- Диданд: 251
Тибқи нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, ки аз ҷониби Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардида буд, ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 20.06.2023 дар ноҳияи Сангвор дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид. Дар кори Шӯро аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва панҷ ноҳияи минтақаи Рашт (Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш) ширкат варзида, дар мавзӯи “Нақши занону бонувон дар ташкили ҳаёти сиёсию ҷамъиятии Тоҷикистон” андешаронӣ намуданд.
Аз ҷумла, дар ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсиятҳои зерин: Азиззода Шуҳрат – мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадизода Нозим – котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятӣ,Ғаффорзода Нигорахон – муовини якуми Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,Чоршанбезода Сураҷ – муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, Олимзода Абдулло Назрӣ – муовини раиси ноҳияи Сангвор, Муродов Бахтиёр – муовини раиси ноҳияи Рашт, Додарзода Оятулло – муовини раиси ноҳияи Нуробод, Мансурзода Қодирҷон – муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод, Шербекзода Шоҳимардон – муовини раиси ноҳияи Лахш ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш иштирок намуданд.
Аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мизи мудаввар тӯли 2 соат баромад намуда, андешаҳои худро оиди мавзӯи пешниҳодшудаю матраҳшуда иброз намуданд. Ҳамзамон баъди маърӯзаҳо аъзоёни Шӯрои ҷамъияти Тоҷикистон аз панҷ ноҳияи минтақа Рашта ба муҳокимаронӣ гузашта андешаю пешниҳодҳои худро ба аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳтару хубтар гаштани ҷаласаҳои минбаъда пешниҳод намуданд.
Ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон корашро дар ноҳияи Сангвор дар рӯҳияи ватандорию хештаншиносӣ ва мақому нақши зан дар ташкили ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ соати 12: 00 ба анҷом расонид.
- Диданд: 1169
ҲАЗРАТИ БУРХИ САРМАСТИ ВАЛӢ
Маълумотро дар бораи волидайн ва наздикони бузургвор мо аз дастхате, ки дар соли 1997 аз Неъмат Абдуллоев, сокини деҳаи Найгуфи ноҳияи Тавилдара дастрас карда будем, ҷамъ овардаем. Дастхати мазкур дар ибтидои солҳои 1980 аз тарафи собиқ сокини деҳаи Боршид мулло Умар, ки дар ноҳияи Бохтар зиндагӣ мекард, ба Абдуллоев Суннат ва Алиев Назар супорида шуд.
Баъд аз баррасии санади мазкур аз тарафи олимони Инситути шарқшиносӣ ва меросӣ хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла олими шинохта Амрияздон Алимардонов маълум гардид, ки дастхат дар охири асри XIX аз рӯйи дастхати қадимтар бо хатти настаълиқи тунд нусхабардорӣ шудааст.
Дастхат аз 63 саҳифа иборат буда, дар он дар бораи падару модар, бародару хоҳар ва ба Кӯҳистон омадани бузургвор маълумот дода мешавад. Дар дастхат якчанд қиссаи дигар дар бораи Ҳазрати Бурх низ омадааст. Дар саҳифаҳои 58-61 -уми дастхат номи 36 мутаввалии оромгоҳи бузургвор қайд гардидааст. Дар бораи чунин дастхат ҳанӯз дар солҳои 30-юми асри гузашта олими рус Н.А. Кисляков маълумот дода буд. Н.А. Кисляков таъкид карда буд, ки дар дастхат номи 14 муттавалӣ зикр ёфтааст.
Дар дастхати дар ихтиёри мо буда номи 36 муттавалӣ зикр ёфтааст ва агар аз рӯи ҳисоби Н.А. Кисляков давраи иҷрои вазифаи мутаввалиро 25-30 сол тахмин кунем, пас таърихи бунёд ёфтани мақбараи Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ бештар аз 1000 солро дар бар мегирад. Н.А.Кисляков хулосаи тадқиқотҳои худро дар бораи шахсияти Ҳазрати Бурх ва гузаштаи таърихии мазори вай дар мақолаи худ — «Бурх-горный козел» дар соли 1934 дар маҷаллаи «Советская этнография» ба чоп расонида буд. Баъд аз таҳлили маълумотҳои ба дастоварда дар бораи Ҳазрати Бурх Н.А.Кисляков қайд менамояд, ки дар ривоятҳо ва нақлҳо дар бораи ин бузургвор чандин маротиба нахчир ёдовар мешавад: бо амри Бурх нахчир худро ба бинокорони мақбара барои забҳ кардан таслим менамояд; дар ҷое, ки хуни нахчир рехтааст чашма фаввора мезанад; хоки чашма мӯъҷизанок буда, бо номи «хоки Бурх» ёд мешавад; қабри авлиё бо бӯрёи аз пашми буз бофташуда пӯшонида шудааст ва гайра. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Н.А.Кисляков ба хулоса меояд, ки симои Бурхи Валӣ дар натиҷаи тадриҷан тағйир хурдани тасаввурот дар бораи нахчир — тотем — нахуставлод ба вуҷуд омада, пас тасаввурот дар бораи рӯҳи муқаддас -Хоҷаи буз ба вуҷуд омада аст. Ислом бошад, худои дунёи қадимаро муқаддас, авлиё сохта аст. Ин аст моҳияти хулосаи Н.А.Кисляков. Бояд қайд намуд, ки ин нуқтаи назар аз тарафи дигарон дастгирӣ пайдо намуда буд.
