ҲАЗРАТИ БУРХИ САРМАСТИ ВАЛӢ
Маълумотро дар бораи волидайн ва наздикони бузургвор мо аз дастхате, ки дар соли 1997 аз Неъмат Абдуллоев, сокини деҳаи Найгуфи ноҳияи Тавилдара дастрас карда будем, ҷамъ овардаем. Дастхати мазкур дар ибтидои солҳои 1980 аз тарафи собиқ сокини деҳаи Боршид мулло Умар, ки дар ноҳияи Бохтар зиндагӣ мекард, ба Абдуллоев Суннат ва Алиев Назар супорида шуд.
Баъд аз баррасии санади мазкур аз тарафи олимони Инситути шарқшиносӣ ва меросӣ хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла олими шинохта Амрияздон Алимардонов маълум гардид, ки дастхат дар охири асри XIX аз рӯйи дастхати қадимтар бо хатти настаълиқи тунд нусхабардорӣ шудааст.
Дастхат аз 63 саҳифа иборат буда, дар он дар бораи падару модар, бародару хоҳар ва ба Кӯҳистон омадани бузургвор маълумот дода мешавад. Дар дастхат якчанд қиссаи дигар дар бораи Ҳазрати Бурх низ омадааст. Дар саҳифаҳои 58-61 -уми дастхат номи 36 мутаввалии оромгоҳи бузургвор қайд гардидааст. Дар бораи чунин дастхат ҳанӯз дар солҳои 30-юми асри гузашта олими рус Н.А. Кисляков маълумот дода буд. Н.А. Кисляков таъкид карда буд, ки дар дастхат номи 14 муттавалӣ зикр ёфтааст.
Дар дастхати дар ихтиёри мо буда номи 36 муттавалӣ зикр ёфтааст ва агар аз рӯи ҳисоби Н.А. Кисляков давраи иҷрои вазифаи мутаввалиро 25-30 сол тахмин кунем, пас таърихи бунёд ёфтани мақбараи Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ бештар аз 1000 солро дар бар мегирад. Н.А.Кисляков хулосаи тадқиқотҳои худро дар бораи шахсияти Ҳазрати Бурх ва гузаштаи таърихии мазори вай дар мақолаи худ — «Бурх-горный козел» дар соли 1934 дар маҷаллаи «Советская этнография» ба чоп расонида буд. Баъд аз таҳлили маълумотҳои ба дастоварда дар бораи Ҳазрати Бурх Н.А.Кисляков қайд менамояд, ки дар ривоятҳо ва нақлҳо дар бораи ин бузургвор чандин маротиба нахчир ёдовар мешавад: бо амри Бурх нахчир худро ба бинокорони мақбара барои забҳ кардан таслим менамояд; дар ҷое, ки хуни нахчир рехтааст чашма фаввора мезанад; хоки чашма мӯъҷизанок буда, бо номи «хоки Бурх» ёд мешавад; қабри авлиё бо бӯрёи аз пашми буз бофташуда пӯшонида шудааст ва гайра. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Н.А.Кисляков ба хулоса меояд, ки симои Бурхи Валӣ дар натиҷаи тадриҷан тағйир хурдани тасаввурот дар бораи нахчир — тотем — нахуставлод ба вуҷуд омада, пас тасаввурот дар бораи рӯҳи муқаддас -Хоҷаи буз ба вуҷуд омада аст. Ислом бошад, худои дунёи қадимаро муқаддас, авлиё сохта аст. Ин аст моҳияти хулосаи Н.А.Кисляков. Бояд қайд намуд, ки ин нуқтаи назар аз тарафи дигарон дастгирӣ пайдо намуда буд.
