Мақомоти иҷроияи махалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор иттило медиҳад, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд “Агроаксияи Олмон” бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 760 нафар оилаҳои ниёзманд аз ҷумла маъюбони гурӯҳӣ 1,2,3, маъюбони аз овони кудакӣ, ятимон, оилаҳои бесаробонмонда кумаки моддӣ аз қабили орд, равған, шакар,биринҷ, лубиё,макарон, наск,гречка кумак расонида шуд, ки 1124800 сомониро ташкил медиҳад.