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, мактабу донишгоҳҳо бунёду обод гардиданд.
Иншооти мазкур на танҳо муҳайёгари шароити мусоиди зиндагӣ барои мардум мебошанд, балки Тоҷикистонро дар арсаи иқтисодӣ, энергетикӣ, маърифату сиёсат ва иҷтимоӣ ба зинаҳои нав бароварданд.
Ҳатто инфрасохтори деҳот низ навсозӣ гардид. Бо дастгирии давлату Ҳукумат роҳҳо, мактабҳо, марказҳои саломатӣ, боғу гулгаштҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ дар шаҳру ноҳияҳо таҷдид ва бунёд шуданд. Имрӯз деҳоти кишвар чеҳраи нав гирифта, сатҳи зиндагии мардум беҳтар гаштааст.
Инфрасохтори муосир на танҳо барои сокинон шароити муносиб фароҳам овардааст, балки барои сайёҳон низ муҳити ҷолибу созгорро муҳайё месозад. Тоҷикистон бо табиати нотакрор, манзараҳои дилфиреб ва обҳои шифобахшаш ба яке аз самтҳои ҷолиби сайёҳӣ табдил ёфтааст. Бо вуҷуди ин, таҷдид ва навсозии инфрасохтор имконият медиҳад, ки меҳмонон бо роҳати бештар сафар намуда, аз зебоиҳои диёр ва фарҳанги тоҷикон баҳра бигиранд ва овозаи ин сарзамини пурганҷро ба дунё баранд.
Дар анҷом мехоҳам ёдовар шавам, ки роҳнамоӣ, корнамоӣ, қаҳрамонӣ ва созандагиву шоҳкориҳои Пешвои миллат буд, ки Истиқлол пояи устувор гирифт ва Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз яке аз ташаббускорони сатҳи байналмилалӣ гардида, обрӯву нуфузи худро таҳким бахшида, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро таъмин менамояд.
Пас, месазад, ки мо корномаҳо ва шоҳкориҳои ин марди худододро арҷ гузорем, шукронаи ободӣ ва озодиро намуда, Истиқлолро бо ҷону дил ҳифз намоем. Ҳар як фарди ватандӯст бояд бо меҳру садоқат ва заҳмати созанда саҳми худро дар таҳкими Истиқлол ва шукуҳи Ватан гузорад…
Аблулло Олимзода, муовини раиси ноҳияи Сангвор
- Диданд: 301
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ иброз дошта буданд:
«Шоҳнома ин асари безавол бояд ба ҳар хонадони мардуми сарбаланди тоҷик тақдим карда шавад, то наслҳо аз он сабақи мардонагӣ, ватандӯстӣ ва худшиносӣ омӯзанд».
Акнун соати фараҳ фаро омад ва ваъдаи Пешвои маърифатдӯсту фарҳангсолори мо ба иҷро расид. Нусхаҳои тозанашри «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла ба ноҳияи Сангвор, расонида шуданд.
Ин иқдом, ки бо ташаббуси Сарвари давлат амалӣ гардид, на танҳо арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои гузаштагон, балки туҳфаи беназир барои таҳкими худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва бедории маънавии ҷомеа мебошад. Инчунин барои арҷгузорӣ ба таърих ва тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ мусоидат менамояд.
Саҳифаи 24 аз 47









