«Ғояи истиқлолият ҳамчун яке аз рукнҳои бунёдии озодии инсон дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти миллии мо будааст.»

Эмомалӣ Раҳмон

Суд ва истиқлолият ду мафҳумест, ки бо ҳам зич алоқаманданд ва яке бе дигаре маънои пурра намегирад. Истиқлоли давлатӣ на танҳо соҳиб шудани як кишвар ба сарзамин ва ҳукуматдории худ аст, балки маънои доштани низоми мустақили қонунгузорӣ ва адолатро низ дар бар мегирад. Агар давлат истиқлол дошта бошад, вале суди он аз фишорҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ё шахсӣ озод набошад, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон зери хатар мемонад.

Дар тӯли таърихи 34 соли Истиқлоли Тоҷикистон, низоми судӣ марҳилаҳои гуногунро аз сар гузаронд. Дар солҳои аввали истиқлол, вақте ки кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор буд, судҳо бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуданд: набудани мутахассисони кофӣ, аз байн рафтани пойгоҳи моддӣ ва мушкили иҷрои қарорҳои судӣ. Баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва барқарор шудани субот, зарурати ислоҳоти судӣ бештар эҳсос гардид.

Ислоҳоти судӣ дар давраи истиқлол асосан ба мустаҳкам кардани пойгоҳи ҳуқуқии фаъолияти судҳо, баланд бардоштани касбии судяҳо ва беҳтар кардани шароити кор равона шуд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994, ки принсипи мустақилияти судҳоро эътироф кард, як қадами муҳим дар ин самт буд. Ҳамзамон, қонунҳои марбут ба низоми судӣ ва мурофиаи судӣ борҳо такмил дода шуданд.

Бо вуҷуди ин, масъалаи асосӣ ҳамеша дар он аст, ки оё суд дар амал воқеан мустақил аст ё на. Мустақилияти суд танҳо дар қонун кофӣ нест, он бояд дар ҳаёти воқеӣ таъмин гардад. Ин маънои онро дорад, ки судяҳо бояд бе тарс ва фишор қарор қабул кунанд, шаҳрвандон бояд итминон дошта бошанд, ки ҳаққи онҳо дар суд ҳимоя мешавад, ва ҳеҷ як мақоми дигар ҳақ надорад ба раванди судӣ дахолат кунад.

Дар шароити истиқлоли миллӣ, суд бояд на воситаи тасдиқи қарорҳои ҳукумат, балки ҳомии қонун ва адолат бошад. Танҳо дар ин ҳолат истиқлол пурра маъно пайдо мекунад, зеро давлате, ки адолат дар он ҳукмфармо нест, наметавонад худро воқеан озод ва соҳибихтиёр бидонад.

Барои таҳкими истиқлолияти воқеӣ дар Тоҷикистон, такмили низоми судӣ вазифаи аввалиндараҷа аст. Ин ислоҳот бояд аз интихоби шаффоф ва сазовори судяҳо, таъмини маоши муносиб ва кафолати амнияти онҳо оғоз шавад. Илова бар ин, сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бояд баланд бурда шавад, то онҳо аз ҳуқуқҳои худ огоҳ бошанд ва битавонанд онҳоро тавассути суд ҳимоя кунанд.

Ҳамин тавр, суд ва Истиқлол якҷо пойдор мешаванд. Агар суд мустақил бошад, истиқлол маънои воқеӣ пайдо мекунад; агар суд зери фишор бошад, истиқлолият танҳо як шиор мемонад. Ҳадафи асосӣ он аст, ки дар Тоҷикистон адолат ҳамчун пояи асосии истиқлол ҳифз ва тақвият ёбад.

Салимзода М.Д., раиси Суди ноҳияи Сангвор