
Чорабинии мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои якҷояи Комиссияи марказии ноҳиявӣ ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳия сурат гирифта, ҳадафи он баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон ва шинос намудани онҳо бо тартиби иштироки фаъолона дар интихобот мебошад.
Зимни баргузории чорабинӣ ба ҷавонон моҳияти интихобот ва аҳаммияти он дар рушди ҷомеа, тартиби ҳозир шудан бо шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ба участкаи интихоботӣ, тартиби гирифтани бюллетени овоздиҳӣ ва пур кардани он, инчунин, қоидаҳои рафтор дар участкаи интихоботӣ ва тарзи ба қуттӣ партофтани бюллетен фаҳмонида шуд.
Иштирокдорони чорабинӣ чунин ташаббусҳоро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки интихобот на танҳо ҳуқуқ, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд мебошад.

