Ноҳияи Сангвор дорои шароити мусоиди рушди соҳаи сайёҳи ба шумор меравад. Иқлим, табиат, ҳайвонот ва наботот, ҳавои тозаи кӯҳсор, чашмаҳои шаффоф, мардуми ҳунарманду меҳмоннавоз, ки дар ноҳия мавҷуд мебошанд, барои ташкили осоишгоҳҳои табобатӣ, экотуризми сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мувофиқ мебошад. Мушкилоти пешгирандаи рушди соҳаи мазкур пеш аз ҳама дар ҳолати ногувор қарор доштани роҳи автомобилгарди Лабиҷар-Сангвор, суст будани инфрасохтори сайёҳӣ, маишӣ ва фарҳангию фароғатӣ(меҳмонхона, осоишгоҳҳо, мавзеъҳои сайёҳӣ, марказҳои фарҳангӣ, муассисаҳои хӯроки умумӣ, мағозаҳо ва бозорҳо), кам будани мутахассисони соҳавӣ ба шумор меравад.
Нашр шуд: 20 Сентябри 2024
Диданд: 401
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор бо роҳбарону фаъолон мулоқоти самимӣ доир намуданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сокинони сарбаланди ноҳияи Сангвор ва иштирокдорони вохӯриро бо санаи муҳими таърихӣ – 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд.
Таъкид гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар зарфи беш аз сӣ сол барои пешрафту ободии ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Сангвор корҳои назарраси бунёдкориву созандагӣ амалӣ карда шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки дар ноҳияи Сангвор сохтмони 80 бинову иншоот пешбинӣ гардида, то ба имрӯз корҳо дар 30 иншоот ба анҷом расидааст.
Дар суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии давлатии ноҳия андешаронӣ карда, зикр намуданд, ки барои таъмини рушди ноҳияи Сангвор ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1,1 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Дар ин давра танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба ноҳия 850 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия 220 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо карда шудааст.
Дар ноҳия барои бунёду барқарорсозии иншооти маорифу тандурустӣ, дастрасии аҳолӣ ба неруи барқ, беҳтар намудани сифати роҳҳо, рушди соҳаи кишоварзӣ ва барқарорсозии инфрасохтори деҳот то ба ҳол 9 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло татбиқи боз 3 лоиҳа идома дорад. Инчунин, дар ин давра ба ноҳия ба маблағи беш аз 150 миллион сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шудааст.
Нашр шуд: 20 Сентябри 2024
Диданд: 389
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Сангвор бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд.— с
Шоҳоной Сулаймон .
Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия дар муддати қариб як сол бо санъати баланди меъморӣ ва истифодаи сангҳои ороишӣ бунёд шуда, баландии пояи он 25 метрро ташкил медиҳад.
Лозим ба таъкид аст, ки Нишони давлатӣ дар ин гӯшаи дурдасти кишвар низ бо мақсади ҳифз ва арҷ гузоштан ба муқаддасоту асолати миллӣ бунёд шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин мавзеъ аз рӯи муҷассамаи бунёдгузори давлати бузурги Сомониён - Шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардоштанд.
Муҷассама аз ҷониби ҳайкалтарош Алиҷон Бобошарифов бо санъати баланд сохта шудааст.
Баландии муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Сангвор 5,3 метр буда, дар умум бо таҳкурсӣ ба 9 метр мерасад.
Дар ду паҳлӯи муҷассама тандиси ду шер ҳамчун рамзи ҷасорату тавонмандии миллати тоҷик гузошта шудааст.
Масоҳати умумии гулгашти Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ 47 садяк заминро дар бар гирифта, корҳои сохтмонӣ аз тарафи бинокорони Ташкилоти ҷамъиятии “Офиятбахш”, бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.
Бунёди фаввора, насби нишастгоҳҳо ва масоҳати 2 ҳазор метри мураббаъ сабзкоришуда, аз ҷумлаи корҳои дигари ободонӣ дар ин мавзеъ мебошад.
Бо бунёди иншооти мазкур барои сокинону меҳмонони ноҳияи Сангвор боз як мавзеи хуби истироҳату фароғат муҳайё гардид.
Минбаъд сокинони сарфарозу заҳматпешаи Сангвор чун дигар гӯшаҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои сулҳу суботи сартосарӣ, бо шукргузорӣ аз пойдории ваҳдати миллӣ чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, ҷашнҳои миллию давлатӣ ва оммавиро дар ин майдон таҷлил мекунанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи иншооти мазкур ба масъулон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ дар дигар иншооти ҷашнӣ ва бо ин роҳ фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари кору зиндагӣ ба аҳолӣ ва саҳм гузоштан дар рушди бахшу соҳаҳои иқтисоди миллӣ дастуру маслиҳатҳо доданд.
Нашр шуд: 28 Августи 2024
Диданд: 421
1.Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1809,60 сомонӣ
2.Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1218 сомонӣ
3.Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъаи дастгоҳи раиси ноҳияи Сангвор – 1 ҷой, маоши мансаби 1809,60
4.Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Сангвор - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1218 сомонӣ
Нашр шуд: 20 Августи 2024
Диданд: 441
Пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад. Бояд гуфт, ки аз ҷониби Асосгузори сулуҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21 апрели соли 1997 Фармон «Оид ба чораҳои пурзӯри мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шудааст. Аз ҷониби Маҷлиси Олӣ барои пешгирӣ ва мубориза бо терроризм чунин қонунҳо қабул гардидааст: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм».
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини суботу осоиштагӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз ҷониби мақомотҳои дахлдор тамоми чораҳо андешида шуда истодаанд.
муовини якуми раиси ноҳияи Сангвор - Муҳамадизода Муҳамадсолеҳ Муҳамадали
муовини раиси ноҳияи Сангвор - Саторбекзода Умеда Сатторбек
Олимзода Абдулло Назрӣ - муовини раиси
ноҳияи Сангвор
Исмонов Маҳмадулло Нуруллоевич
1USD
10,92 TJS
1EUR
11,92 TJS
1RUB
0,12 TJS