қидаи гузаштаи тотемӣ доштани мазори Ҳазрати Бурх ва Хоҷаи Хлозро ҳанӯз дар ибтидои солҳои 70-уми асри гузашта В.Н.Басилов рад намуда буд. В.Н.Басилов барои рад кардани ақидаи Н.А. Кисляков таъкид менамояд, ки иштироки ҳайвонҳо дар ривоятҳо дар бораи авлиёҳо қариб характери анъанавӣ дорад, яъне ин хусусияти хоси мазори Ҳазрати Бурх намебошад. Масалан, дар ноҳияи Конибодом ҷойи муқаддас бо номи Хоҷа Такка Бурд вуҷуд дорад, ки мувофиқи ривоят гӯё авлиёро ба ин макон нахчир овардааст. Далели дуввуме, ки В.Н.Басилов барои рад кардани ақида дар бораи хусусияти тотемӣ доштани Ҳазрати Бурх ва мазораш овардааст, ба фаъолияти ҳунармандии авлиё вобаста мебошад. Чунин пайванд ба дигар авлиёҳо ҳам хос аст. Масалан, дар Хоразм пуштибони ҳунари кулолгарӣ Баховуддини Валӣ мебошад, ки дар қарни XIV зиндагӣ кардааст. В.Н.Басилов қайд менамояд, ки дархотираи мардуми Вахё дар бораи барқарор гардидани парастиши Ҳазрати Бурх ёддоштҳои зиёд вуҷуд доранд. Аз ҷумла, дар ривоятҳо қайд мегардад, ки Бурх ба ин минтақа ҳамчун мусофир омада, ин ҷойро макони худ қарор додааст. «Ҳамин тариқ,-қайд менамояд В.Н.Басилов,- парастиши Бурх дар болооби Оби Мазор тахминро дар бораи он, ки симои авлиё дар асоси аз байн рафтан ва бо мурури замон шаклҳои навро гирифтани ҷаҳонбинии тотемии мардуми маҳаллӣ ба вуҷуд омадааст, тасдиқ намегардад… Ёд шудани ин ҳайвонҳо дар ривоятҳо дар бораи баъзе авлиёҳои мусулмонӣ асос шуда наметавонад, ки тахмин намоем — парастиши ин авлиёҳо бо парастиши тотемии нахчирҳо ва гусфандон алокаманд аст.» Аз дастхати аз деҳаи Найгуф пайдошуда маълум мегардад, ки Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ дар замони Ҳазрати Мусо алайҳиссалом, дар оилаи Ҳазрати Ҳошим Ҷабалӣ, ки яке аз наберагони Шиси Набӣ алайҳиссалом буд, ба дунё омадааст.
Модараш Бибӣ Ҷалилаи Арафотӣ буда, се бародар доштааст: Ҳазрати Турки Абдол, Барқи Абдол ва бародари хурдӣ, ки номи у зикр наёфтааст. Эшон дар Арафот зиндагӣ мекарданд. Падараш Ҳазрати Ҳошим Ҷабалӣ дар Арафот вафот кардааст. Дар дастхат омадааст, ки бародарон аз мардуми диёрашон ранҷиши зиёд мебинанд. Барои ҳамин Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ бо ҳамроҳии бародаронаш ба назди модарашон мераванд ва воқеаро арз карда, аз модарашон хоҳиш мекунанд, ки ҳамроҳи онҳо аз Арафот баромада равад. Бо ҳамин сабаб оилаи Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ тарки ватан мекунад. Аз Арафот онҳо ба Рум мераванд ва аз Рум ба банди Кобул, дар Кобул яке аз бародараш вафот мекунад.
