Меҳргон яке аз ҷашнҳои бузурги мардуми ориёитабор буда, бо шарофати истиқлолият ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардид.

  Иди Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардумии мо маҳсуб ёфта, ҳамчун иди меҳру муҳҳабат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, накӯкорӣ, тантанаи  ранҷи  кашидаи  барзгарон аст, ки ниёгони мо баъди ҷамъоварии ҳосил таҷлил мекардаанд. Бо шарофати соҳибистиќлолии мамлакати азизамон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иду ҷашнвораҳои миллии тоҷикон аз нав эҳё гаштаву дар байни мардум ҷашн гирифта мешаванд.

Вожаи "меҳр" дар асотири Эрони бостон дар шакли Митра аст, ки эзади фурӯғу рӯшноӣ ва паймоншиносӣ мебошад. Номи ин ҷашн дар сарчашмаҳои бостонӣ низ ба гунаи Митракона зикр шудааст. Ҷашни Меҳргон аз замонҳои хеле қадим, аз давроне ки қавмҳои ориёӣ ойин меҳрпарастӣ доштанд, боқӣ мондааст.

Ҳар сол сокинони ноҳияи Сангвор ҷашни бузурги ниёгон - Меҳргонро дар якҷоягӣ бо кишоварзону занони кадбонуву ҳунарманди ноҳия дар сатҳи баланди ватандорӣ, эҳтиром ба расму таомули аҷдодӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, оростани дастархони пурганҷ, бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ самимона истиқбол менамоянд.

Бахусус, дар маркази ноҳияи Сангвор ин ҷашни аҷдодӣ ҳар сол самимона таҷлил мегардад. Дар солҳои  2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ин ҷашни босахо, пурфайзу бобаракат самимона таҷлил мегардад.

     Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон, заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 Иди Меҳргон дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди миллӣ эътироф гашта, дар баробари ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош меварзад, то мероси ғании фарҳангӣ, расму оинҳои ниёгон дар доираи чорабиниҳои давлатӣ таҷлил гарданд.
Маҳз таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гиромидошт ва эҳёи ҷашнҳои миллӣ буд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат Меҳргон аз нав бо тамоми шаҳоматаш эҳё ва ба қатори беҳтарин ҷашнҳои миллӣ ворид гардид ва ҳар сол ботантана ҷашн гирифта мешавад.
Алҳол аҳли шаҳру деҳоти Тоҷикистон ба ифтихори Меҳргон ҷашнҳои бузург меороянд ва дастурхонҳояшонро бо анвои меваҳо, сабзаҷот ва хӯришҳои дигар ороста, дар атрофи хони пурнозу неъмат таронасароӣ  мекунанд.
Соли равон барои кишоварзони мамлакат пурфайз омад. Тибқи хулосаи мутахассисон, ҳосили имсола зироатҳои кишоварзӣ назар ба порсола хеле беҳтар аст.

 

      Роҷеъ ба пайдоиши ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ қиссаву ривоятҳои гуногун зикр шудаанд. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» роҷеъ ба ҷашну ойинҳои эрониёти бостон маълумотҳои ҷолиб оварда, бо меҳру муҳаббат ба таъриху суннатҳои ниёкони худ аз онҳо ёд мекунад. Ӯ рӯзи аввали ба тахт нишастани Фаридунро баробар бо рӯзи Меҳргон медонад ва шурӯъи таҷлили ин ҷашнро низ ба ӯ нисбат медиҳад.

     

 

 

 

 

 

Замона беандӯҳ гашт аз бадӣ,

Гирифтанд ҳар як роҳи эзадӣ.

 

Дил аз довариҳо бипардохтанд,

Ба ойини кай ҷашни нав сохтанд.

 

Нишастанд фарзонагон шодком,

Гирифтанд ҳар як зи ёқут ҷом,

 

Майи равшану чеҳраи шоҳи нав,

Ҷаҳон гашт равшан сари моҳи нав.

 

Бифармуд, то оташ афрӯхтанд,

Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.

 

Парастидани Меҳргон дини ӯст,

Таносониву хӯрдан ойини ӯст.

 

Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳи меҳр,

Бикӯшу ба ранҷ эч манмой чеҳр!

         Ҷашни Меҳргонро бо нияте баргузор менамоянд, ки ҳамасола ҳосили деҳқониашон фаровон гардад. Имрӯз Меҳргон ҷашни кишоварзон, ҷашни ҳосилу фаровонии неъмати деҳқонӣ, баракати рӯзгор ва хушии  мардуми фарҳангсиришту заҳматпешаи Тоҷикистон аст.