Ҳозирини гиромӣ!

           Шашуми ноябри соли 2020 аз рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рӯйдодҳои муҳим ва арзишманд дар зиндагии ҳамаи мо мебошад, 26 сол сипарӣ мегардад. Халқи Тоҷикистонро саодати  бузурге насиб шудааст, ки соҳиби чунин Конститутсия  мебошад. Зеро дар дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  омадааст «Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор  дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро  вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».

      Ба муносибати ин санаи таърихӣ ҳамаи Шуморо самимона табрик мегӯям ва ба Шумо саломатӣ, сарбаландӣ ва  ифтихори баланди ватандорӣ таманно дорам.            

          Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки    6-уми  ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, пойдевори давлати тозаистиқлол ва раҳнамои миллати созандаву бунёдкори тоҷик ба ҳисоб меравад.

          Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсия пеш омад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нави таърихӣ инкишофи худ ворид шуданд  ва дар мамлакат давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикиситон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар Конститутсия соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд.

            Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати барномавие мебошад, ки дурнамои давлати Тоҷикистонро муайян мекунад ва ҳама гуна Конститутсия барои даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо қабул мешавад.

     Дар Тоҷикистон то соли 1994 чаҳор бори дигар Конститутсияҳо қабул шуда буданд: солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978. Ғайр аз ин 26-уми  сентябри соли 1999,   22 - юми   июни   соли    2003   ва

22-юми майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

           Конститутсия шаҳодатномаи миллат ва  гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол буда, бо иродаи мардум Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон намуд. Дар Конститутсия зикр шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти  арзии Тоҷикистонро давлат   таъмин  менамояд.

Мутобиқи Конститутсия забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ буда, забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона  истифода баранд. Яъне ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандоне, ки забони модариашон дигар аст, маҳдуд карда намешавад.  

   Конститутсия  қонуни олии давлату давлатдорӣ буда, тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеаро танзим менамояд, бинобар ин риоя ва татбиқи он вазифаи муқаддаси ҳокимияти давлатӣ ва тамоми табақаҳои ҷомеа мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикиситон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.   Дар Конститутсия омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии  инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».

Мувофиқи  талаботи  Конститутсия ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ,  озодӣ, шаъну шарафи дигаронро  эҳтиром намояд.

       «Ҳифзи ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст»,- омадааст дар Конститутсия. Тибқи талаботҳои Конститутсия Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад. Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар  таҳти ҳимояи давлат мебошад. Шукуфоӣ ва пешрафти минбаъдаи кишвар ба эҳтироми Конститутсия ва қонунҳо, таҳкими  қонуният, садоқату вафодорӣ ба Ватан ва заҳмати содиқонаву софдилона ба хотири ободии он вобаста аст.

           

              

                    Ҳозирини  гиромӣ!

      Бори дигар Шуморо ба 26-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик  мегӯям.

              Дар охир ба ҳамаи Шумо тансиҳатӣ, сарбаланди, ифтихори баланди ватандорию хештаншиносӣ  хоҳонам.

         Саломату сарбаланд бошед!

.

 

     30 октябри соли 2020 маросими ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ намудани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ        Раҳмон тибқи     муқаррароти расмӣ баргузор гардид.

    Хотиррасон бояд намуд, ки рӯзи 11 октябри соли 2020 ба тариқи интихоботи умумихалқӣ номзад аз Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон,     Иттифоқи ҷавонони   Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 90,92 % овози интихобкунандагон аз нав ба    мақоми Президенти Ҷумҳурии   Тоҷикистон интихоб шуданд.

   Маросими мазкур дар Қасри Миллат, Кохи Сомони бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар майдони Дӯстии пойтахт бо савгандёдкунии афроди   Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

    Маросими ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти кишвар дар толори оинабандии Қасри Миллат, бо супурдани шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии   Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода оғоз ёфт.

    Ҳамзамон бо супурдани шаҳодатнома Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз ба Эмомалӣ   Раҳмон супорид.Дар толори Кохи Сомон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони     Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони         Маҷлиси Олӣ ҷаласаи якҷояи сеюми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, даъвати шашумро ифтитоҳ карда, якҷоя ҳозир шуданд.

