Бахшида ба 26-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯзҳои 20, 22, 23 –юми июни соли ҷорӣ дар толори шуъбаи маориф, ҷамоати деҳоти Тавилдара ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия конфронсҳои илмӣ – сиёсӣ дар мавзӯъҳои “Ваҳдати миллӣ ва саҳми он дар таърихи давлатдории мо”, “ Саҳми Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон”, Пешрафту гулгулшукуфоии Тоҷикистон – самараи Ваҳдати миллӣ” баргузор гардиданд, ки дар ин ҷамъомадҳо муҳассилин, омӯзгорон, кормандони ташкилоту муассисаҳо, кормандони КИ ҲХДТ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ширкат варзида, аз таърихи ин Рӯзи муқаддас ва ҷаҳду талошҳои сарвари кишвар баҳри ба даст овардани истиқрори сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ дар кишвар маърӯзаҳои пурмуҳтавои музокиракунандагони ин конфросҳоро шуниданд.
Конфронсҳои илмӣ – сиёсӣ дар рӯҳияи худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ гузаронида шуданд, ки иштирокчиёни ин конфронсҳо як ҷаҳон маънӣ гирифта, шукри Истиқлолу Ваҳдати ватанро намуда, худро шаҳрвандони хушбахти як мамлакати ободу зебо медонистанду ифтихор аз ин сулҳу ваҳдат ва Пешвои муааззаму хирдманди кишвар мекарданд.