Чи тавре, ки тавассути ахбори омма огоҳ ҳастем, рӯзи 21-уми декабри соли 2021 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ироа гардид. Дар ноҳияи Сангвор ҷиҳати татбиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, №АП-144 “Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”” зикр гардидаанд, чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Қарори раиси ноҳия аз 31 январи соли 2022, №22 оид ба татбиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, №АП-144 ба тасвиб расида, нақша чорабиниҳои ноҳия тасдиқ гардида зимни он бо роҳбарии раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ, сардорони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва вакилон дар ҷамоатҳои деҳот, деҳаҳои сераҳолӣ муҳтавои паём ба аҳоли расонида шуда истодааст. Пешвои миллат дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ дар радифи таҳлили ҳамаҷонибаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар инчунин ба чанд масъалаи муҳими ҳаёти иҷтимоӣ таваҷҷуҳ намудаанд, ки ба самтҳои фаъолияти мо низ иртиботи мустақим дорад. Аз ҷумла, таъкидҳои қатъии Сарвари давлат вобаста ба ҷалби наврасону ҷавонон ба омузиши донишҳои муосир ва пешгирӣ аз ҳар гуна хурофоту хурофотгароӣ масъулияти моро дар роҳи васеътар намудани фаъолиятҳои тарғиботӣ бо истифода аз имконоти дастрас бештар мегардонад.
Мардуми мо дар тӯли таърихи начандон тӯлонии даврони соҳибистиқлолӣ аз уҳдаи иҷрои бисёр корҳои ҷиддиву сарнавиштсоз бо сарбаландӣ баромаданд ва ба хотири таҳкими пояҳои давлати миллии худ минбаъд низ содиқона ва софдилона заҳмат мекашанд. Бовар дорам, ки то ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон 35 - солагии истиқлолияти давлатӣ мо боз корҳои зиёди бунёдгаронаро амалӣ мекунем, тамоми захираву имкониятҳоро барои бунёди корхонаҳои хурду бузург сафарбар менамоем, ҷойҳои нави корӣ муҳайё месозем ва сатҳи некӯаҳволии халқамонро боз ҳам беҳтар мегардонем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон қайд намуданд, ки «Ман ба қудрати созандаву офарандаи мардуми сарбаланди тоҷик эътимод дорам ва як нуктаро дилпурона изҳор менамоям: мо ҳамаи иқтидору имкониятҳоро дорем, ки раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш бахшем, барои расидан ба ҳадафҳои миллиамон кӯшишу ғайрати бештар намоем, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ камбудиҳои мавҷударо бартараф кунем, рушди устувору босуботи кишвари азизамонро таъмин созем ва рӯзгори ҳар як хонадони Тоҷикистонро аз имрӯза беҳтар гардонем». Дар ин раванд қарзи имонӣ ва вазифаи виҷдониву инсонии ҳар яки мост, ки истиқлолу озодии давлати тоҷиконро чун неъмати муқаддаси ҳаётамон ва мисли гавҳари бебаҳои зиндагиамон гиромӣ дорем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошем.
Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд. Соли оянда ҷиҳати идомаи татбиқи ташаббуси чоруми глобалии Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028 дар пойтахти кишварамон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад, ки ин ифтихори мо тоҷикон аст. Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем. Иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баён доштанд ҳамаҷониба дастгирӣ намуда ҷиҳати иҷрои онҳо саъю кушиш менамоянд.