Дар асоси мактуби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳлили омилҳои хурофотию дур мондани духтарон аз таҳсил ва ҷалби онҳо ба ҳамаи зинаҳои таҳсил ва ҳамчунин дидан кардан аз рафти амалишавии “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории мутахассисини роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023 – 2030” як гурӯҳи корӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру навоҳии кишвар, аз ҷумла минтақаи Рашт равона карда шуда буданд.
Аз ҷумла, рӯзи 9 –уми июни соли 2023 як гурӯҳи корӣ дар ҳайати намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносию Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 7 нафар ба ноҳияи мо ташриф оварданд.
Ин гурӯҳи кориро муовини раиси ноҳия Бафозода Садорат Ҳусайн ва мудири бахши кор бо занон ва оила Исмонова Назокат ва зигар шахсиятҳои расмӣ бо хушнудӣ пешвоз гирифта, онҳоро хуб пазироӣ намуданд. Ҳамзамон соати 9:00 дар Қасри фарҳанг меҳмонони дар боло зикршуда бо мардум, аз ҷумла сарварони ташшкилоту муассисаҳои давлатӣ, занону бонувони фаъол ва аҳли ҷамоатчигӣ вохӯрӣ намуда, дар мавзӯъҳои мухталиф, аз ҷумла сабабҳои дур мондани ҷавондухтарон аз таҳсил ва ақидаҳои хурофотӣ суҳбати озоду ошкоро намуданд. Меҳмонон аз чунин пазироӣ ва фактҳои омории ҷалби занону духтарон ба таҳсил ва кор дар зинаҳои роҳбарикунанда бениҳоят хурсанд шуданд. Ҳамзамон иштирокчиён низ аз ин суҳбат ва вохӯрӣ як ҷаҳон маънӣ гирифта, дар ҷавоб андешаҳо ва пешниҳодоти худро баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа пешниҳод намуданд.
Ин вохӯрӣ хотирмон ва дар рӯҳияи ватандорию меҳанпарастӣ ба анҷом расид.