15 октябри соли 2021

                                                                                     Ҳамватанони азиз!

       Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни бостонии Меҳргон, ки мероси гаронбаҳои маънавии ниёгонамон мебошад,     самимона табрик мегӯям.

  Ҷашни Меҳргон дар таърихи тамаддуни мардумони ориёитабор аз ҷумлаи ойинҳои бисёр арзишманде мебошад, ки     ба туфайли заминаву фазилатҳои муҳимми табиӣ, иҷтимоӣ ва маънавии худ то ба рӯзҳои мо расидааст. 

  Меҳргон ҷашни тирамоҳии сол ба шумор рафта, гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои     табиат  ва заҳмати кишоварзон баргузор мекарданд ва ба ин васила ба пайванди инсон ва табиат арҷ мегузоштанд.

 Ба ин маънӣ, Меҳргон баробари инкишофи зироаткорӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, бинобар ин,   ҷашни ҳосилот ва кишоварзон ба шумор меравад.

 Яъне ниёгони мо дар айёми баҳор бо нияти нек ва умеди ҳосили фаровон ба корҳои кишоварзию боғдорӣ оғоз   карда,  дар фасли тирамоҳ маҳсули заҳмати худро ҷамъоварӣ мекарданд, баъди ҷамъоварии ҳосил ҷашн меоростанд   ва бо шодиву хурсандӣ якдигарро муборакбод менамуданд.

Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо ба истиқболи ҷашни Меҳргон кишоварзони мо, аз ҷумла пахтакорон, боғу токпарварон ва чорводорон бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешрафти иқтисодиёти мамлакат саҳми бисёр арзишманд гузошта истодаанд.

Натиҷаи ҳамин заҳмати софдилонаи онҳост, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сол ба сол зиёд шуда, садҳо ҳазор тонна меваю сабзавот ва меваи хушки аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ содирот шуда истодааст.

Зимнан бояд гуфт, ки Меҳргон на танҳо ҷашни фаровонии дастранҷи кишоварзону боғдорон ва файзу баракати хонадони мардум аст, балки рамзи унсурҳои неки маънавию фарҳангӣ низ ба шумор меравад.

Тибқи маълумоти манбаъҳои таърихиву адабӣ бунёдгузории ин ҷашн ба шоҳи пешдодӣ – Фаридун нисбат дода мешавад.

Моҳияти асотирии Меҳргонро низ ғояҳои ахлоқии ҷашнҳои Наврӯзу Сада, яъне пирӯзии адолат бар ҷаҳолат, нур бар зулмот, ободгарӣ бар харобкорӣ ва некӣ бар бадӣ ташкил медиҳанд.

Ҷашни Меҳргон, алалхусус, бо шеъру мусиқии миллии тоҷикӣ робитаи зич дорад.

Меҳргон дар ашъори шоирони классики форсу тоҷик, махсусан, устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Масъуди Саъди Салмон, Сайидои Насафӣ, Носири Хусрав ва дигарон ҳамчун рамзи баракату фаровонӣ, файзи дастархони мардум ва ҳунармандону чорводорон васф шуда, бузургии он ҳамчун айёми меҳрубониву меҳрварзии инсонҳо таъкид гардидааст:

Меҳрубонӣ кун ба ҷашни

Меҳргону рӯзи меҳр,

Меҳрубонӣ кун ба рӯзи

Меҳру ҷашни Меҳргон.

 

Минбаъд тайи асрҳои зиёд инъикоси ин ҷашн дар эҷодиёти шоирон камрангтар шуда, бо эҳёи ин ойини мардумӣ дар даврони истиқлоли давлатӣ аз нав оғоз гардид.

Соли ҳафтум аст, ки мо ҷашни Меҳргонро дар фазои соҳибистиқлолии мамлакат таҷлил намуда, онро ба қатори ҷашнҳои расмӣ ба қонунгузории кишвар ворид кардаем.

Дар сатҳи давлатӣ таҷлил намудани Меҳргон пайванди моро бо решаҳои бостонии миллиамон тақвият бахшид ва боиси болоравии худшиносиву худогоҳии мардуми мо, аз ҷумла наврасону ҷавонон гардид, зеро Меҳргон рамзи ваҳдати инсонҳо, намунае аз ахлоқи баландтарини инсонӣ, меҳрварзиву накӯкорӣ, ватандӯстӣ ва адолатпарварӣ ба шумор меравад.