қидаи гузаштаи тотемӣ доштани мазори Ҳазрати Бурх ва Хоҷаи Хлозро ҳанӯз дар ибтидои солҳои 70-уми асри гузашта В.Н.Басилов рад намуда буд. В.Н.Басилов барои рад кардани ақидаи Н.А. Кисляков таъкид менамояд, ки иштироки ҳайвонҳо дар ривоятҳо дар бораи авлиёҳо қариб характери анъанавӣ дорад, яъне ин хусусияти хоси мазори Ҳазрати Бурх намебошад. Масалан, дар ноҳияи Конибодом ҷойи муқаддас бо номи Хоҷа Такка Бурд вуҷуд дорад, ки мувофиқи ривоят гӯё авлиёро ба ин макон нахчир овардааст. Далели дуввуме, ки В.Н.Басилов барои рад кардани ақида дар бораи хусусияти тотемӣ доштани Ҳазрати Бурх ва мазораш овардааст, ба фаъолияти ҳунармандии авлиё вобаста мебошад. Чунин пайванд ба дигар авлиёҳо ҳам хос аст. Масалан, дар Хоразм пуштибони ҳунари кулолгарӣ Баховуддини Валӣ мебошад, ки дар қарни XIV зиндагӣ кардааст. В.Н.Басилов қайд менамояд, ки дархотираи мардуми Вахё дар бораи барқарор гардидани парастиши Ҳазрати Бурх ёддоштҳои зиёд вуҷуд доранд. Аз ҷумла, дар ривоятҳо қайд мегардад, ки Бурх ба ин минтақа ҳамчун мусофир омада, ин ҷойро макони худ қарор додааст. «Ҳамин тариқ,-қайд менамояд В.Н.Басилов,- парастиши Бурх дар болооби Оби Мазор тахминро дар бораи он, ки симои авлиё дар асоси аз байн рафтан ва бо мурури замон шаклҳои навро гирифтани ҷаҳонбинии тотемии мардуми маҳаллӣ ба вуҷуд омадааст, тасдиқ намегардад… Ёд шудани ин ҳайвонҳо дар ривоятҳо дар бораи баъзе авлиёҳои мусулмонӣ асос шуда наметавонад, ки тахмин намоем — парастиши ин авлиёҳо бо парастиши тотемии нахчирҳо ва гусфандон алокаманд аст.» Аз дастхати аз деҳаи Найгуф пайдошуда маълум мегардад, ки Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ дар замони Ҳазрати Мусо алайҳиссалом, дар оилаи Ҳазрати Ҳошим Ҷабалӣ, ки яке аз наберагони Шиси Набӣ алайҳиссалом буд, ба дунё омадааст.
Модараш Бибӣ Ҷалилаи Арафотӣ буда, се бародар доштааст: Ҳазрати Турки Абдол, Барқи Абдол ва бародари хурдӣ, ки номи у зикр наёфтааст. Эшон дар Арафот зиндагӣ мекарданд. Падараш Ҳазрати Ҳошим Ҷабалӣ дар Арафот вафот кардааст. Дар дастхат омадааст, ки бародарон аз мардуми диёрашон ранҷиши зиёд мебинанд. Барои ҳамин Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ бо ҳамроҳии бародаронаш ба назди модарашон мераванд ва воқеаро арз карда, аз модарашон хоҳиш мекунанд, ки ҳамроҳи онҳо аз Арафот баромада равад. Бо ҳамин сабаб оилаи Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ тарки ватан мекунад. Аз Арафот онҳо ба Рум мераванд ва аз Рум ба банди Кобул, дар Кобул яке аз бародараш вафот мекунад.
Аз банди Кобул ба Толиқон мераванд, дар Толиқон бародари хӯрдии вай вафот мекунад. Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ баъд аз дафни бародар бо модари худ ба замини шаҳри Бо мераванд. Қариб 11 сол дар он ҷо мемонанд ва модараш низ вафот мекунад. Баъди аз ин чанд муддате он ҷо мемонад. Рӯзе модарашро дар хоб мебинад, ки ба ӯ хитоб мекунад: «Туро рухсат кардам, ҳар куҷо, ки хоҳӣ, бирав». Баъд он ҷойро тарк карда, ба замини Боршиди водии Вахё меояд. То он рӯзе, ки Бобои Ҳоҷӣ ӯро ошкор кард, чил сол дар таги дарахти чибарғ ба зикри Ҳақ машғул будааст. Вақте ки Бобои Хоҷӣ ӯро меёбад, бузургвор ба вай мегӯяд: «маро рухсат ба ту буд, ки ошкор кунӣ ва акнун бояд биравӣ ва аз нишонсанги Хлоз то сарҳади Бохтаку Боршид ҳамаро ҷамъ оварӣ, то марқади маро обод кунанд…» Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ байни халқҳои Осиёи Миёна ва берун аз он шӯҳрату шаҳомати зиёде дошта, дар байни мардум то имрӯз дар бораи ӯ хотираҳои зиёд боқӣ мондааст.{....}