- Диданд: 115
Бо ибтикору роҳнамоии Пешвои миллат ва татбиқи сиёсати созандаи давлат, имрӯз дар ноҳияи Сангвор, мисли дигар минтақаҳои кишвар, шароити зиндагӣ тадриҷан беҳтар мешавад. Роҳҳо бунёд ёфтаанд, муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ фаъолият доранд, барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ амалӣ мегарданд. Паёмадҳои нохуб ва оқибатҳои ҷанги таҳмилӣ бартараф карда шудаанд.
Аммо, бо вуҷуди ин ҳама, дар қалби мардум ҳанӯз доғи сиёҳи он рӯзҳои шум боқист. Он рӯзу солҳо танҳо талафоти ҷисмонӣ набуданд, балки захмҳои рӯҳӣ, азоби ҷудоии бародар аз бародар, падар аз фарзанд ва хона аз умед ва ашки ноумеди модар буд. Ҷанг хотима ёфт, аммо хотираи талх ва носози он ҳанӯз ҳам гоҳе хомӯшона, гоҳе ошкорона, мардуми осебдидаро азоб медиҳад.
Мардум имрӯз сулҳро арҷ мегузоранд, барои ободӣ талош мекунанд, чун аз вайронии замони љанги тањмилї сабақ гирифтаанд.
Олимзода Абдулло, муовини раиси ноҳияи Сангвор
- Диданд: 166
Санаи 16.04.2025, дар асоси мактуби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо усули "Мактаб ба Мактаб", бо иштироки муовини раиси ноҳияи Сангвор Бафозода Садорат, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, мудири бахши кор бо занон ва оила, кормандони шубаи маорифи ноҳия ва беморхонаи марказӣ дар муассисаи таълимии рақами 57 деҳаи Сабзихарф бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Ҳангоми вохурӣ масъалаҳо вобаста ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, риояи талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

- Диданд: 192
Тибқи Нақшаи чорабиниҳои муштараки ШВКД дар ноҳияи Сангвор ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сангвор дар толори ШВКД дар ноҳияи Сангвор бо иштироки сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия Раҳимзода Ф., муовини раиси ноҳияи Сангвор Олимзода А., мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сангвор Туйчии Нурмаҳмад бо гурӯҳи ҷавонони Авангар суҳбати озод баргузор гардид.

Саҳифаи 1 аз 2



