Пас аз гузаронидани чорабиниҳои гуногун дар доираи силсилачорабиниҳои “Моҳвораи ҷавонон” рӯзи 23 май дар толори Қасри фарҳанг барномаи фарҳангӣ таҳти унвони “Ҳоло ки ман ҷавонам” баргузор гардид.Чорабинии мазкур соати 10:00 оғоз ёфт, ки онро бо суханони ифтитоҳи барандаи ин чорабинӣ Бахтиёр Фақиров кушода, сухани табрикиро ба раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат дод. Мавсуф баромад намуда, кулли ҷавонон ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарифи ноҳияро ба Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфт. Пас аз суханони пурмуҳтавои раиси ноҳия мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Тўйчии Нурмаҳмад баромад намуда, ҷавононро ба ин рӯзи муборак табрику муборакбод намуда, бархе аз ҷавонони муваффақро(гирандагони идрорҳои президентӣ, раиси ноҳия ва дигар ҷавонони лаёқатманду ташаббускор) дар ҳузури раиси ноҳия, бо Ифтихорномаю туҳфаҳои молӣ сарфароз гардонид.
Раиси ноҳия дар анҷом ба чунин ҷавонони созандаю ифтихори миллат аҳсан гуфта, ба онҳо дар шоҳроҳи зиндагияшон муваффақиятҳо таманно намуд.
Ҳамин тариқ баъди ин қисмати чорабинӣ барномаи фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони “Ҳоло ки ман ҷавонам” оғоз ёфт, ки он аз тарафи ҳунармандони бахши фарҳанг ва театри халқии ноҳия омода шуда буд. Ин барномаи фароғатӣ табъи ҷавононро болида гардонида, истироҳати эшонро нуран алонур намуд.
Тамоми чорабиниҳои варзишию маданию фароғатӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзишу муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия дар тӯли як моҳе, ки ба роҳ монда шуда буд, дар як сатҳи хуб ба анҷом расиданд. Ин ҳама чорабиниҳо рӯҳияи ватандорию ҳисси эҳтиром ба арзишҳои миллии ҷавононро баланд бардошт, ки таассуроти онҳо то дергоҳ дар хотири ҷавонон нақш хоҳад гирифт.