Ҳамасола дар атрофи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мардум суҳбату вохўриҳо гузаронида мешавад. Имсол низ баъди ироаи Паёми навбатии Президенти кишвар намояндагони Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон ба шаҳру навоҳии кишвар сафар намуда муҳтавои паёмро ба мардум гӯшрас намуда, ҳадафҳои созандаи онро таҳлилу баррасӣ намуданд.
Аз ҷумла рӯзи 13 –уми янаври соли 2022 дар доираи сафари корӣ ба минтақаи Рашт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Мамадтоир Зоҳир ба ноҳияи мо ташриф оварда, бо мардум-интихобкунандагон суҳбати озоду ошкоро гузарониданд. Ин вохӯрӣ дар Қасри фарҳанг бо иштироки зиёда аз 500 нафар сокинони ноҳия - қишри гуногуни ҷомеа ва аҳли зиё, аз ҷумла намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқук, сардорони ташкилоту муассисаҳо ва дигар қишри ҷомеа дар як муҳити созгор гузаронида шуд.
Баъди кушодашавии вохӯрӣ сараввал муовини раиси ноҳия Сатторбекзода Умеда Сатторбек баромад намуда, доир ба таҳлилу баррасии нуқтаҳои Паём сухан ронда, баҳри таҳлилу баррасии Паёми навбатӣ суханро ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Мамадтоир Зоҳир дод.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Мамадтоир Зоҳир баромад намуда, оиди самтҳои асосии Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми суҳбати озоду самимӣ намуд.
Баъди ба анҷом расидани суханронии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , чанд тан аз зиёиёни ноҳия баромад намуда, фикру андеша ва дархостҳои худро пешкаши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Мамадтоир Зоҳир намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои сулҳу суббот ва тақдиру ояндабинии кишвар ба анҷом расид.