
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сулаймон сокинони ноҳияи Сангворро ба рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, таъкид дошт, ки ҷашни Наврўз сароғози таърихи бостонӣ ва пурғановати мост. Ин иди бостониро ҷашни шукӯҳи табиат ва овони эҳёи он номидаанд.
Бо фаро расидани Наврӯз табиат зинда гардида, гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ пирӯз мегардад.
Тибқи анъанаҳои неки наврўзӣ бо фарорасии фасли баҳор дар ҳар хонадони мардуми Тоҷикистон айёми кишту кор ва дигар корҳои ободонӣ, шинонидани ниҳолу гулбуттаҳо, тоза кардани наҳру ҷўйборҳо, покиза кардану ба тартиб овардани манзили зист, оростани кўчаву хиёбонҳо, сарсабзгардонӣ ва намуди идона бахшидан ба шаҳру деҳот оғоз мегардад.
Бояд таъкид кард, ки Наврӯз ёдгори беназири ниёгони мо буда, далели бузурги ҳастии бостонии ин миллати куҳанбунёд ва исботи равшани ҷаҳонбинии илмии ниёгони мо мебошад. Наврӯз на танҳо ҷашну шодмонӣ, балки муаррифгари таъриху фарҳанги бузурги мо дар сатҳи ҷаҳонист.
Раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат дар ироаи паёми табрикотии худ сокинони ноҳияро муборакбод намуда, зикр дошт, ки миллати бостонӣ, тамаддунофар ва фарҳангпарвари тоҷик, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати созандаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурит Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар радифи ба даст овардани муваффаққиятҳои беназир дар масири бунёди давлати нави тоҷикон, ҳамчунин тавонист, арзишу анъана ва ғановатҳои бостонии хешро низ эҳё намуда, барои ҷаҳониён, ба таври шоиста, муаррифӣ кунад.
Дар ин замина, бояд тазаккур дод, ки маҳз бо иқдоми неки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари миллат дӯст яке аз унсурҳои муҳими таърихиямон- Наврӯзи оламафрӯз, ки аз умқи андешаи шашҳазорсолаи миллӣ сарманшаъ мегирад, расман ҷаҳонӣ гашта, имрӯз аҳли олам аз зуҳури хайру баракати он баҳрабардорӣ намуда истодаанд.
Барои миллати ориёитабори тоҷик мояи шодию ифтихор, сарбаландӣ ва айни замон масъулияти баланд аст, ки ливои Наврӯзро дар даст дорад ва онро ҳамеша бояд баланду парафшон нигоҳ дошт.
Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат, раиси ноҳияи Сангвор таъкид дошт, ки беҳтарин баҳо ва тавсифи Наврӯз, моҳият ва аҳамияти таърихию умумимиллии онро Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дода, дар яке аз суханрониҳояшон зикр месозанд, ки «Наврӯзи бостонӣ сароғози таърихи пурғановати мо буда, ҳамчун суннати пурарзиш ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва тору пуди зиндагии на танҳо мардуми тоҷику форс, балки кулли халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он омезиш ёфтааст".
Сипас, аҳли ҳунар, ҳунармандони саршиноси ҷумҳурӣ ва ноҳия чорабинии фарҳангии идонаро бо рақсу мусиқии зебо ҳусни анҷом бахшиданд.




