Имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд. Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан – модар дар ҷомеа тамоми имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд. Хурсандибахш аст, ки дар симои занон миллати тоҷик инсонҳои дорои фарҳанг ва ахлоқи воло, занони ҳалиму хоксор, хушодобу закӣ, бонувони зебову иззатманд, модарони мушфиқу ғамхор ва сиёсатмадорони муваффақро мешиносад. Ҷойи ифтихору сарбаландист, ки занону бонувони иззатманди тоҷик имрӯзҳо миёни доираҳои гуногуни сиёсӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун сиёсатмадори варзида ва муваффақ маҳбубият пайдо намуданд.
Бо дарки муҳимияти масъала аз солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ мушкилоти беҳбуди шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати кишвар қарор дошт. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ тамоми имконияту шароитҳоро ба хотири дастгирии ин қишри осебпазири ҷомеа ва роҳандозӣ намудани сиёсати давлатӣ ҷиҳати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузошт.
Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва идоракунии давлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат то ба имрӯз чандин санадҳои меъёриву ҳуқуқиро қабул намуд, ки онҳо барои баланд бардоштани мақоми зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд. Дар ин давра вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти занон, инчунин, масъалаҳои вобаста ба сиёсати демографӣ, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ як силсила асноди меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо» аз 1-уми марти соли 2005, №89; Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 –декабри соли 1999, №5; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 19-уми апрели соли 2001, №199; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи давлатии «Самтҳои асоси сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» аз 8-уми августи соли 2001, № 391; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005» аз моҳи сентябри соли 1998; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Консепсияи рушди оила», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» барои солҳои 2017-2022; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси грантҳои Президентӣ барои рушди соҳибкории хурду миёна, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои солҳои 2006-2010» аз 4-июли соли 2006, №307; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» аз 29 майи соли 2010; Қарори Ҳукумати мамлакат “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020” қабул гардиданд.
Дар воқеъ қабули ин санадҳои муҳим ва даҳҳо санадҳои дигар, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавии хонаводаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода кардани кадрҳои боистеъдод аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳтар намудани вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудааст, замина гузоштанд. Аз дигар тараф санадҳои меъёрии ҳуқуқи зикршуда барои амалӣ шудани ташаббусҳои шоистаи онҳо заминаи воқеӣ фароҳам меоранд.
Мо занону бонувони тоҷик аз он ифтихормандем, ки зимни аксарияти кулли суҳбату вохӯриҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа, тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони болаёқат, инчунин, дастгирии ташаббусҳои занону бонувон дар самтҳои мухталифи ҷомеа ва ғамхорӣ нисбат ба оила ҳадафи дигари давлати мо мебошанд.
Яке аз арзишмандтарин ва бузургтарин хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибиистиқлолии давлатӣ дар самти дастгирии занон ин ҷудо намудани квотаи Президентӣ барои духтарони кӯҳистон дар макатбҳои олии кишвар ба ҳисоб меравад. Ин иқдоми наҷибонаи Роҳбари давлат барои боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва босавод гардонидани занон мусоидат намуд. Ҳоло дар кишвари мо имконият фароҳам оварда шудааст, ки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баробари мардон бевосита фаъолият дошта бошанд. Имрӯз теъдоди ҳарчи бештари занон ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ фаро гирифта мешаванд. Мо бо чунин занону бонувони матиниродаи миллат ифтихор мекунем ва ба садоқати онҳо ба Ватан аҳсан мехонем. Ҳамзамон, як бахши муҳимми Паёми Сарвари давлат низ ҳамасола ба Маҷлиси Олии кишвар масъалаи дастгирии занон ташкил медиҳад.
Мо, занону бонувон кишвар ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзун ва бемисли Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадорем, ки бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва қарзи инсонӣ тамоми нерӯю ғайрат ва кӯшишу заҳмати хешро барои ҳифз, нигаҳдошт ва таҳкими дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, манфиатҳои миллӣ ва таъмини ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон равон намоем. Мо бо тамоми ҳастиамон талош хоҳем кард, то кохи истиқлоли давлати Тоҷикистон дар ҳама давру замонҳо пурҷилову муҳташам ва устувору бегазанд бошад.
Сабоҳат ҚУРБОНОВА