Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

   Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.

   Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.

   Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд.

   Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

  Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шуд.

   Мо ҳамчунин, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудем.

    Сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии солҳои охир, аз ҷумла паҳншавии бемории сироятии КОВИД–19, низоъҳои тиҷоратӣ, муноқишаҳои минтақавӣ, халалдор гардидани низоми муносибатҳои байналмилалии иқтисодиву молиявӣ ва таъсири бевоситаи онҳо ба иқтисоди миллӣ ба мо муяссар шуд, ки нишондиҳандаҳои рушдро дар ин марҳалаи ҳассос таъмин намоем.

    Дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардид.

    Ҳол он ки мо дар давраи пандемияи КОВИД–19 беш аз ду сол дар шароити маҳдудиятҳои иқтисодиву тиҷоратӣ қарор доштем.

    Дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид.

    Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид.

    Бо вуҷуди болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, солҳои охир дар кишвар сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, соли 2023-юм 3,8 фоизро ташкил намуд.

Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.

Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд.

Бо мақсади идома додани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намояд.

Вобаста ба ин, зарур аст, ки дар соли 2024 тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида суръати рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин карда шавад.

Вакилони муҳтарам!

Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат қисми даромади буҷети давлатӣ ҳар сол зиёд гардида, соли 2023 ҳаҷми он нисбат ба соли 2017-ум 1,6 баробар афзоиш ёфт.

Бо фароҳам омадани имконият хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид.

Дар ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 21,9 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2023-юм 4 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Дар ин давра танҳо ҷиҳати пардохти кумаки унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат ва кӯдакони маъюб, инчунин, ҷубронпулии яквақта ба шаҳрвандони аз фалокатҳо зарардида 2 милларду 70 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Ҳукумати мамлакат барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар оянда низ тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.

Дар се соли минбаъда ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ афзоиш дода шуда, ба ин мақсад 61 миллиард сомонӣ равона карда мешавад.

Ҳозирини гиромӣ!

   Шашуми ноябри соли 2023 аз рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рӯйдодҳои муҳим ва арзишманд дар зиндагии ҳамаи мо мебошад, 29 сол сипарӣ мегардад. Халқи Тоҷикистонро саодати  бузурге насиб шудааст, ки соҳиби чунин Конститутсия  мебошад.

  Ба муносибати ин санаи таърихӣ ҳамаи Шуморо самимона табрик мегӯям ва ба Шумо саломатӣ, сарбаландӣ ва  ифтихори баланди ватандорӣ таманно дорам.            

  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки    6-уми  ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, пойдевори давлати тозаистиқлол ва раҳнамои миллати созандаву бунёдкори тоҷик ба ҳисоб меравад.

  Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсия пеш омад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуданд  ва дар мамлакат давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид.

   Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикиситон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар Конститутсия соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд.

    Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати барномавие мебошад, ки дурнамои давлати Тоҷикистонро муайян мекунад. Ҳама гуна Конститутсия барои даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо қабул мешавад.

Дар Тоҷикистон то соли 1994 чаҳор бори дигар Конститутсияҳо қабул шуда буданд: солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978. Ғайр аз ин 26-уми  сентябри соли 1999,  22-юми  июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Конститутсия шаҳодатномаи миллат ва  гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол буда, бо иродаи мардум Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон намуд. Дар Конститутсия зикр шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад».

Мутобиқи Конститутсия забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона  истифода баранд. Яъне ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандоне, ки забони модариашон дигар аст, маҳдуд карда намешавад.      

Конститутсия қонуни олии давлату давлатдорӣ буда, тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеаро танзим менамояд, бинобар ин риоя ва татбиқи он вазифаи муқаддаси ҳокимияти давлатӣ ва тамоми табақаҳои ҷомеа мебошад.

        Дар Конститутсия омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии  инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».

Мувофиқи  талаботи  Конститутсия ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ,  озодӣ, шаъну шарафи дигаронро  эҳтиром намояд.

        «Ҳифзи ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст»,- омадааст дар Конститутсия.

   Шукуфоӣ ва пешрафти минбаъдаи кишвар ба эҳтироми Конститутсия ва қонунҳо, таҳкими  қонуният, садоқату вафодорӣ ба Ватан ва заҳмати содиқонаву софдилона ба хотири ободии он вобаста аст.

                Бори дигар Шуморо ба 29-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик  мегӯям.

              Дар охир ба ҳамаи Шумо тансиҳатӣ, сарбаланди, ифтихори баланди ватандорию хештаншиносӣ  хоҳонам.

 

         Саломату сарбаланд бошед!

Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон-Қонуни сарнавиштсоз! 

        Ҳозирини гиромӣ, иштирокчиёни конференсия!

  Қабули Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол мебошад.

     Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол ин санаи таърихӣ, яъне 6-уми ноябрро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашн мегиранд, зеро маҳз ба шарофати амалӣ гардидани меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз ҷомеаи мо аз давраи бисёр душвори таърихӣ раҳоӣ ёфта, дар ҳамаи соҳаҳо тадриҷан ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид ва имрӯз ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.Гузашти солҳо собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик ҷиҳати бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар Конститутсияи давлати соҳибихтиёри тоҷикон дарҷ шудааст, ягона роҳи дуруст ва таҷассумкунандаи манфиатҳои миллӣ, таконбахши рушди бонизоми давлат ва таъминсозандаи зиндагии орому босуботи ҷомеа мебошад.

