1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон чун анъанаи наку дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ иштирок ва суханронӣ карда, бо аҳли маорифи кишвар мулоқоти самимӣ доир намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории дарси сулҳро дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик маънидод карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғози соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва дарси сулҳро ба ҳамаи хонандагону донишҷӯён, аз ҷумла ба онҳое, ки имрӯз бори аввал ба остонаи мактаб қадам гузоштанд, ба аҳли илму маорифи мамлакат ва падару модарон самимона табрик гуфтанд.
Чун соли хониш бо дарси сулҳ оғоз мегардад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сиёсати сулҳпарваронаи Ҳукумати кишвар андешаронӣ карда, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳҷӯву адолатпарвар аз минбарҳои баланд борҳо эълон кардааст, ки роҳи асосӣ ва беҳтарини ҳалли ҳама гуна мухолифату низоъҳо риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, музокирот ва ҳалли мусолиматомези масъалаву мушкилот мебошад.
Таъкид гардид, ки бунёди ҷомеаи солиму рушдёфта маҳз тавассути ташаккул додани илму маорифи пешрафта, ба роҳ мондани таълиму тарбияи мақсадноки ба арзишҳои миллӣ асосёфта, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, муҳайё кардани шароити муосири таълим дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, яъне бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо ва албатта, заҳмати содиқонаи аҳли маориф ва ҳамкориву дастгирии падару модарон имкон дошта метавонад.
Ҳукумати мамлакат захираву имкониятҳо ва саъю талоши худро ба ин самти муҳимтарини иҷтимоӣ равона карда, барои илму касбомӯзӣ ва таълиму тарбияи наврасону ҷавонон тамоми шароити заруриро муҳайё сохта истодааст.
Бо дарназардошти он ки рушди устувори соҳаи маориф ва самаранокии ислоҳот аз афзоиши маблағгузорӣ вобастагӣ дорад, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаи калидиро сол ба сол зиёд карда истодааст.
Соли ҷорӣ барои соҳаи маориф 7,2 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 14 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи буҷети солонаи давлатиро ташкил медиҳад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3700 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шудааст ва корҳо дар ин самт идома доранд.
Дар соли таҳсили 1991-1992 шумораи хонандагон дар кишвар 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод. Ин шумора дар соли таҳсили 2022 - 2023 ба 2 миллиону 232 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба оғози даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 900 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илмро вазифадор карданд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасон ва бунёди деҳаву маҳаллаҳои нави аҳолинишин дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати вусъат додани сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид дар онҳо мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Илова бар ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимии таъмирталаб ва дар ҳолати садамавӣ қарордошта тадбирҳои зарурӣ андешад.
Рушди таҳсилоти томактабӣ, ки дар ташаккули шахсияти кӯдакон ва омода намудани онҳо ба муассисаи таҳсилоти умумӣ нақши муҳим дорад, зери таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Зарур шумурда шуд, ки вазоратҳои маориф ва илм, молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ барои ҳарчи бештар ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Ба Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки бояд фаъолияти худро дар самти афзоиш додани маблағгузорӣ ба соҳаи таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба ин зина ва умуман, иҷрои барномаҳои давлатӣ дар ин самт ба таври қатъӣ ҷоннок намоянд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат аз таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи илму маориф аз он иборат аст, ки сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баланд бардошта, насли ояндасози кишвар бо фаро гирифтани илму дониши муосир барои рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани хеш, пешрафти давлат ва ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ омода карда шавад.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим Вазорати маориф ва илм вазифадор карда шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва Академияи таҳсилот то охири соли ҷорӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот”-ро омода карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисиву русиро дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо амри зарурию ҳатмӣ шумурданд.
Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои омода намудани кадрҳои коргарӣ нақши басо назаррас доранд, зеро пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъмин намудани корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ бо мутахассисон дар назди онҳо вазифаҳои нав мегузорад.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вазифадор шуданд, ки ҷиҳати роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои зич бо корхонаҳои саноатии кишвар ва васеъ ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар корхона ва муассисаҳои равияи худ тадбирҳои муассир андешанд.
Сарвари давлат ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ супориш доданд, ки таъсиси марказҳои таълими калонсолонро вусъат бахшад ва фаъолияти беҳтари марказҳои мавҷударо таъмин намояд.
“Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати пешгирифтаи худ наврасону ҷавонон ва хонандагону донишҷӯёнро созандагони фардои Ватан мешуморад ва ман ҳамчун Роҳбари давлат ба шумо - ҷавонони шарафманди кишвар эътимоди комил дорам”,- иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба устодону омӯзгорон муроҷиат намуда, таъкид карданд, ки дар навбати аввал, ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи касбияти худ эътибори доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш як гуруҳ устодону донишҷӯён, аз ҷумла Умеда Шокирова - устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Носирзода Озодамоҳ - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Данғара, Зоирзода Гуландом - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва Баротзода Дилшод - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон баромад карда, ба Сарвари маорифпарвари кишвар барои таъмини шароити муосири кор, илмомӯзӣ ва ғамхориҳои рӯзафзун нисбат ба пешрафти бахшҳои иҷтимоӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.