Ҳозирини гиромӣ!

      Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар радифи ҷашнҳои дигар иди Сада таърихи чандҳазорсола дорад. Иди Сада, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромада, таҷлили расмии ҷашнвораи мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш рӯ овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад. Тоҷикон аз зумраи мардумони фарҳангофару тамаддунсоз мебошанд. Онҳо ва авлоди қадимашон дар баробари дигар халқиятҳои ориётабор аз қадимулайём соҳиби фарангу маданияи ғанӣ буда, тамадуни ҷаҳонӣ чун дурдонаҳои нуқрагини пурҷило дохил шудаанд. Аз зумраи ойнҳои қадима ва пурғановати онҳо чор ид ва ҷашнҳои пуршукӯҳу оммавӣ, аз қабили Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргонро ном бурдан мумкин аст, ки ҳанӯз дар бомдоди фарҳанги башарӣ ташакул ёфта, аз он замон то ба имрӯз ҳаёти маънавию фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷомеаҳои гуногуро мунавар намудаанд.

Ин иду ҷашнвораҳо дар робита бо фаслҳои сол ва бо табиат ба ҳамдигар робитаи усулӣ дошта, хусусияти даврагири доро мебошанд. Ҳар кадом дар идомаи ҳамдигар дар муддати

муайяни замон меоянд ва такмилдиҳандаи ҳамдигаранд. Дар баробари бинишои муаяни астрономи, табиатшинсӣ, ҳастишиносӣ, инсоншиносӣ ва ғайра дар онҳо ҳамчунин ҳикмати баланди фалсафӣ ва гуманистӣ низ, аз қабили тарғиби сулҳу осоиштагӣ, тозагии муҳити зист, тозагии оби ошомиданиву мусаффо, ҳифзи олами ҳайвоноту наботот ва ғайра ниҳон аст. Масалан, дар сарчашмаҳо омадааст, ки таърих пайдоиши иди Тиргон ба бастани шартномаи сулҳу мадоро байни Эрону Тӯрон барои пешгирӣ аз ҷанг ва қатлу куштор рӯи кор омадааст. Даъво ва азми ҷанг, ки барои тақсими замин ва муаян кардани ҳудудҳои ҳарду кишвар сар зада буд, аз тариқи муколамаву созиш ҳаллу фасл шуда, бо андохтани тири Ораши камонвар, ки то куҷо метавонад парвоз мекунад, ҳудуду сарҳади кишварҳо муайян шудаву аз ҷангу низоъ пешгирӣ шудааст. Дар ҷаҳони муосир низ, масъалаи оби тоза, истифодабарии дурусти замин ва тозагии муҳити зист ба яке аз проблемаҳои асосии минтақавию ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд.

Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол аст ва талаботи замони истқлол моро водор месозад, ки ба ҷаҳониён ғановати фарҳангии худро нишон диҳем.

Ҷаншни Сада аз зумраи ҷашнҳои қадимаи эрониён ва мардуми форсизабон аст, ки дар оғози шомгоҳи даҳи баҳманмоҳ баргузор мешавад. Ин рӯзро Обонрӯз низ мегуянд. Ҷашни мазкур ҷиҳати эҳтиром гузоштан ба хуршед ва оташу рӯшноӣ бунёд

ёфтааст ва боиси он гардидааст, ки одамони қадим ба ин муқадасот эътиқод пайдо кунанд ва онҳоро ситоиш намоянд. Агар хуршед бо нури худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас оташу рушнои барои мунаввар сохтани хонаву қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос шудааст. Дар баробари он ниёгони пешини мо рӯйи худро ба сӯйу оташ намуда, дастони худро ба суйи хуршед мебурданд ва барои беҳбудии рӯзгори хеш аз оташу хуршед мадад металабиданд. Ҳадаф аз ин ниёиш омодагӣ ва расидан ба Наврӯз аст, ки то он сад гардиши рӯзу шаб (панҷоҳ руз ва панҷоҳ шаб) ва орзуи омадани соли пурбаракате барои кишту кор буд.

                                 

Ба таври ҳамагонӣ ва бо шукӯҳу ҷалоли тоза ҷашн гирифтани Сада бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуд ва дар он нақшаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим ва асосӣ аст.

