Ҳамдиёрони азиз!
Меҳмонони гиромӣ!


   Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шуморо ба фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз, ки ба оғози баҳори оламафрӯз рост меояд, табрик ва таҳният гуфта, ба Шумо саодатмандӣ, иқболи нек, ҳаёти пур аз муҳаббати бепоёну илҳомбахш ва тамоми хушиҳои дунёро таманно дорам.
   Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ба Иди Наврӯз мақоми байналмилалӣ дода шуд. Аз ин рӯ, таҷлили ин ид дар сатҳи байналмилалӣ миллатҳои ҷаҳонро бо ҳам қарин мегардонад. Бахусус, дар ҳоле ки ҷаҳонро хатарҳои терроризм ва экстремизм таҳдид мекунад ва ин хатарҳоро бо дину миллатҳо нисбат медиҳанд, пешниҳоди Созмони Милали Муттаҳид дар шинохт ва эҳтироми фарҳанги миллатҳо нақши муҳим дорад.
   Дар фазои софу беғубор ва сулҳпарвари сарзамини куҳанбунёд ва муҳити созандаю бунёдгари мо накҳати яке аз қадимтарин ва зеботарин ҷашни аҷдодонамон – Наврӯзи хуҷастапай танинандоз асту ба машом мерасад. Аз шарофати Наврӯз қалби пиру барноро эҳсоси гуворою фараҳбахши наврӯзӣ фаро мегирад. Ба истиқболи Наврӯзи оламафрӯз дар гӯшаву канори Тоҷикистон чун арзи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ ниёгон дастархони идонаи наврӯзӣ меороянд ва мардум аз файзу баракати рӯзгор шукргузорӣ менамоянд.

      


