Дар робита ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024, аз 30 майи соли 2024 бо аҳли илм ва маориф ва дастуру супоришҳои протоколии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву эксремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардӣ, тақлиди фарҳанги бегона, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, нашъамандию нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, саҳмгузорӣ дар ободониву созандагии Ватан ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои миллӣ аз ҷониби роҳбари гурӯҳ муовини раиси ноҳия Олимзода Абдулло дар якҷоягӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ нақшаҳои муштарак омода ва ба тасвиб расонида шудааст, ки дар доираи он имрӯз бо сокинони деҳаю маҳаллаҳои Тавилдара мулоқот баргузор карда шуд.