- Диданд: 550
Пас аз гузаронидани чорабиниҳои гуногун дар доираи силсилачорабиниҳои “Моҳвораи ҷавонон” рӯзи 23 май дар толори Қасри фарҳанг барномаи фарҳангӣ таҳти унвони “Ҳоло ки ман ҷавонам” баргузор гардид.Чорабинии мазкур соати 10:00 оғоз ёфт, ки онро бо суханони ифтитоҳи барандаи ин чорабинӣ Бахтиёр Фақиров кушода, сухани табрикиро ба раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат дод. Мавсуф баромад намуда, кулли ҷавонон ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарифи ноҳияро ба Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфт. Пас аз суханони пурмуҳтавои раиси ноҳия мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Тўйчии Нурмаҳмад баромад намуда, ҷавононро ба ин рӯзи муборак табрику муборакбод намуда, бархе аз ҷавонони муваффақро(гирандагони идрорҳои президентӣ, раиси ноҳия ва дигар ҷавонони лаёқатманду ташаббускор) дар ҳузури раиси ноҳия, бо Ифтихорномаю туҳфаҳои молӣ сарфароз гардонид.
Раиси ноҳия дар анҷом ба чунин ҷавонони созандаю ифтихори миллат аҳсан гуфта, ба онҳо дар шоҳроҳи зиндагияшон муваффақиятҳо таманно намуд.
- Диданд: 538
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо ихтиёриён – аъзоёни маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” тибқи нақша - чорабинии бахш дар доираи “Моҳвораи ҷавонон” таҳти унвони “Ҷавонон узви як оилаанд” аз Маркази будубоши “Меҳр”, ки аксарияти ҷавонони имконияташон маҳдуд дар ин марказ фаро гирифта шудаанд, рӯзи 19 –уми май дидан намуда, бо онҳо аз наздик суҳбату вохӯрӣ гузарониданд. Ҳамзамон аз шароити зисту зиндангии эшон дар ин марказ аз наздик ошно гаштанд. Дар фарҷоми вохӯрӣ ихтиёриён туҳфаҳои таъсиснамудаи бахши кор бо ҷавонон ва варзишро ба ин ҷавонони имконияташон маҳдуд тақдим намуда, бо ин иқдом ба онҳо таъкид намуданд, ки ҷавонон новобаста ба имконияташон узви як оилаанд ва онҳо ҳеҷ гоҳ танҳо нестанд ва узви ҷомеа хоҳанд монд.
- Диданд: 524
Дар доираи нақша – чорабиниҳо бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар асоси сисила -чорабиниҳои “Моҳвораи ҷавонон” дар таърихи 17-уми майи соли ҷорӣ дар боғи фарҳангӣ –фароғатии ноҳия бо иштироки ҷавонон – наврасон - муҳассилини МТМУ №1 маҳфили рассомӣ ва китобхонӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ хонандагони синфҳои 10 -11 ширкат варзида ҳунару истеъдоди рассомӣ ва китобхонии хешро нишон доданд.
- Диданд: 628
Дар доираи гузаронидани силсилачорабиниҳо таҳти унвони “Моҳвораи ҷавонон” бахшида ба Рӯзи ҷавонон бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф, КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сангвор ва литсейи касбии техникии ноҳия баҳри омӯхтани касбу ҳунар бо муҳассиллин суҳбату вохӯриҳо гузаронида, баъдан, амалан эшонро баҳри дидан кардан аз шароити будубош ва таҳсили ҳунарҷӯёни литсейи касбии техникии ноҳия рӯзи 16-уми майи соли ҷорӣ ба ин даргоҳ сафарбар намуданд.
Саҳифаи 27 аз 37