   Дар толор ҳамчунин аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва намоядагони аҳли ҷомеа ҳузур доштанд.Қатори мошинҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ёд кардани савганд аз Қасри Миллат ҷониби Кохи Сомони бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат намуданд.

   Дар ин вақт Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби афсарону сарбозони Горди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки либосҳои идонаи низомӣ ва шамшерҳои аз ниём кашида доштанд, ба толор зери оҳанги мутантани фахрӣ ва марши махсус ворид карда шуд.

   Дар болои шоҳсуфа Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби рост ва аз ҷониби чап Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуданд.

   Хотиррасон мекунем, ки Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи рангҳо ва андозааш монанди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар маркази он тасвири Дирафши Ковиён омадааст, ки он нишони хос ва босуботи давлатдории миллӣ аз даврони қадим аст.

    Дар қисми болоии Дирафши Ковиён найза тасвир ёфтааст, ки рамзи ирода ва қудрати ҳифзи давлат мебошад.

    Қисмати чаҳоргонаи Дирафши Ковиён - чаҳор тарафи ҷаҳонро таҷассум мекунад, ки рамзи равобити нек, дустӣ ва ҳамкорӣ бо ҳама кишварҳои олам аст.

    Дар дохили Дирафши Ковиён - чаҳор шохаи марғула дар даври хуршед ҳамчун рамзи ҳамеша дар ҳаракат будани вақту замон, даври замин ва аносири коинот дар атрофи хуршед инъикос ёфта, баёнгари бахт, ваҳдат, саодат ва пешрафти кишвар мебошанд.

    Дар маркази Дирафши Ковиён шери болдор ҳамчун рамзи қудрат, нерӯмандӣ ва шукӯҳи давлат дар заминаи осмони кабуд тасвир ёфтааст.

      Дар болои тасвири шери болдор тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун асоси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд.

Дирафши Ковиён бо ресмонҳои рангаи зарҳалин дар ҳарду ҷониби Ливо дастдӯзӣ гаштааст.

Нӯги чӯбдасти Ливо шакли гунбази зарринро дорад.

      Сипас, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сипоҳиёни Горди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери оҳанги мутантани фахрӣ ва марши махсус ба толор ворид карда шуда, дар паҳлӯи рости минбар гузошта шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба назди Кохи Сомон расида, ба толори тантанаҳо раҳсипор гардиданд.

Дар ду ҷониби роҳрав аз даромадгоҳи бино сар карда, то даромадгоҳи толор сипоҳиёни Қаровули фахрӣ саф кашидаанд.

Аз ҷониби чапи даромадгоҳи толор оркестри симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамсароён ҷой гирифтаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба толори тантанаҳои савгандёдкунӣ зери оҳанги мутантан ва марши ифтихорӣ ворид шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба болои шоҳсуфа баромада, мутобиқи Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дасти рост ба болои Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, савганд ёд карданд.

Баъд аз ин Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои оркестри симфонӣ ва ҳамсароён ва аҳли толор ба таври зинда садо дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ин лаҳза ба марҳилаи нави роҳбарии давлат расман ворид шуданд, дар назди ҳозирин суханронӣ намуданд.

     Баъди анҷоми суханронӣ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери садои мусиқии ифтихорӣ ва кафкӯбии бардавоми ҳозирин ба маросими гулгузорӣ ба пояи Муҷассамаи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва савганди садоқат ёд намудани афроди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони Дӯстии пойтахт раҳсипор шуданд.

    Баъди анҷоми суханронӣ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери садои мусиқии ифтихорӣ ва кафкӯбии бардавоми ҳозирин ба маросими гулгузорӣ ба пояи Муҷассамаи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва савганди садоқат ёд намудани афроди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони Дӯстии пойтахт раҳсипор шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мошин хамроҳи эскорти мотосиклҳо ба хиёбони Рудакӣ баромаданд.

Дар майдони Дӯстӣ ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон саф ороста буданд.

Қофилаи мошинҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯ ба рӯи пайкараи Исмоили Сомонӣ, ки ҷузъи марказии муҷассамаи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аст, қарор гирифт.