Аз банди Кобул ба Толиқон мераванд, дар Толиқон бародари хӯрдии вай вафот мекунад. Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ баъд аз дафни бародар бо модари худ ба замини шаҳри Бо мераванд. Қариб 11 сол дар он ҷо мемонанд ва модараш низ вафот мекунад. Баъди аз ин чанд муддате он ҷо мемонад. Рӯзе модарашро дар хоб мебинад, ки ба ӯ хитоб мекунад: «Туро рухсат кардам, ҳар куҷо, ки хоҳӣ, бирав». Баъд он ҷойро тарк карда, ба замини Боршиди водии Вахё меояд. То он рӯзе, ки Бобои Ҳоҷӣ ӯро ошкор кард, чил сол дар таги дарахти чибарғ ба зикри Ҳақ машғул будааст. Вақте ки Бобои Хоҷӣ ӯро меёбад, бузургвор ба вай мегӯяд: «маро рухсат ба ту буд, ки ошкор кунӣ ва акнун бояд биравӣ ва аз нишонсанги Хлоз то сарҳади Бохтаку Боршид ҳамаро ҷамъ оварӣ, то марқади маро обод кунанд…» Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ байни халқҳои Осиёи Миёна ва берун аз он шӯҳрату шаҳомати зиёде дошта, дар байни мардум то имрӯз дар бораи ӯ хотираҳои зиёд боқӣ мондааст.{....}
- Диданд: 1099
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон солҳои 2019-2021-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуд, ки шароити мусоиди табӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад. Сарзамини Тоҷикистон табиати бою нотакрор дошта, чашмаҳои шифобахш, мавзеҳои дилпазираш бахше аз сарватҳои бебаҳо мебошанд. Оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №80 «Дар бораи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» бо қарори раиси ноҳия аз 14 марти соли 2018, №78 «Барномаи ноҳиявии рушди сайёҳи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» тасдиқ гардидааст.
Инчунин вобаста ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо амри раиси ноҳия аз 30 январи соли 2018, №19 нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ таҳия ва тасдиқ гардидааст. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ мо фестивали маҳсулоти ҳунармандӣ ва таомҳои миллӣ дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот баргузор намудем, ки ин мақбули мардум буд. Ба ғайр аз ин дар ҳама чорабиниҳои ноҳиявӣ ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ намоиш дода мешавад. Маводҳои нави иттилоотӣ-сайёҳии ноҳия аз қабили наворҳои видёои, диск, буклет ва роҳнамои барои сайёҳон ва дигар маводҳои тарғиботи таҳия гардидааст.
Дар даромадгоҳи ноҳия ва назди ҳамаи деҳаҳо насби рекламаҳо ва ишораҳои сарироҳӣ ба роҳ монда шудааст. Сомонаи интернетии ноҳиявӣ таъсис дода шуда дар сомона маводҳои сайёҳӣ гузошта шудаанд. Масъулин вазифадор гардидаанд, ки дар меҳмонхонаҳо ва меҳмонхонаҳои хурди сайёҳӣ (хостелҳо)–и сарироҳӣ гӯшаи намоиши ҳунарҳои мардумиро ба роҳ монанд. Дар ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 102 иншоотҳои хурду бузург сохта ба истифода дода мешавад. Дар шафати роҳи мошингарди Лаби Ҷар – Тавилдара - Миёнаду зиёда аз 50 ҷойҳои дамгирӣ ва пайкараҳои ҳайвоноту паррандаҳои нодир, ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ сохта ба истифода дода шудаанд.
Ҳоло дар ҳудуди ноҳия нуҳ меҳмонхонаҳо, ки аз ин панҷтояш дар маркази ноҳия ва қад –қади роҳи мошингарди ҳудуди ноҳия зиёда аз 20 адад ҳуҷраҳо барои сайёҳон дар хонаҳои хусусӣ мавҷуд аст. Ба ифтихори 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳар як деҳу маҳалли аҳолинишини ноҳия, аз ҷумла бунёди маркази саломатӣ бо таваллудхона, боғчаи кӯдакон, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, сехи дӯзандагӣ, коргоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, дигар корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмири роҳҳои дохилӣ ва майдончахои варзишӣ ба накша гирифта шудааст. Масоҳати умумии ноҳияи Сангвор 5984 км2 буда, дар қисмати шимолу шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Ноҳия аз тарафи шимол бо ноҳияи Нуробод, шимолу шарқ бо ноҳияи Рашт, ҷанубу шарқ бо ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз ва аз тарафи ҷануб бо ноҳияҳои ховалинг ва Балҷувон ҳамсарҳад мебошад. Ноҳия ба ҳайати ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дохил мешавад.