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон чун анъанаи наку дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ иштирок ва суханронӣ карда, бо аҳли маорифи кишвар мулоқоти самимӣ доир намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории дарси сулҳро дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик маънидод карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғози соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва дарси сулҳро ба ҳамаи хонандагону донишҷӯён, аз ҷумла ба онҳое, ки имрӯз бори аввал ба остонаи мактаб қадам гузоштанд, ба аҳли илму маорифи мамлакат ва падару модарон самимона табрик гуфтанд.

Чун соли хониш бо дарси сулҳ оғоз мегардад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сиёсати сулҳпарваронаи Ҳукумати кишвар андешаронӣ карда, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳҷӯву адолатпарвар аз минбарҳои баланд борҳо эълон кардааст, ки роҳи асосӣ ва беҳтарини ҳалли ҳама гуна мухолифату низоъҳо риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, музокирот ва ҳалли мусолиматомези масъалаву мушкилот мебошад.

Таъкид гардид, ки бунёди ҷомеаи солиму рушдёфта маҳз тавассути ташаккул додани илму маорифи пешрафта, ба роҳ мондани таълиму тарбияи мақсадноки ба арзишҳои миллӣ асосёфта, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, муҳайё кардани шароити муосири таълим дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, яъне бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо ва албатта, заҳмати содиқонаи аҳли маориф ва ҳамкориву дастгирии падару модарон имкон дошта метавонад.

Ҳукумати мамлакат захираву имкониятҳо ва саъю талоши худро ба ин самти муҳимтарини иҷтимоӣ равона карда, барои илму касбомӯзӣ ва таълиму тарбияи наврасону ҷавонон тамоми шароити заруриро муҳайё сохта истодааст.

Бо дарназардошти он ки рушди устувори соҳаи маориф ва самаранокии ислоҳот аз афзоиши маблағгузорӣ вобастагӣ дорад, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаи калидиро сол ба сол зиёд карда истодааст.

Соли ҷорӣ барои соҳаи маориф 7,2 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 14 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи буҷети солонаи давлатиро ташкил медиҳад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3700 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шудааст ва корҳо дар ин самт идома доранд.

Дар соли таҳсили 1991-1992 шумораи хонандагон дар кишвар 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод. Ин шумора дар соли таҳсили 2022 - 2023 ба 2 миллиону 232 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба оғози даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 900 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илмро вазифадор карданд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасон ва бунёди деҳаву маҳаллаҳои нави аҳолинишин дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати вусъат додани сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид дар онҳо мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Илова бар ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимии таъмирталаб ва дар ҳолати садамавӣ қарордошта тадбирҳои зарурӣ андешад.

Рушди таҳсилоти томактабӣ, ки дар ташаккули шахсияти кӯдакон ва омода намудани онҳо ба муассисаи таҳсилоти умумӣ нақши муҳим дорад, зери таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Зарур шумурда шуд, ки вазоратҳои маориф ва илм, молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ барои ҳарчи бештар ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Ба Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки бояд фаъолияти худро дар самти афзоиш додани маблағгузорӣ ба соҳаи таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба ин зина ва умуман, иҷрои барномаҳои давлатӣ дар ин самт ба таври қатъӣ ҷоннок намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат аз таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи илму маориф аз он иборат аст, ки сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баланд бардошта, насли ояндасози кишвар бо фаро гирифтани илму дониши муосир барои рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани хеш, пешрафти давлат ва ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ омода карда шавад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим Вазорати маориф ва илм вазифадор карда шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва Академияи таҳсилот то охири соли ҷорӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот”-ро омода карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисиву русиро дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо амри зарурию ҳатмӣ шумурданд.

Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои омода намудани кадрҳои коргарӣ нақши басо назаррас доранд, зеро пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъмин намудани корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ бо мутахассисон дар назди онҳо вазифаҳои нав мегузорад.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вазифадор шуданд, ки ҷиҳати роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои зич бо корхонаҳои саноатии кишвар ва васеъ ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар корхона ва муассисаҳои равияи худ тадбирҳои муассир андешанд.

Сарвари давлат ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ супориш доданд, ки таъсиси марказҳои таълими калонсолонро вусъат бахшад ва фаъолияти беҳтари марказҳои мавҷударо таъмин намояд.

“Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати пешгирифтаи худ наврасону ҷавонон ва хонандагону донишҷӯёнро созандагони фардои Ватан мешуморад ва ман ҳамчун Роҳбари давлат ба шумо - ҷавонони шарафманди кишвар эътимоди комил дорам”,- иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба устодону омӯзгорон муроҷиат намуда, таъкид карданд, ки дар навбати аввал, ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи касбияти худ эътибори доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш як гуруҳ устодону донишҷӯён, аз ҷумла Умеда Шокирова - устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Носирзода Озодамоҳ - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Данғара, Зоирзода Гуландом - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва Баротзода Дилшод - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон баромад карда, ба Сарвари маорифпарвари кишвар барои таъмини шароити муосири кор, илмомӯзӣ ва ғамхориҳои рӯзафзун нисбат ба пешрафти бахшҳои иҷтимоӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.