- Диданд: 2132
Ноҳияи Сангвор 5984 км2 буда, дар қисмати шимолу шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Ноҳия аз тарафи шимол бо ноҳияи Нуробод,шимолу шарқ бо ноҳияи Рашт, ҷанубу шарқ бо ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз ва указ тарафи ҷануб бо ноҳияҳои Ховалинг ва балҷувон ҳасарҳад мебошад. Ноҳия ба ҳайати ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дохил мешавад.
Маркази ноҳия аз пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе дар масофаи 205 км дур воқеъ гаштааст. Ноҳияи Сангвор аз 5 ҷамоати деҳот ва 85 деҳа иборат мебошад. Ҷамоатҳои ноҳияи Сангвор: Тавилдара, Чилдара, Вахиё, Сангвор ва Ваҳдат.
- Диданд: 1562
Дар давоми Татбиқи барнома аз ҳисоби буҷети давлати 2млн 185 ҳазор сомони ҷудо гардида, ба ВМКБ — 215, вилояти Суғд — 447, вилояти Хатлон – 815 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1088 маҷмуъ оилаи занбури асал ва ба дигар Вазорату корхонаҳо 185 дода шудааст. Бо дастгирии Роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин барои аз наздик шинос гаштан ба фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии занбурпарварӣ «Асали Тоҷикистон» — Вазорати кишоварзии ҶТ дар татбиқи Барнома ба минтақаҳои куҳистони ҷумҳурӣ сафари корӣ доштанд. Дар рафти сафари корӣ бо оилаҳое, ки дар доираи барнома фаъолият доранд, вохурӣ доир намудем. Аз хулосабардорӣ рафти вохӯриҳо ва таҳлили ҳисоботҳои оморӣ бармеоянд, ки имруз барномаи мазкур ба рушди соҳаи занбурпарварӣ дар минтақаҳои куҳистон мусоидат намуда истодааст. Дар ин минтақаҳо аксарияти оилаҳо аз 1 то 5 ва аз ин зиёд оилаҳои занбури асалро дар доиари Барнома дастрас намудаанд, ба шуғл (кор) ва даромади иловагӣ таъмин гаштаанд. Корхонаи воҳиди давлатии занбурпарварӣ «Асали Тоҷикистон» — Вазорати кишоварзии ҶТ ҳамчун ягона корхонаи занбурпарварӣ дар ҷумҳурӣ фаъолияти худро барои зиёд намудани оилаи занбури асал, истеҳсоли номгӯи гуногуни маҳсулоти соҳа, расонидани ёрии амалӣ ва таъмини занбурпарварон новобаста аз шакли моликият ва фаъолият бо ҳамагуна асбобу анҷоми занбурпарварӣ, тайёр кардани мумии варақин (вашина), оилаи хурди занбури асал, расонидани ёрии зооветеринарӣ, гузаронидани семинарҳои илмӣ-амалӣ ва дигар чорабиниҳо равона намудааст.
Саҳифаи 34 аз 34