ҲАЗРАТИ БУРХИ САРМАСТИ ВАЛӢ

     Маълумотро дар бораи волидайн ва наздикони бузургвор мо аз дастхате, ки дар соли 1997 аз Неъмат Абдуллоев, сокини деҳаи Найгуфи ноҳияи Тавилдара дастрас карда будем, ҷамъ овардаем. Дастхати мазкур дар ибтидои солҳои 1980 аз тарафи собиқ сокини деҳаи Боршид мулло Умар, ки дар ноҳияи Бохтар зиндагӣ мекард, ба Абдуллоев Суннат ва Алиев Назар супорида шуд.

 

 

 

 

 

        Баъд аз баррасии санади мазкур аз тарафи олимони Инситути шарқшиносӣ ва меросӣ хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла олими шинохта Амрияздон Алимардонов маълум гардид, ки дастхат дар охири асри XIX аз рӯйи дастхати қадимтар бо хатти настаълиқи тунд нусхабардорӣ шудааст.

Дастхат аз 63 саҳифа иборат буда, дар он дар бораи падару модар, бародару хоҳар ва ба Кӯҳистон омадани бузургвор маълумот дода мешавад. Дар дастхат якчанд қиссаи дигар дар бораи Ҳазрати Бурх низ омадааст. Дар саҳифаҳои 58-61 -уми дастхат номи 36 мутаввалии оромгоҳи бузургвор қайд гардидааст. Дар бораи чунин дастхат ҳанӯз дар солҳои 30-юми асри гузашта олими рус Н.А. Кисляков маълумот дода буд. Н.А. Кисляков таъкид карда буд, ки дар дастхат номи 14 муттавалӣ зикр ёфтааст.

 

 

 

 

           Дар дастхати дар ихтиёри мо буда номи 36 муттавалӣ зикр ёфтааст ва агар аз рӯи ҳисоби Н.А. Кисляков давраи иҷрои вазифаи мутаввалиро 25-30 сол тахмин кунем, пас таърихи бунёд ёфтани мақбараи Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ бештар аз 1000 солро дар бар мегирад. Н.А.Кисляков хулосаи тадқиқотҳои худро дар бораи шахсияти Ҳазрати Бурх ва гузаштаи таърихии мазори вай дар мақолаи худ — «Бурх-горный козел» дар соли 1934 дар маҷаллаи «Советская этнография» ба чоп расонида буд. Баъд аз таҳлили маълумотҳои ба дастоварда дар бораи Ҳазрати Бурх Н.А.Кисляков қайд менамояд, ки дар ривоятҳо ва нақлҳо дар бораи ин бузургвор чандин маротиба нахчир ёдовар мешавад: бо амри Бурх нахчир худро ба бинокорони мақбара барои забҳ кардан таслим менамояд; дар ҷое, ки хуни нахчир рехтааст чашма фаввора мезанад; хоки чашма мӯъҷизанок буда, бо номи «хоки Бурх» ёд мешавад; қабри авлиё бо бӯрёи аз пашми буз бофташуда пӯшонида шудааст ва гайра. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Н.А.Кисляков ба хулоса меояд, ки симои Бурхи Валӣ дар натиҷаи тадриҷан тағйир хурдани тасаввурот дар бораи нахчир — тотем — нахуставлод ба вуҷуд омада, пас тасаввурот дар бораи рӯҳи муқаддас -Хоҷаи буз ба вуҷуд омада аст. Ислом бошад, худои дунёи қадимаро муқаддас, авлиё сохта аст. Ин аст моҳияти хулосаи Н.А.Кисляков. Бояд қайд намуд, ки ин нуқтаи назар аз тарафи дигарон дастгирӣ пайдо намуда буд.

 