Наврӯз дар аҳди Сомониён аз ҷумлаи бузургтарин ва муътабартарин идҳои мардуми тоҷик буда, ба истиқболи он деҳқонон, тоҷирон, косибон, сарбозону ҳокимон моҳҳо тайёрӣ медиданд. Шоирон ва санъаткорону ҳунармандон беҳтарин офаридаҳои ҳунари хешро маҳз дар айёми Наврӯз пешкаши мардум мекарданд.
Наврӯз иди поку беолоиши мардумист, ки ба дастархони ҳар хонадон файзу баракат меорад, аз зиндагии серу осуда мужда мерасонад ва ба кишоварзону деҳқонон кӯшоиши кор ато мекунад. Аҳли кишту кор Наврӯзро чун муждаи эҳёи табиат бесаброна интизор мешаванд.
Акнун ин ҷашни фархундаро дар тамоми ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мекунанд. Наврӯз нишонаи олии хубию покӣ, дӯстию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат аст. Ин иди бузург аз давраи Ҷамшеду Каюмарс то ин замон чандин марҳилаҳои вазнини таърихиро тай намуда, аз чанги душманону бадхоҳон раҳо ёфта, то ба замони имрӯзи мо расидааст. Наврӯз ин иди аҷдодони гузаштаи мо мебошад, ки ба мо ҳамчун мерос боқӣ монда, арҷгузорӣ ба ин ҷашни миллӣ, арҷгузорӣ ба расму русуми гузашта мебошад. Наврӯз ин оғози рӯзу моҳу соли нав аст. Моро мебояд, ки бо ин мероси аҷдодони худ бифахрем, чунки дар тули қарнҳо ин миллати ватандӯст новобаста аз ҳама гуна офатҳою газандҳо, фишороварию ғасбнамоии душманони аҷнабӣ, ки пай дар пай ба хоку марзи ин ватан ҳуҷум мекарданд, боқӣ мондаaст. Ин ҳасудон бо баҳонаҳои зиёде садди роҳи таҷлили ҷашни Наврӯз мешуданд ва ин чиз дар даврони шуравӣ низ ба назар мерасид. Бо ин ҳама дарду машаққатҳо миллати тоҷик тавонист дубора Наврӯзро зинда кунонад ва ҳатто ба ҷаҳониён муаррифӣ созад. Наврӯзе, ки ободӣ мехоҳад, Наврӯзе, ки дӯстӣ мехоҳад, Наврӯзе, ки сарсабзӣ меорад имрӯзҳо ҷаҳонӣ шудааст. Наврӯз як ҷашни зебост ва дар фасли арӯси сол-баҳор гузаронида мешавад. Баъди соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон ҳамасола дар таърихи 21-24-уми март дар саросари кишвар ин ҷашни бошукуҳ бо тамоми расму оинҳояш таҷлил карда мешавад.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки Ватани аслии Наврӯз сарзамини тоҷикон буда, номи фасеҳу ширин ва гуворояш низ лафзи тоҷикист ва бо ҳамин ном, яъне Наврӯз ба иди бисёр халқҳои ҷаҳон табдил ёфтааст. Наврӯз идест, ки бо олами ҳастӣ, бо табиат ва обу хоки он пайвастагии зич дорад. Мардум барои гиромидошти ин муқаддасот асрҳо Наврӯзро бо тантана ҷашн мегиранд. Наврӯз, ки таърихи чандин ҳазорсола дорад ва дар байни аҷдодони мо ҳанӯз то замони зуҳури оини Зардуштӣ маҳбубият пайдо карда буд, ҳамчун иди миллии тоҷикон баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую омол, расму оин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносӣ ва аз рукнҳои гуногуни тамаддуни миллати мо буда, дар тӯли ҳазорсолаҳои мавҷудияташ истиқлолияти фарҳангию миллии моро ҳифз кардааст. Мо, тоҷикон ба истиснои идҳои мазҳабӣ асосан ду иди бузург дорем, ки онҳо манбаи ифтихору болидагии рӯҳи ҳар як тоҷики ватандӯст ва бо нангу номусанд. Ин идҳои мардумию умумихалқӣ, ки барои ҳар як фарди худогоҳу соҳибфарҳанг ва ватанпарвару миллатдӯст азизанд, иди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва иди Наврӯз мебошанд.
Бояд гуфт, ки Наврӯз ба худ расму оинҳои гуногун дорад ва аз рӯзгори пешин то ин замон бисёри онхо ба мо расидаанд. Пеш аз ҳама кӯдакон дар саршавии фасли баҳор ва Наврӯзи хуҷастапай маросими гулгардониро ба ҷой меоранд. Гулгардонӣ ин маросиме мебошад, ки кӯдакон гулҳои наврустаи баҳориро хона ба хона бурда, мардумро ба омад-омади баҳор ва Наврӯзи Аҷам табрик месозанд. Дар навбати худ соҳибхона ба онҳо ягон ҳадя медиҳад. Дар Наврӯз одамон ба ободкориҳо ва сафедсозии деворҳои хонаaшон даст мезананд, аз ҳолу аҳволи беморон хабар мегиранд, дар гузашта агар нисбат ба якдигар ягон кинаю ҳасад доштанд, бахшоиш мекунанд, зарфҳои шикастаро мепартоянд, гулхан меафрӯхта, аз болои он меҷаҳанд ва дигар маросимҳои Наврӯзиро тантанавор мегузаронанд. Ҳамаи ин суннатҳои Наврӯзӣ аз ниёгон ба мо омада расидааст.
Дар ин рӯз духтарон куртаҳои миллӣ ба бар карда, дастархони Наврӯзӣ ороста мекунанд ва шеъру ғазалхонӣ менамоянд. Дастархони Наврӯзӣ асосан аз «ҳафтсин»-у «ҳафтшин» иборат буда, инчунин бо хӯрокҳои хубу дилнишини Наврӯзӣ оро дода мешавад. Дар ин рӯз бисёре аз мардумон ба тамошои дашту саҳрои гулпӯши Ватани азизамон мебароянд ва аз ҳавои софу беғубор нафас мегиранд. Воқеан Наврӯз ва баҳор ин айёми шукуфоист, ба куҷое нанигарем, ҳама гулпӯшу гулрез аст. Мурғакони чаман сари ҳар навниҳоли шукуфта нишаста нағмасароӣ мекунанд ва аз рафтани фасли дай хушҳолӣ карда, баҳори накупайро пешвоз мегиранд.
Дар арафаи Наврӯз шахси калонсоли деҳа ва мӯйсафеди рӯзгордида ба деҳқонон дуои нек дода, ба кишту кори баҳорӣ оғоз мебахшад. Аз зебоиҳои баҳор ва Наврӯзи Аҷам шоирон, нависандагон, эҷодкорон ба илҳом омада, баҳору Наврӯзро дар шеъру сухан тасвир мекунанд.
Дар Наврӯз инчунин мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили гӯштингирию бандкашӣ, асптозию бузкашӣ, чавгонбозӣ, бандпараку арғунчакбозӣ гузаронида мешавад.
Дар айёми Наврӯз кинаю адоватро аз худ дур кардану бахшидани гуноҳи якдигар, кушодани оғӯши дӯстиву рафоқат, аёдати пирону барҷомондагон ва гирифтани дуои хайри онҳо, дасти кумак дароз кардан ба ятимону бенавоён ва бепарасторон, обод кардани харобаву вайронаҳо яке аз фазилатҳои хуби инсонӣ мебошанд.
Дар баргузории ҷашни наврӯз аксари ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ҳиссаи худро гузоштаанд. Бинобар ин бо истифода аз фурсат ба ҳамаи онҳо миннатдории худро изҳор намуда, хоҳони онам, ки доимо зиндагии орому осуда, дасти кушод, дили соф ва нияти нек дошта бошанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Меҳмонони муҳтарам!
Бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии Наврӯзи дилафрӯз аз самими дил табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, хотири ҷамъ, бахту саодат, хонаи ободу дастархони пурфайз ва сари баланду барори кор орзумандам. Бигузор ҳар рӯзи Шумо мисли Иди Наврӯзи байналмилалӣ саршори шодию нишот ва орзуҳои наҷиб бошад.
Иди Наврӯз муборак, меҳмонон ва ҳамдиёрони азиз!