Бо густариш додани чунин ойину ҷашнҳои миллати бостониамон, аз ҷумла Наврӯзу Тиргон, Меҳргону Сада ва дигар суннатҳои неки мардумамон мо бояд минбаъд низ тамоми саъю талоши худро ба хотири рушди давлат, ободии Ватан, дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани обрӯи миллат ва барои аз имрӯза беҳтар гардонидани шароити зиндагии халқамон равона созем.

Бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори ҷашни пурфайзи Меҳргон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар дастархони пурнозу неъмати меҳргонӣ, рӯзгори осуда ва бахту саодат орзу менамоям.

Ҷашни Меҳргон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

         20-сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Сангвор ба бунёди Муассисаи томактабии замонавии «Калидчаи Заррин» оғози расмӣ бахшиданд.

Кӯдакистони замонавӣ дар маркази ноҳияи Сангвор барои 100 нафар дӯстрӯяк дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари маорифпарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарринк» бунёд карда мешавад.

Фармоишгари муассисаи нави томактабӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор буда, лоиҳаи иншооти зебо аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Меъморӣ ва шаҳрсозӣ»-и шаҳри Душанбе таҳия гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо лоиҳаи бунёди Муассисаи томактабии «Калидчаи Заррин» дар ҳамин ҷо бо имконоти фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарринк» дар ноҳияи Сангвор шинос гардиданд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарринк» аз корхонаҳои пешқадами саноатӣ дар мамлакат буда, дар рушди иқтисоди миллӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар саҳми намоён дорад.

Корхона дар асоси ҳидоятҳои бевоситаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат фаъолияташро сол аз сол тавсеа бахшида, бо ворид ва васлу насби хатҳои нави технологӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми чанд соли охир дар асоси ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати истифодаи пурраи имконоту иқтидорҳои мавҷуда аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба корхона технологияҳои насли нав ворид карда шудааст.

Дар корхона наздики 400 нафар бо ҷойи кори доимию мавсимӣ таъмин мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти корхона барои дастгирӣ аз иқдомҳои созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати дастгирӣ аз ташаббусҳои неку бобарор дар рушди иқтисоди миллӣ, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

.

 

     30 октябри соли 2020 маросими ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ намудани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ        Раҳмон тибқи     муқаррароти расмӣ баргузор гардид.

    Хотиррасон бояд намуд, ки рӯзи 11 октябри соли 2020 ба тариқи интихоботи умумихалқӣ номзад аз Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон,     Иттифоқи ҷавонони   Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 90,92 % овози интихобкунандагон аз нав ба    мақоми Президенти Ҷумҳурии   Тоҷикистон интихоб шуданд.

   Маросими мазкур дар Қасри Миллат, Кохи Сомони бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар майдони Дӯстии пойтахт бо савгандёдкунии афроди   Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

    Маросими ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти кишвар дар толори оинабандии Қасри Миллат, бо супурдани шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии   Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода оғоз ёфт.

    Ҳамзамон бо супурдани шаҳодатнома Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз ба Эмомалӣ   Раҳмон супорид.Дар толори Кохи Сомон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони     Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони         Маҷлиси Олӣ ҷаласаи якҷояи сеюми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, даъвати шашумро ифтитоҳ карда, якҷоя ҳозир шуданд.

   Дар толор ҳамчунин аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва намоядагони аҳли ҷомеа ҳузур доштанд.Қатори мошинҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ёд кардани савганд аз Қасри Миллат ҷониби Кохи Сомони бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат намуданд.

   Дар ин вақт Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби афсарону сарбозони Горди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки либосҳои идонаи низомӣ ва шамшерҳои аз ниём кашида доштанд, ба толор зери оҳанги мутантани фахрӣ ва марши махсус ворид карда шуд.

   Дар болои шоҳсуфа Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби рост ва аз ҷониби чап Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуданд.

   Хотиррасон мекунем, ки Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи рангҳо ва андозааш монанди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар маркази он тасвири Дирафши Ковиён омадааст, ки он нишони хос ва босуботи давлатдории миллӣ аз даврони қадим аст.

    Дар қисми болоии Дирафши Ковиён найза тасвир ёфтааст, ки рамзи ирода ва қудрати ҳифзи давлат мебошад.

    Қисмати чаҳоргонаи Дирафши Ковиён - чаҳор тарафи ҷаҳонро таҷассум мекунад, ки рамзи равобити нек, дустӣ ва ҳамкорӣ бо ҳама кишварҳои олам аст.