            қидаи гузаштаи тотемӣ доштани мазори Ҳазрати Бурх ва Хоҷаи Хлозро ҳанӯз дар ибтидои солҳои 70-уми асри гузашта В.Н.Басилов рад намуда буд. В.Н.Басилов барои рад кардани ақидаи Н.А. Кисляков таъкид менамояд, ки иштироки ҳайвонҳо дар ривоятҳо дар бораи авлиёҳо қариб характери анъанавӣ дорад, яъне ин хусусияти хоси мазори Ҳазрати Бурх намебошад. Масалан, дар ноҳияи Конибодом ҷойи муқаддас бо номи Хоҷа Такка Бурд вуҷуд дорад, ки мувофиқи ривоят гӯё авлиёро ба ин макон нахчир овардааст. Далели дуввуме, ки В.Н.Басилов барои рад кардани ақида дар бораи хусусияти тотемӣ доштани Ҳазрати Бурх ва мазораш овардааст, ба фаъолияти ҳунармандии авлиё вобаста мебошад. Чунин пайванд ба дигар авлиёҳо ҳам хос аст. Масалан, дар Хоразм пуштибони ҳунари кулолгарӣ Баховуддини Валӣ мебошад, ки дар қарни XIV зиндагӣ кардааст. В.Н.Басилов қайд менамояд, ки дархотираи мардуми Вахё дар бораи барқарор гардидани парастиши Ҳазрати Бурх ёддоштҳои зиёд вуҷуд доранд. Аз ҷумла, дар ривоятҳо қайд мегардад, ки Бурх ба ин минтақа ҳамчун мусофир омада, ин ҷойро макони худ қарор додааст. «Ҳамин тариқ,-қайд менамояд В.Н.Басилов,- парастиши Бурх дар болооби Оби Мазор тахминро дар бораи он, ки симои авлиё дар асоси аз байн рафтан ва бо мурури замон шаклҳои навро гирифтани ҷаҳонбинии тотемии мардуми маҳаллӣ ба вуҷуд омадааст, тасдиқ намегардад… Ёд шудани ин ҳайвонҳо дар ривоятҳо дар бораи баъзе авлиёҳои мусулмонӣ асос шуда наметавонад, ки тахмин намоем — парастиши ин авлиёҳо бо парастиши тотемии нахчирҳо ва гусфандон алокаманд аст.» Аз дастхати аз деҳаи Найгуф пайдошуда маълум мегардад, ки Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ дар замони Ҳазрати Мусо алайҳиссалом, дар оилаи Ҳазрати Ҳошим Ҷабалӣ, ки яке аз наберагони Шиси Набӣ алайҳиссалом буд, ба дунё омадааст.

Модараш Бибӣ Ҷалилаи Арафотӣ буда, се бародар доштааст: Ҳазрати Турки Абдол, Барқи Абдол ва бародари хурдӣ, ки номи у зикр наёфтааст. Эшон дар Арафот зиндагӣ мекарданд. Падараш Ҳазрати Ҳошим Ҷабалӣ дар Арафот вафот кардааст. Дар дастхат омадааст, ки бародарон аз мардуми диёрашон ранҷиши зиёд мебинанд. Барои ҳамин Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ бо ҳамроҳии бародаронаш ба назди модарашон мераванд ва воқеаро арз карда, аз модарашон хоҳиш мекунанд, ки ҳамроҳи онҳо аз Арафот баромада равад. Бо ҳамин сабаб оилаи Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ тарки ватан мекунад. Аз Арафот онҳо ба Рум мераванд ва аз Рум ба банди Кобул, дар Кобул яке аз бародараш вафот мекунад.

       Аз банди Кобул ба Толиқон мераванд, дар Толиқон бародари хӯрдии вай вафот мекунад. Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ баъд аз дафни бародар бо модари худ ба замини шаҳри Бо мераванд. Қариб 11 сол дар он ҷо мемонанд ва модараш низ вафот мекунад. Баъди аз ин чанд муддате он ҷо мемонад. Рӯзе модарашро дар хоб мебинад, ки ба ӯ хитоб мекунад: «Туро рухсат кардам, ҳар куҷо, ки хоҳӣ, бирав». Баъд он ҷойро тарк карда, ба замини Боршиди водии Вахё меояд. То он рӯзе, ки Бобои Ҳоҷӣ ӯро ошкор кард, чил сол дар таги дарахти чибарғ ба зикри Ҳақ машғул будааст. Вақте ки Бобои Хоҷӣ ӯро меёбад, бузургвор ба вай мегӯяд: «маро рухсат ба ту буд, ки ошкор кунӣ ва акнун бояд биравӣ ва аз нишонсанги Хлоз то сарҳади Бохтаку Боршид ҳамаро ҷамъ оварӣ, то марқади маро обод кунанд…» Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ байни халқҳои Осиёи Миёна ва берун аз он шӯҳрату шаҳомати зиёде дошта, дар байни мардум то имрӯз дар бораи ӯ хотираҳои зиёд боқӣ мондааст.{....}

 

 

 

         Ноҳияи Сангвор 5984 км2 буда, дар қисмати шимолу шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Ноҳия аз тарафи шимол бо ноҳияи Нуробод, шимолу шарқ бо ноҳияи Рашт, ҷанубу шарқ бо ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз ва указ тарафи ҷануб бо ноҳияҳои Ховалинг ва балҷувон ҳасарҳад мебошад. Ноҳия ба ҳайати ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дохил мешавад. Маркази ноҳия аз пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе дар масофаи 205 км дур воқеъ гаштааст. Ноҳияи Сангвор аз 5 ҷамоати деҳот ва 90 деҳа иборат мебошад. Ҷамоатҳои ноҳияи Сангвор: Тавилдара, Чилдара, Вахиё, Сангвор ва Ваҳдат.

