- Диданд: 609
Ҳозирини гиромӣ!
Шашуми ноябри соли 2023 аз рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рӯйдодҳои муҳим ва арзишманд дар зиндагии ҳамаи мо мебошад, 29 сол сипарӣ мегардад. Халқи Тоҷикистонро саодати бузурге насиб шудааст, ки соҳиби чунин Конститутсия мебошад.
Ба муносибати ин санаи таърихӣ ҳамаи Шуморо самимона табрик мегӯям ва ба Шумо саломатӣ, сарбаландӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ таманно дорам.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6-уми ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, пойдевори давлати тозаистиқлол ва раҳнамои миллати созандаву бунёдкори тоҷик ба ҳисоб меравад.
Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсия пеш омад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуданд ва дар мамлакат давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикиситон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар Конститутсия соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати барномавие мебошад, ки дурнамои давлати Тоҷикистонро муайян мекунад. Ҳама гуна Конститутсия барои даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо қабул мешавад.
Дар Тоҷикистон то соли 1994 чаҳор бори дигар Конститутсияҳо қабул шуда буданд: солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978. Ғайр аз ин 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Конститутсия шаҳодатномаи миллат ва гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол буда, бо иродаи мардум Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон намуд. Дар Конститутсия зикр шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад».
Мутобиқи Конститутсия забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода баранд. Яъне ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандоне, ки забони модариашон дигар аст, маҳдуд карда намешавад.
Конститутсия қонуни олии давлату давлатдорӣ буда, тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеаро танзим менамояд, бинобар ин риоя ва татбиқи он вазифаи муқаддаси ҳокимияти давлатӣ ва тамоми табақаҳои ҷомеа мебошад.
Дар Конститутсия омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».
Мувофиқи талаботи Конститутсия ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.
«Ҳифзи ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст»,- омадааст дар Конститутсия.
Шукуфоӣ ва пешрафти минбаъдаи кишвар ба эҳтироми Конститутсия ва қонунҳо, таҳкими қонуният, садоқату вафодорӣ ба Ватан ва заҳмати содиқонаву софдилона ба хотири ободии он вобаста аст.
Бори дигар Шуморо ба 29-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям.
Дар охир ба ҳамаи Шумо тансиҳатӣ, сарбаланди, ифтихори баланди ватандорию хештаншиносӣ хоҳонам.
Саломату сарбаланд бошед!
- Диданд: 655
Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон-Қонуни сарнавиштсоз!
Ҳозирини гиромӣ, иштирокчиёни конференсия!
Қабули Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол мебошад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол ин санаи таърихӣ, яъне 6-уми ноябрро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашн мегиранд, зеро маҳз ба шарофати амалӣ гардидани меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз ҷомеаи мо аз давраи бисёр душвори таърихӣ раҳоӣ ёфта, дар ҳамаи соҳаҳо тадриҷан ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид ва имрӯз ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.Гузашти солҳо собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик ҷиҳати бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар Конститутсияи давлати соҳибихтиёри тоҷикон дарҷ шудааст, ягона роҳи дуруст ва таҷассумкунандаи манфиатҳои миллӣ, таконбахши рушди бонизоми давлат ва таъминсозандаи зиндагии орому босуботи ҷомеа мебошад.
- Диданд: 717
1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон чун анъанаи наку дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ иштирок ва суханронӣ карда, бо аҳли маорифи кишвар мулоқоти самимӣ доир намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории дарси сулҳро дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик маънидод карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғози соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва дарси сулҳро ба ҳамаи хонандагону донишҷӯён, аз ҷумла ба онҳое, ки имрӯз бори аввал ба остонаи мактаб қадам гузоштанд, ба аҳли илму маорифи мамлакат ва падару модарон самимона табрик гуфтанд.
Чун соли хониш бо дарси сулҳ оғоз мегардад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сиёсати сулҳпарваронаи Ҳукумати кишвар андешаронӣ карда, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳҷӯву адолатпарвар аз минбарҳои баланд борҳо эълон кардааст, ки роҳи асосӣ ва беҳтарини ҳалли ҳама гуна мухолифату низоъҳо риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, музокирот ва ҳалли мусолиматомези масъалаву мушкилот мебошад.
Таъкид гардид, ки бунёди ҷомеаи солиму рушдёфта маҳз тавассути ташаккул додани илму маорифи пешрафта, ба роҳ мондани таълиму тарбияи мақсадноки ба арзишҳои миллӣ асосёфта, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, муҳайё кардани шароити муосири таълим дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, яъне бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо ва албатта, заҳмати содиқонаи аҳли маориф ва ҳамкориву дастгирии падару модарон имкон дошта метавонад.
Ҳукумати мамлакат захираву имкониятҳо ва саъю талоши худро ба ин самти муҳимтарини иҷтимоӣ равона карда, барои илму касбомӯзӣ ва таълиму тарбияи наврасону ҷавонон тамоми шароити заруриро муҳайё сохта истодааст.
Бо дарназардошти он ки рушди устувори соҳаи маориф ва самаранокии ислоҳот аз афзоиши маблағгузорӣ вобастагӣ дорад, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаи калидиро сол ба сол зиёд карда истодааст.