    Дар дохили Дирафши Ковиён - чаҳор шохаи марғула дар даври хуршед ҳамчун рамзи ҳамеша дар ҳаракат будани вақту замон, даври замин ва аносири коинот дар атрофи хуршед инъикос ёфта, баёнгари бахт, ваҳдат, саодат ва пешрафти кишвар мебошанд.

    Дар маркази Дирафши Ковиён шери болдор ҳамчун рамзи қудрат, нерӯмандӣ ва шукӯҳи давлат дар заминаи осмони кабуд тасвир ёфтааст.

      Дар болои тасвири шери болдор тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун асоси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд.

Дирафши Ковиён бо ресмонҳои рангаи зарҳалин дар ҳарду ҷониби Ливо дастдӯзӣ гаштааст.

Нӯги чӯбдасти Ливо шакли гунбази зарринро дорад.

      Сипас, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сипоҳиёни Горди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери оҳанги мутантани фахрӣ ва марши махсус ба толор ворид карда шуда, дар паҳлӯи рости минбар гузошта шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба назди Кохи Сомон расида, ба толори тантанаҳо раҳсипор гардиданд.

Дар ду ҷониби роҳрав аз даромадгоҳи бино сар карда, то даромадгоҳи толор сипоҳиёни Қаровули фахрӣ саф кашидаанд.

Аз ҷониби чапи даромадгоҳи толор оркестри симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамсароён ҷой гирифтаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба толори тантанаҳои савгандёдкунӣ зери оҳанги мутантан ва марши ифтихорӣ ворид шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба болои шоҳсуфа баромада, мутобиқи Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дасти рост ба болои Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, савганд ёд карданд.

Баъд аз ин Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои оркестри симфонӣ ва ҳамсароён ва аҳли толор ба таври зинда садо дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ин лаҳза ба марҳилаи нави роҳбарии давлат расман ворид шуданд, дар назди ҳозирин суханронӣ намуданд.

     Баъди анҷоми суханронӣ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери садои мусиқии ифтихорӣ ва кафкӯбии бардавоми ҳозирин ба маросими гулгузорӣ ба пояи Муҷассамаи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва савганди садоқат ёд намудани афроди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони Дӯстии пойтахт раҳсипор шуданд.

    Баъди анҷоми суханронӣ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери садои мусиқии ифтихорӣ ва кафкӯбии бардавоми ҳозирин ба маросими гулгузорӣ ба пояи Муҷассамаи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва савганди садоқат ёд намудани афроди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони Дӯстии пойтахт раҳсипор шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мошин хамроҳи эскорти мотосиклҳо ба хиёбони Рудакӣ баромаданд.

Дар майдони Дӯстӣ ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон саф ороста буданд.

Қофилаи мошинҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯ ба рӯи пайкараи Исмоили Сомонӣ, ки ҷузъи марказии муҷассамаи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аст, қарор гирифт.

Дар ин ҷо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳимояи ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакат - Вазири мудофиа, Вазири корҳои дохилӣ, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Фармондеҳи Горди миллӣ, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар мақомоти марбута низ бо либоси ҷашнӣ саф кашиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мошин фурӯд омада, ба сӯйи Муҷассама равон шуданд. Пешопеш афсари горди фахрӣ ва ду нафар сипоҳиён гулчанбарро бардошта, бо қадамҳои низомӣ пеш мераванд.

    Баъди гузоштани гулчанбар ва лаҳзаи хомӯшӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи эҳтиром ба таърихи пурифитихори давлатдории миллӣ бо нимтаъзим ба Муҷассамаи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон эҳтиром ба ҷо оварданд.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар бораи омодагии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба маросими савганди садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паради ҳарбӣ гузориш дод.

Баъди салому дуруд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, савганди садоқат ба Президенти кишвар ёд кардани фармондеҳон, афсарон ва тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомии мамлакатро эҳёи яке аз суннатҳои бостонии давлатдории ниёгон ва омили собиткунандаи масъулияти бузурги фарзандии онҳо дар ҳимояи Ватани азиз ва давлату миллати худ маънидод карданд.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нидои шодию қарсакзании ҳозирин Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ савганди тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба забон овард. Афроди Қувваҳои Мусаллаҳ якҷоя савганд ёд карданд.

