Мақомоти иҷроияи махалии ҳокимияти  давлатии ноҳияи  Сангвор иттило медиҳад, ки 10 ноябри соли 2022 бахшида ба “Рӯзӣ Милитсия”дар ноҳияи Сангвор чорабинии тантанавӣ бо иштироки раиси ноҳия баргузор гардид. Дар чорабини кормандони ШВКД дар ноҳия, собиқадорон бо сипосномаву туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шудаанд. Чорабиниро ҳунармандони қасри фарҳанг бо сурудҳои ватанпарварӣ ҳусни дигар бахшидаанд.