РОҲПАЙМОИИ УМУМИИ ИДОНА БО ИШТИРОКИ БЕШ АЗ 400 НАФАР КОРМАНДОНИ КАСБУ КОРИ ГУНОГУН ВА ҶАВОНОН ДАР ДОИРАИ ТАНТАНАҲОИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ САНГВОР.
  
 
   
 
  
 

    11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор бинои Шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

 

    Тибқи лоиҳа бинои шуъбаи маориф аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо харҷи 5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Корҳои сохтмонӣ соли 2019 бо гузоштани санги асос аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуда, бино дар муҳлати муайяншуда бо тарҳи муосир ва риояи унсурҳои миллии шаҳрсозӣ сохта шудааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 30 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардида буданд.
    Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияи Сангвор 10 ҳуҷраи корӣ ва 44 ҷойи нишаст дошта, ҳуҷраҳо бо мизу курсӣ ва дигар ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
   Маҷлисгоҳ дар ошёнаи сеюми бино сохта шуда, 100 ҷойи нишаст дорад. Толор бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла, курсиҳои нав ҷиҳозонида шудааст. Минбаъд имкон аст, ки конфронсу мулоқот ва дигар чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ дар ин толор гузаронида шавад.
Бино ҳамчунин дорои китобхона, бойгонӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасону шабакаи мустақили гармидиҳӣ мебошад.
    Дар ошёнаи сеюми бинои маъмурӣ меҳмонхонаи хурд дар 3 ҳуҷра таъсис дода шудааст. Бинои навбунёд бо гармидиҳӣ таъмин гардидааст.
Атрофи бинои Шуъбаи маорифи ноҳияи Сангвор чароғон ва сабзу хуррам гардонида шуда, ба маркази ноҳия зебоии хос зам мекунад.
 
   
    11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор Маркази савдо ва Меҳмонхонаи “Сайёҳ”-ро, ки дар доираи корҳои созандагию ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
     Бинои меҳмонхона ва маркази савдо аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо тарҳи муосири меъморӣ сохта шудааст.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот 12 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
   Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки аз рӯи лоиҳа дар ошёнаи якуми бинои навбунёд мағозаи хӯрокворӣ ва дар ошёнаи дуюм мағозаи масолеҳи сохтмонӣ ва ҷиҳози рӯзгор ҷойгир аст. Дар маркази хизматрасонӣ пардохт тавассути технологияи муосир сурат мегирад.
   Ошёнаҳои сеюму чоруми бино пурра барои меҳмонхона пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи сеюми бино қабулгоҳи сайёҳон, ҳуҷраҳои хоб ва толори гузаронидани семинару машварат ҷойгир аст.
Ошёнаи чорум пурра аз ҳуҷраҳои хоб иборат мебошад. Дар маҷмуъ дар меҳмонхонаи “Сайёҳ”, ки аз ҷониби соҳибкор Осим Сафаров сохта шудааст, 10 ҳуҷра бо 15 ҷойи хоб мавҷуд аст. Аснои шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои меҳмонхона Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба услуби кори меъморон ва сифати корҳои сохтмонию шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, сохтмони чунин иншоотро дар шароити имрӯза муҳим арзёбӣ карданд. Зеро шумораи сайёҳон ба кишвари мо сол то сол зиёд мегардад.
   Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки дар оянда аз рӯи лоиҳа дар ошёнаи панҷуми бино барои истироҳату фароғати сайёҳону меҳмонон нишастгоҳи тобистона сохта мешавад, ки аз он тамоми манзараҳои зебои ноҳияи Сангвор намудор мегардад ва ин омил барои ҷалби бештари сайёҳон мусоидат мекунад.
Масоҳати умумии бино 820 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Атрофи он ба таври замонавӣ оро ёфта, суҳбаткадаҳо бо гулҳои ороишӣ ҳусни биноро боз ҳам зеботар гардонидааст.
     Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур 50 нафар бинокор ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд.
Насби чароғакҳои замонавии равшанидиҳанда ба намои берунаи иншоот шабона ҳусни тоза зам мекунад.
 
   
     11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор бо роҳбарону фаъолон мулоқоти самимӣ доир намуданд.
      Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сокинони сарбаланди ноҳияи Сангвор ва иштирокдорони вохӯриро бо санаи муҳими таърихӣ – 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд.
      Таъкид гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар зарфи беш аз сӣ сол барои пешрафту ободии ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Сангвор корҳои назарраси бунёдкориву созандагӣ амалӣ карда шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки дар ноҳияи Сангвор сохтмони 80 бинову иншоот пешбинӣ гардида, то ба имрӯз корҳо дар 30 иншоот ба анҷом расидааст.
       Дар суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии давлатии ноҳия андешаронӣ карда, зикр намуданд, ки барои таъмини рушди ноҳияи Сангвор ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1,1 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Дар ин давра танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба ноҳия 850 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия 220 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо карда шудааст.
      Дар ноҳия барои бунёду барқарорсозии иншооти маорифу тандурустӣ, дастрасии аҳолӣ ба неруи барқ, беҳтар намудани сифати роҳҳо, рушди соҳаи кишоварзӣ ва барқарорсозии инфрасохтори деҳот то ба ҳол 9 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло татбиқи боз 3 лоиҳа идома дорад. Инчунин, дар ин давра ба ноҳия ба маблағи беш аз 150 миллион сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шудааст.