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби оркестри асбобҳои нафасии гарнизони ҳарбии Душанбе, ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва кулли иштирокчиёни ин тантана зинда садо дод. 

   Ҳамзамон бо садо додани суруди миллӣ садои 30 шиллик аз тӯпҳо дар фазои пойтахти кишварамон танинандоз шуд.

Сипас бо амри фармондеҳи парад расми гузашти низомӣ оғоз ёфт.

Дар ин тантанаи бошукӯҳ беш аз 8 ҳазор ҳайати махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ки шомили сохторҳои гуногуни низомӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва мақомоти қудратии кишвар мебошанд, ширкат намуданд.

Онҳо бо қадамзании низомӣ аз назди минбар гузашта, бори дигар садоқати худро ба Президент ва давлати Тоҷикистон таъкид намуданд. Ин паради бошукӯҳ, ҳамчунин нишони омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баҳри ҳифзи музаффариятҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми шарафманди Тоҷикистон аст.

Бо ҳамин маросими тантанавии ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷараён дошт, ба поён расид.

Мавриди зикри хос аст, ки ин чорабинӣ дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо чунин тартиб бори сеюм ҷараён гирифта, аз эҳёи боз як оини бостонии давлатдории ниёгонамон гувоҳӣ медиҳад.

 

 

  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ

  НОҲИЯИ САНГВОР

__________________________________________________________________________________

МАЪЛУМОТ

 

   Оид ба иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, №АП-1365 бо мақсади пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории сироятии навъи коронавирус (COVID-19), пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории сироятии навъи коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

   Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ба мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ситоди ноҳиявӣ ҷиҳати бурдани корҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории сироятии навъи коронавирус (COVID-19) дар ҳайати 42 нафар роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ташкил гардида, ҳайат ва нақшаи чорабиниҳо бо амри раиси ноҳия аз 31.03.2020, №47 тасдиқ гардидааст. Бояд қайд намоям, ки аз рӯзи аввали хуруҷи бемории коронавирус то айни ҳол корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи гурӯҳҳои корӣ ба мақсади пурзӯр намудани корҳои зиддиэпидемикӣ суҳбату вохӯриҳо хона ба хона ташкил ва гузаронида шуда истодааст. Ситоди ноҳиявӣ аз моҳи апрел то имрӯз 19 маротиба бо аъзои ситод оид пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории сироятии навъи коронавирус (COVID-19) вохӯриҳо гузарониданд.

   Аз тарафи кормандони муассисаи назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия дар ҳамкорӣ бо беморхонаи марказӣ ва маркази саломатӣ якчанд маротиба маркази ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон бо маҳлули гипохлориди калсий ва гипохлориди калий поккорӣ карда шуданд.

   Аз аввали хуруҷи беморӣ дар даромадгоҳҳои ноҳия бо дастури раиси ноҳия дидбонгоҳҳои назоратии шабонарӯзӣ ташкил карда шуда, меҳмонон ва шахсони ба ноҳия воридгардида аз ташхис гузаронида, шахсони ҳарорати баланддошта ба давраи карантини хонагӣ фаро гирфта мешуданд.

   Ҷиҳати иҷрои протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2020 ва амри раиси ноҳия аз 31.03.2020,№47 «Оид ба татбиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020,№АП-1365» ва протоколи вохӯрии раиси ноҳия бо аъзои ситоди ноҳиявии пешгирии интиқоли бемории сироятии нави коронавирус (COVID-19) аз 4 майи соли 2020, №61, гурӯҳи корӣ хона ба хона гашта ба онҳо барои ислоҳи камбудиҳо ва пешгирӣ аз ҳар гуна касалиҳои сироятӣ аз ҷумла бемории сироятии нави коронавирус (COVID-19) огоҳнома доданд.

   Ба мақсади пешгирӣ ва интиқоли бемории сироятӣ коронавирус дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзӯр гардида, кормандони ташкилоту муассисаҳо дар доираи имкониятҳо ба фонди мутамарказонидашудаи чумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва интиқоли бемории сироятии корнавирус маблағ ва фитри рӯзаи худро интиқол намуданд. Дар асоси маълумоти ситоди ноҳиявӣ ва сартабиб беморхонаи марказии ноҳия Саидов Р. аз 30. 04. 2020 то ин ҷониб 331 ҳолати бемориҳои ҳароратбаланд муайян гардид, ки аз ин шумор 22 нафар бемор бо илтиҳоби шаддиди шушҳо ба таври дахлдор дар беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти Сангвор бистарӣ гардида, ба онҳо ба таври доимӣ маводи доруворӣ ва хӯроки ройгон дастрас карда шуданд.

