Муҳтарам собиқадорон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот! Шуморо ба муносибати иди касбиатон самимона табрик гуфта, ба Шумо саломатӣ, сарбаландӣ ва хонаободӣ орзу менамоям. Таърихи милитсияи тоҷик ба ибтидои барқароршавии ҳокимияти шӯравӣ дар саросари Осиёи Миёна рост меояд. Баъди пош хурдани давлати абарқудрати шӯравӣ халқи тоҷик баъд аз ҳазор сол соҳибистиқлол гардид.

Ҳозирини гиромӣ! Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар радифи ҷашнҳои Наврӯз ва Сада иди Меҳргон таърихи чандҳазорсола дорад. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рўёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дўстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст. Аз ҷумла, муаллифи «Шоҳнома»-и безавол Абулқосим Фирдавсӣ пайдоиши ин ҷашнвораҳоро ба замони салтанати Ҷамшеду Фаридун мансуб медонад. Вале ба таври мушаххас таҷлили иди Меҳргон аз давраи ҳукмронии Сосониён ба ҳукми анъана даромада, бисёр бошукӯҳ ва ботантана мегузашт.

Ҳамдиёрони азиз! Ҳамаи Шуморо ба муносибати иди мубораки Қурбон табрик намуда, бароятон тандурустиву сарбаландӣ, файзу баракат ва рӯзгори обод орзумандам. Иди Қурбон аз ҷумлаи қадимтарин ва азизтарин маросимҳои суннатии мусулмонон ба шумор меравад. Дар ин рӯз мардуми мусулмон ба хонаҳои якдигар бо дуогӯӣ ва табрикот мераванд, вобаста ба дороии худ қурбонӣ мекунанд.

Омӯзгорони муҳтарам! Ҳозирини гиромӣ! Мо дар арафаи соли таҳсили 2019-2020, ки ба ҷашни бузурги таърихии миллати тоҷик, 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст, қарор дорем. Бинобар ин Шуморо бо фарорасии соли нави таҳсил ва ҷашни миллӣ табрик гуфта, ба ҳамаатон тансиҳатӣ, бурдборӣ ва дар роҳи расидан ба қуллаҳои баланди дониш комёбиҳои беназир орзу менамоям. Дар сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон соҳаи маориф яке аз соҳаҳои асосӣ боқӣ мемонад ва Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон барои пешравии он аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.