Тибқи Нақшаи чорабиниҳои муштараки гурӯҳи корӣ бо усули "Мактаб ба мактаб"-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа вохӯрӣ бо омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 деҳаи Чилдараи ҷамоати деҳоти Чилдара баргузор гардид. Ҷаласаро муовини Раиси ноҳия Бафозода Садорат оғоз намуданд. Масъулини дигари гурӯҳи корӣ оид ба иҷрои бандҳои дахлдори “Барномаи тарбияи ватандустӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон” оид ба иҷрои бандҳои дахлдори “Барномаи тарбияи ватандустӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон” суханронӣ намуданд.
    Дар вохӯрӣ масъулин оид ба моҳияту мазмуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, баланд бардоштани маърифати ватандӯстии донишҷӯён ва татбиқи он дар пешгирии хатари падидаҳои номатлуб, аз қабили хурофотпарастӣ, ифротгароӣ, бегонапарастӣ, терроризм ва экстремизм дар ҷомеа, хусусан шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суханронӣ ва ҷиҳати пешгирии он, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак" ва "Дар бораи танзими ҷашну маросим” таъкидҳо намуданд.
     Вобаста ба моддаҳои дахлдори қонунҳои мазкур оид ба пешгирии зиёдаравии динӣ, хурофотпарастӣ, ифротгароӣ ва бегонапарстӣ мисолҳои мушаххас оварда, ҷиҳати риояи ҳатмии қонунҳо таъкид намуданд. Ҳамзамон ҷиҳати расидан ба қадри хизмати бузургони миллат, арзишҳои миллӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва Истиқлоли Ватани азизамон ба маврид истодагарӣ карданд.