Маркази ноҳия аз пойтахти ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе дар масофаи 205 км дур воқеъ гаштааст. Ноҳияи Сангвор аз 5 ҷамоати деҳот ва 86 деҳа иборат мебошад. Ҷамоатҳои ноҳияи Сангвор: Тавилдара, Чилдара, Вахиё, Сангвор ва Ваҳдат. Дар ноҳия ёдгории таърихии мазори Ҳазрати Бурхи Валӣ, ки таърихи зиёда аз 3-5 ҳазорсола дорад ва манзараи зебои фароғатии Ҳавзи Кабуд ва даҳҳо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ки симои ноҳияро дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ ва берун аз он номдор кардаанд, ҷойгир мебошанд. Сангвор дар води руди Хингоб аз сарҳади ноҳияи Нуробод аз ғарб то қисмати шарқии (мазори Ҳазрати Бурхи Валӣ) ба масофаи 205 км тӯл кашидааст.
Ноҳияро дар қисматҳои марказӣ ағбаҳои Полезаку Харсанг ва дар ҷанубу шарқӣ ағбаи Хобурубот аз ноҳияҳои Ховалингу Дарвоз ҷудо намудаанд. Аз ҳудуди ноҳия дарёи Хингоб мегузарад, ки он ба масофаи 250 км тӯл кашида, аз ин дарё дар мавсими тобистон дар як сония 750-800 м3 об ҷорӣ шуда, ба дарёи Вахш пайваст мешавад. Ноҳия аз сатҳи баҳр дар баландии 1600 то 3000 метр ҷойгир буда, иқлимаш муътадил, тобистонаш салқин ва замистонаш хунук аст. Давомнокии давраи гармо дар ноҳия 125-215 рӯзро ташкил медиҳад. Ҳарорати миёнаи шабонарӯзии ҳаво дар фасли тобистон +18 +25С0 ва зимистон аз +5 то -18С0 ташкил медиҳад. Дар баландиҳои бештар аз 3000 метр ҳаво то -30-35С0 хунук мешавад. Миқдори боришот солона ба ҳисоби миёна 600-900 мм-ро ташкил медиҳад. Дар қаламрави ноҳия ҳайвонҳои ваҳшӣ: хирс, гург, хуки ёбоӣ, силовсин, рӯбоҳ, нахчир ва ғайра ба таври фаровон зиндагӣ доранд. Барои рушди хоҷагии шикор ва парвариши бузи кӯҳии нахчир ба ҶДММ «Помир Пикс» аз ҳисоби заминҳои захираи давлатии ноҳия, ба миқдори 17 ҳазору 126 гектар замин ҷудо карда дода шудааст, ки ҳамасола саёҳони зиёд барои тамошо ва шикори бузи кӯҳи ба ноҳия ташриф меоранд.
Дар ноҳия қариб ҳамаи дарахтони зинатбахшу мевадор (себ, нок, олу, чормағз, олуча, зардолу, шафтолу, тут, гелос, ангур, бодом) растаниҳои даштӣ ва бешагӣ мерӯянд. Табиат ва иқлими ноҳия барои занбуриасалпарварӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, картошкапарварӣ ва сайёҳию куҳнавардӣ хеле мувофиқ мебошад. Ноҳия дорои захираҳои бои табиӣ ва гидроэнергетикӣ мебошад. Ноҳияи Сангвор дорои шароити мусоиди рушди соҳаи сайёҳӣ ба шумор меравад. Иқлим, табиат, ҳайвонот ва наботот, ҳавои тозаи кӯҳсор, чашмаҳои шаффоф, мардуми ҳунарманду меҳмоннавоз, ки дар ноҳия мавҷуд мебошанд, барои ташкили осоишгоҳҳои табобатӣ, экотуризми сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мувофиқ мебошад. Лозим меояд, ки фаъолнокии соҳибкорон оиди ташкили муассисаҳои номбурда, агентиҳо оид ба ташкил ва истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасонии туристӣ вусъат дода шавад.
Ояндаи ноҳияи Сангвор ва рушди он ба туризм вобастагии зич дорад. Дар соли 2019 ба ноҳияи мо 4978 нафар сайёҳон, аз ҷумла 1391 нафар сайёҳони хориҷӣ ва 3578 нафар сайёҳону меҳмонони дохилӣ ташриф овардаанд, ки нисбат ба соли 2018 762 нафар зиёд мебошад. Бо камоли боварӣ изҳор менамоям, ки аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, ноҳияро бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаи хеле муҳими сайёҳӣ (туристӣ) табдил медиҳем.
Саҳифаи 1 аз 2