 

 

       Маълумоти таърихӣ ва фарҳангӣ. 22-24 декабри соли 1930 дар конференсияи якуми ҳизби округи Ғарм ноҳияи Сангвор (собиқ ноҳияи Тавилдара) дар ҳайати округи Ғарм ташкил карда шуд. Моҳи феврали соли 1931 деҳаи Тавилдара ҳамчун маркази маъмурии ноҳия таъсис ёфта, соли 1955 ноҳия барҳам дода шудааст.

   Ноҳияи Тавилдара (ҳоло Сангвор) бори дуюм 23 феврали соли 1991 аз нав ташкил шудааст. Аз соли 2016 инҷониб ноҳияи Сангвор номгузори гардидааст. Дар ноҳия ёдгории таърихии мазори Ҳазрати Бурхи Валӣ, ки таърихи зиёда аз 3-5 ҳазорсола дорад ва манзараи зебои фароғатии Ҳавзи Кабуд ва даҳҳо ё дгориҳои таърихию фарҳангӣ, ки симои ноҳияро дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ ва берун аз он номдор кардаанд, ҷойгир мебошанд.

   

 

 

        Маълумоти ҷуғрофии  ноҳия. Сангвор дар води руди Хингоб аз сарҳади ноҳияи Нуробод аз ғарб то қисмати  шарқии (мазори Ҳазрати Бурхи Валӣ) ба масофаи 205 км тӯл кашидааст. Ноҳияро дар қисматҳои марказӣ ағбаҳои Полезаку Харсанг ва дар ҷанубу шарқӣ ағбаи Хобурубот аз ноҳияҳои Ховалингу Дарвоз ҷудо намудаанд. Аз ҳудуди ноҳия дарёи Хингоб мегузарад, ки он ба масофаи 250 км тӯл кашида, аз ин дарё дар мавсими тобистон дар як сония 750-800 м3 об ҷорӣ шуда, ба дарёи Вахш пайваст мешавад. Ноҳия аз сатҳи баҳр дар баландии 1600 то 3000 метр ҷойгир буда, иқлимаш муътадил, тобистонаш  салқин ва замистонаш хунук аст. Давомнокии давраи гармо дар ноҳия 125-215 рӯзро ташкил медиҳад. Ҳарорати миёнаи шабонарӯзии ҳаво дар фасли тобистон +18 +25С0 ва зимистон аз +5 то -18С0 ташкил медиҳад. Дар баландиҳои бештар аз 3000 метр ҳаво то -30-35С0хунук мешавад. Миқдори боришот солона ба ҳисоби миёна 600-900 мм-ро ташкил медиҳад. Дар қаламрави ноҳия ҳайвонҳои ваҳшӣ: хирс, гург, хуки ёбоӣ, силовсин, рӯбоҳ, нахчир ва ғайра ба таври фаровон зиндагӣ доранд. Дар ноҳия қариб ҳамаи дарахтони зинатбахшу  мевадор (себ, нок, олу, чормағз, олуча, зардолу, шафтолу, тут, гелос, ангур, бодом) растаниҳои даштӣ ва бешагӣ мерӯянд.Табиат ва иқлими ноҳия барои занбуриасалпарварӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, картошкапарварӣ ва сайёҳию куҳнавардӣ хеле мувофиқ мебошад. Ноҳия дорои захираҳои бои табиӣ ва гидроэнергетикӣ мебошад.

 

 

  

 


 

 

 

   

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Сайёҳӣ. Ноҳияи Сангвор дорои шарпоити мусоиди рушди соҳаи сайёҳи ба шумор меравад. Иқлим, табиат, ҳайвонот ва наботот, ҳавои тозаи кӯҳсор, чашмаҳои шаффоф, мардуми ҳунарманду меҳмоннавоз, ки дар ноҳия мавҷуд мебошанд, барои ташкили осоишгоҳҳои табобатӣ, экотуризми сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мувофиқ мебошад. Мушкилоти пешгирандаи рушди соҳаи мазкур пеш аз ҳама дар ҳолати ногувор қарор доштани роҳи автомобилгарди Лабиҷар-Сангвор, суст будани инфрасохтори сайёҳӣ, маишӣ ва фарҳангию фароғатӣ(меҳмонхона, осоишгоҳҳо, мавзеъҳои сайёҳӣ, марказҳои фарҳангӣ, муассисаҳои хӯроки умумӣ, мағозаҳо ва бозорҳо), кам будани мутахассисони соҳавӣ ба шумор меравад. Лозим меояд, ки фаъолнокии соҳибкорон оиди ташкили муассисаҳои номбурда, агентиҳо оид ба ташкил ва истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасонии туристӣ вусъат дода шавад. Ояндаи ноҳияи Сангвор ва рушди он ба туризм вобастагии зич дорад. Ман бо камоли  боварӣ изҳор менамоям, ки аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, ноҳияро бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаи хеле муҳими сайёҳи (туристӣ) табдил медиҳем.