   Табибон ва кормандони хурди тиббии дар карантин буда бо лавозимоти зарурӣ (либоси муҳофизатӣ, ниқоби бисёркарата, айнак ва маҳлули безараргардонӣ) таъмин гардиданд. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдат миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумакҳо бо маводи ғизоӣ барои кормандони тибб ва доруворӣ барои беморон ҳамчун ҳадя равона карда шуд: орд ба миқдори 3 тонна, картошка 3 тонна, пиёз 10 тонна, сабзи 7 тонна, макарон 1 тонна, гречка 1 тонна, приловка 1 тонна, биринҷ 1 тонна, равған 1 тонна.

     Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор барои харидорӣ намудани маводҳои доруворӣ, либосҳои бисёркарата, ниқобҳои тиббӣ, маводҳои антисептикӣ, хлор ва сузишвориҳо аз бақияи озод ба соҳаи тандурустӣ барои пешгирӣ намудани бемории сироятии навъи коронавирус (COVID-19) бо қарорҳои раиси ноҳия аз 19 марти соли 2020, №73 ба беморхонаи марказӣ ба маблағи 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ, аз 1 апрели соли 2020, №77 ба маркази саломатӣ (КАТС) ба маблағи 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ, аз 6 апрели соли 2020, №78 ба беморхонаи марказӣ ба маблағи 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ, аз 1 майи соли 2020, №116 ба беморхонаи марказӣ ба маблағи 14000 (чордаҳ ҳазор) сомонӣ, аз 1 майи соли 2020, №115 ба маркази саломатӣ (КАТС) ба маблағи 14 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ, аз 12 майи соли 2020, №126 ба маркази давлатии санитарии эпидемиологии ноҳия ба маблағи 6 000 (шаш ҳазор) сомонӣ, аз 4 майи соли 2020, №120 барои харидорӣ намудани ниқобҳои тиббӣ 6 000 (шаш ҳазор) сомонӣ, аз 21 майи соли 2020, №137 ба беморхонаи марказӣ барои харидори намудани сӯзишворӣ ба маблағи 12500 (дувоздаҳ ҳазору панҷсад) сомонӣ, аз 21 майи соли 2020, №138 ба маркази саломатӣ (КАТС) ба маблағи 12000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 84 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо карда шуд (қарорҳо дар 9 варақ замима мегарданд). Аз ҷониби Агентии давлатии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фонди захира дар минтақаи Рашт) орд 1 тонна, макарон 500 кг, биринҷ 500 кг, шакар 500 кг, равған 500 кг, нахудпора 500 кг, гречка 500 кг, пиёз 500 кг, сабзӣ 500 кг бо илова маводҳои доруворӣ 10 номгӯй дастрас шуд. Аз ҳисоби ВТ ва ҲИАҶТ аз қабили маҳлулҳои антисептикӣ ва маводҳои доруворӣ, либосҳои муҳофизатии бисёркарата дастгирӣ шуд.

 

 

 

 

 

 

 

    Аз фонди ҷамъиятии Оғо Хон оид ба тандурустии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт маҳлулҳои антисептикӣ, дорупошакҳо, маводи гипохлориди калсий, либосҳои муҳофизатии бисёркарата, дастпӯшакҳо, ҳароратсанҷҳо, ҳароратсанҷҳои фосилавӣ, ниқобҳо ва курпаю болишту матрасҳо кумак расонида шуд. Аз тарафи ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар кормандони соҳаи тандурустӣ бо либосҳои муҳофизатӣ, айнакҳо, ниқобҳо, ҳароратсанҷҳои фосилавӣ дастгирӣ карда шуд. Аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Хоҷаев Қутбуддин Қиёмиддинович, Мавлонов Саидмаъруф Бекиҷонович ва Хушвахтов Шоҳхуҷа Идиевич барои ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи тандурустӣ, аз қабили орд, биринҷ, равған ва барои беморон маводҳои дорувории зиддивирусӣ, таҷҳизоти оксигенератор 2 адад ва таҷҳизоти пулсоксиметр, рахти хоб, матрас ба соҳаи тандурустӣ кумак карда шуд (борхатҳо ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар 16 варақ замима мегарданд).