Бо ибтикору роҳнамоии Пешвои миллат ва татбиқи сиёсати созандаи давлат, имрӯз дар ноҳияи Сангвор, мисли дигар минтақаҳои кишвар, шароити зиндагӣ тадриҷан беҳтар мешавад. Роҳҳо бунёд ёфтаанд, муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ фаъолият доранд, барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ амалӣ мегарданд. Паёмадҳои нохуб ва оқибатҳои ҷанги таҳмилӣ бартараф карда шудаанд.
Аммо, бо вуҷуди ин ҳама, дар қалби мардум ҳанӯз доғи сиёҳи он рӯзҳои шум боқист. Он рӯзу солҳо танҳо талафоти ҷисмонӣ набуданд, балки захмҳои рӯҳӣ, азоби ҷудоии бародар аз бародар, падар аз фарзанд ва хона аз умед ва ашки ноумеди модар буд. Ҷанг хотима ёфт, аммо хотираи талх ва носози он ҳанӯз ҳам гоҳе хомӯшона, гоҳе ошкорона, мардуми осебдидаро азоб медиҳад.
Мардум имрӯз сулҳро арҷ мегузоранд, барои ободӣ талош мекунанд, чун аз вайронии замони љанги тањмилї сабақ гирифтаанд.
Олимзода Абдулло, муовини раиси ноҳияи Сангвор