Соли ҷорӣ барои соҳаи маориф 7,2 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 14 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи буҷети солонаи давлатиро ташкил медиҳад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3700 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шудааст ва корҳо дар ин самт идома доранд.
Дар соли таҳсили 1991-1992 шумораи хонандагон дар кишвар 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод. Ин шумора дар соли таҳсили 2022 - 2023 ба 2 миллиону 232 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба оғози даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 900 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илмро вазифадор карданд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасон ва бунёди деҳаву маҳаллаҳои нави аҳолинишин дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати вусъат додани сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид дар онҳо мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Илова бар ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимии таъмирталаб ва дар ҳолати садамавӣ қарордошта тадбирҳои зарурӣ андешад.
Рушди таҳсилоти томактабӣ, ки дар ташаккули шахсияти кӯдакон ва омода намудани онҳо ба муассисаи таҳсилоти умумӣ нақши муҳим дорад, зери таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Зарур шумурда шуд, ки вазоратҳои маориф ва илм, молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ барои ҳарчи бештар ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Ба Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки бояд фаъолияти худро дар самти афзоиш додани маблағгузорӣ ба соҳаи таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба ин зина ва умуман, иҷрои барномаҳои давлатӣ дар ин самт ба таври қатъӣ ҷоннок намоянд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат аз таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи илму маориф аз он иборат аст, ки сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баланд бардошта, насли ояндасози кишвар бо фаро гирифтани илму дониши муосир барои рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани хеш, пешрафти давлат ва ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ омода карда шавад.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим Вазорати маориф ва илм вазифадор карда шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва Академияи таҳсилот то охири соли ҷорӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот”-ро омода карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисиву русиро дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо амри зарурию ҳатмӣ шумурданд.
Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои омода намудани кадрҳои коргарӣ нақши басо назаррас доранд, зеро пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъмин намудани корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ бо мутахассисон дар назди онҳо вазифаҳои нав мегузорад.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вазифадор шуданд, ки ҷиҳати роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои зич бо корхонаҳои саноатии кишвар ва васеъ ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар корхона ва муассисаҳои равияи худ тадбирҳои муассир андешанд.
Сарвари давлат ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ супориш доданд, ки таъсиси марказҳои таълими калонсолонро вусъат бахшад ва фаъолияти беҳтари марказҳои мавҷударо таъмин намояд.
“Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати пешгирифтаи худ наврасону ҷавонон ва хонандагону донишҷӯёнро созандагони фардои Ватан мешуморад ва ман ҳамчун Роҳбари давлат ба шумо - ҷавонони шарафманди кишвар эътимоди комил дорам”,- иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба устодону омӯзгорон муроҷиат намуда, таъкид карданд, ки дар навбати аввал, ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи касбияти худ эътибори доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш як гуруҳ устодону донишҷӯён, аз ҷумла Умеда Шокирова - устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Носирзода Озодамоҳ - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Данғара, Зоирзода Гуландом - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва Баротзода Дилшод - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон баромад карда, ба Сарвари маорифпарвари кишвар барои таъмини шароити муосири кор, илмомӯзӣ ва ғамхориҳои рӯзафзун нисбат ба пешрафти бахшҳои иҷтимоӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
- Диданд: 778
Имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд. Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан – модар дар ҷомеа тамоми имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд. Хурсандибахш аст, ки дар симои занон миллати тоҷик инсонҳои дорои фарҳанг ва ахлоқи воло, занони ҳалиму хоксор, хушодобу закӣ, бонувони зебову иззатманд, модарони мушфиқу ғамхор ва сиёсатмадорони муваффақро мешиносад. Ҷойи ифтихору сарбаландист, ки занону бонувони иззатманди тоҷик имрӯзҳо миёни доираҳои гуногуни сиёсӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун сиёсатмадори варзида ва муваффақ маҳбубият пайдо намуданд.
Бо дарки муҳимияти масъала аз солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ мушкилоти беҳбуди шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати кишвар қарор дошт. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ тамоми имконияту шароитҳоро ба хотири дастгирии ин қишри осебпазири ҷомеа ва роҳандозӣ намудани сиёсати давлатӣ ҷиҳати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузошт.
Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва идоракунии давлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат то ба имрӯз чандин санадҳои меъёриву ҳуқуқиро қабул намуд, ки онҳо барои баланд бардоштани мақоми зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд. Дар ин давра вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти занон, инчунин, масъалаҳои вобаста ба сиёсати демографӣ, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ як силсила асноди меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо» аз 1-уми марти соли 2005, №89; Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 –декабри соли 1999, №5; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 19-уми апрели соли 2001, №199; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи давлатии «Самтҳои асоси сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» аз 8-уми августи соли 2001, № 391; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005» аз моҳи сентябри соли 1998; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Консепсияи рушди оила», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» барои солҳои 2017-2022; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси грантҳои Президентӣ барои рушди соҳибкории хурду миёна, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои солҳои 2006-2010» аз 4-июли соли 2006, №307; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» аз 29 майи соли 2010; Қарори Ҳукумати мамлакат “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020” қабул гардиданд.
Саҳифаи 26 аз 37