Сада дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз баҳманмоҳ (30 январ) бо афрӯхтани ҳезуме, ки мардум, аз пагоҳӣ бар боми хонаҳои худ ё бар баландии кӯҳистон гирд оварданд, оғоз мешудааст. Он, яъне сад гардиши шабу рӯз (панҷоҳ рӯз ва панҷоҳ шаб) то фарорасии Наврӯзро ифода мекардааст. Дар манобеи таърихӣ, ин ҷашн ҳамеша ба шакли дастҷамъӣ ва бо гирдиҳамоии ҳамаи мардумони шаҳрҳо, маҳалла ва русто дар як ҷо ва бо барпо намудани як оташи бузург баргузор мешудааст.

Ҳамин тавр, Сада – ҷашни омодагӣ ба истиқболи Наврӯз- ҷашни ба балоғат расидани Хуршед мебошад. Мардумон дар гирд овардани ҳезум бо якдигар мушорикат мекунанд ва ба ин тартиб ҷашни Сада, ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон аст. Аз шаби таваллуди Хуршед, пас аз чил рӯз барои гарму сӯзон шудани офтоб, ниёгони мо ҷашни Садаро гармӣ медоштанд. Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз боло он ривоҷ доштааст. Ин расм дар миёни насрониҳо, ба вижа русҳо, ҳамчун ҷашни “Масленница” роиҷ аст. Бинобар ин аҳамияти байналмилалӣ пайдо кардани ҷашни куҳани Сада ва дар ҳамбастагӣ бо мардуми олам ҷашн гирифтани он хеле аҳамиятнок аст.

Садаро бояд чунин пешвоз гирифт, ки мардум гуё ҳам ба истиқболи Хуршеди оламтоб ва омодагӣ ба Наврӯз мераванд. Тибқи суннати ниёгон даст ба Хуршед бурда ниёиш карда, дар ин рӯзҳои сарди зимистонӣ, аз ин оташи гарми наврӯзовар барои беҳбуд шудани рӯзгори ояндаи бахтовар мададгор бишаванд. Дар ин давра гузаронидани намоиши тухмиҳои зироатӣ, тадбиқи корҳои фаҳмондадиҳӣ барои кишту кори баҳорию тирамоҳӣ аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ ба деҳқонон ва озмунҳои соҳавӣ – беҳтарин мироб, беҳтарин чинакчӣ, шоҳи зироатҳо ва монанди инҳо хуб аст. Баргузории “Намоиши асал”, “Намоиши хушкмева”, озмуни “Беҳтарин ангурпарвар”, ба муносибати Ҷашни

оташ- энергия будани Сада – ба таври эҷодӣ муариффӣ кардани ҳамаи дастгоҳҳои истеҳсоли неруи барқ (энергия) – офтобӣ, шамолӣ, барқӣ, обӣ, атомӣ, лазерӣ, сузишворӣ ва ғайра, ва монанди инҳо ҷолиб хоҳад буд. Боиси хурсандист, ки кишоварзони ноҳия имсол низ ҷашни расмии Садаро бо дастовардҳои ҷолиби меҳнатӣ пешвоз мегиранд. Кишоварзӣ дар ноҳия соҳаи асосӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, зиёда аз 70 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мекунанд.

Кишоварзон соли 2021 тибқи нақшаи дурнамо дар майдони 1540 га ғалладона, 1117 га картошка, 214 га сабзавот, 50,5 га зағир, 4 га полезӣ, 52 га хўроки чорво гузаронида, 19 га боғи нав бунёд намуданд.

Кишоварзон аз кишти соли 2021 ҳосили 5528 тонна ғалладона, 25935 тонна картошка, 1733 тонна сабзавот, 46 тонна зағир, 19 тонна полезӣ ва 31316 тонна хўроки чорво ҷамъоварӣ намуданд.

Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии ноҳия дар соли 2021 ба 218,8 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020 12 миллиону 900 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар соли 2021 дар ноҳия 2111 тонна гӯшт, 10885 тонна шир ва 2809 ҳазор дона тухм истеҳсол гардида, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020 мутаносибан 109 тонна гўшт, 264 тонна шир ва 96 ҳазор дона тухм зиёд мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар охир Шумо ва кулли сокинони ноҳияро ба иди Сада табрику муборакбод гуфта, бароятон барору комёбиҳо таманно дорам.