Баҳри эҳё намудани суннати ниёгон ва ба бар намудани пероҳанҳои миллии тоҷикона тайи чанд сол аст, ки дар қаламрави кишвар бо ташаббуси  Кумити кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фестивал ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” ба роҳ монда шудааст. Ҳамасола ин фестивал  дар як сатҳи хуб гузаронида шуда, кашидадӯзӣ ва пероҳанҳои гуногуни чакан кашф гардидаю ба миён омадаанд, ки имрӯз ҳар як бонуи тоҷикро зеб медиҳанду фарҳанги ниёгонамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозанд.

           Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.01.2023 таҳти № АП – 318, мактуби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон аз 3.02.2023 № 1/(1) - 75 ва Амри раиси ноҳия аз 17.03.20234 №44 даври  дуюми фестивали ҷумҳуриявии фестивали мазкур тибқи Низомномаи он  бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташаббуси мудири бахши кор бо занон ва оила Исмонова Назокат дар маркази ноҳия бо як шукуҳу шаҳомоти хоса  гузаронида шуд. Дар ин фестивал саҳми мудири маорифи ноҳия Солиҳзода Рухшона, мудири бахши фарҳанг Шарипов Саидбек, мудири Кӯдакистони №1 ва директори литсейи касбии техникии ноҳия Раҳмонов Тоҳир назаррас мебошад.

         Беҳтаринҳо ва ғолибони даври ноҳиявии фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” омодагии хешро дида, рӯзи 6 май, ки даври ниҳоии он дар маркази ҷумҳуриамон шаҳри Душанбе дар амфитеатри “Аҳорун” баргузор мегардад, 14 нафар бонувон аз ноҳияи мо ширкат хоҳанд варзид.