Дар ин ҷо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳимояи ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакат - Вазири мудофиа, Вазири корҳои дохилӣ, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Фармондеҳи Горди миллӣ, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар мақомоти марбута низ бо либоси ҷашнӣ саф кашиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мошин фурӯд омада, ба сӯйи Муҷассама равон шуданд. Пешопеш афсари горди фахрӣ ва ду нафар сипоҳиён гулчанбарро бардошта, бо қадамҳои низомӣ пеш мераванд.

    Баъди гузоштани гулчанбар ва лаҳзаи хомӯшӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи эҳтиром ба таърихи пурифитихори давлатдории миллӣ бо нимтаъзим ба Муҷассамаи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон эҳтиром ба ҷо оварданд.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар бораи омодагии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба маросими савганди садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паради ҳарбӣ гузориш дод.

Баъди салому дуруд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, савганди садоқат ба Президенти кишвар ёд кардани фармондеҳон, афсарон ва тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомии мамлакатро эҳёи яке аз суннатҳои бостонии давлатдории ниёгон ва омили собиткунандаи масъулияти бузурги фарзандии онҳо дар ҳимояи Ватани азиз ва давлату миллати худ маънидод карданд.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нидои шодию қарсакзании ҳозирин Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ савганди тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба забон овард. Афроди Қувваҳои Мусаллаҳ якҷоя савганд ёд карданд.

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби оркестри асбобҳои нафасии гарнизони ҳарбии Душанбе, ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва кулли иштирокчиёни ин тантана зинда садо дод. 

   Ҳамзамон бо садо додани суруди миллӣ садои 30 шиллик аз тӯпҳо дар фазои пойтахти кишварамон танинандоз шуд.

Сипас бо амри фармондеҳи парад расми гузашти низомӣ оғоз ёфт.

Дар ин тантанаи бошукӯҳ беш аз 8 ҳазор ҳайати махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ки шомили сохторҳои гуногуни низомӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва мақомоти қудратии кишвар мебошанд, ширкат намуданд.

Онҳо бо қадамзании низомӣ аз назди минбар гузашта, бори дигар садоқати худро ба Президент ва давлати Тоҷикистон таъкид намуданд. Ин паради бошукӯҳ, ҳамчунин нишони омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баҳри ҳифзи музаффариятҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми шарафманди Тоҷикистон аст.

Бо ҳамин маросими тантанавии ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷараён дошт, ба поён расид.

Мавриди зикри хос аст, ки ин чорабинӣ дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо чунин тартиб бори сеюм ҷараён гирифта, аз эҳёи боз як оини бостонии давлатдории ниёгонамон гувоҳӣ медиҳад.

 

 

        Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати амалӣ гардонидани «Барномаи давлатии рушди   варзиш» чораҳои судманд андешида истодааст. Бо мақсади ба варзиш ҷалб намудани ҷавонону наврасон   имрӯз дар деҳаи Ёзғанд бахшида ба 29 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташабуси   истиқоматкунандаи ин деҳа Ғафуров Юсуф бо ҳамроҳии фарзандонаш майдончаи варзишии замонавӣ ба   истифода дода шуд. Ҳар як давлатро фарзандони ватандӯсту ватанпараст, бунёдкору созанда ва   соҳибмаърифату равшанфикраш обод мекунанд. Яъне имрӯзу фардои Ватан ва миллат дар дасти   фарзандони бошараф, бонангу номус ва зираку ҳушёри сарзамини бостонии мост.

  Ғафуров Юсуф бо ҳамроҳии фарзандонаш аз ҷумлаи чунин фарзандони ватандӯсту ватанпараст, бунёдкору созанда мебошанд, зеро дар ин деҳа чандин маротиба ба корҳои хайру савоб ва ободкориҳо саҳм гузоштаанд. Бо ташабуси ин оила синфхонаҳои мактаби деҳа чанд сол таъмир гардида бо мизу курсӣ ашёҳои хониш таъмин карда шуданд. Ду километр роҳи деҳа чароғон карда шуд. Ба як қисми деҳа, ки аз оби нушоки танқисӣ мекашиданд хати оби нушоки кашида шуд. Хатнасури дастаҷамъонаи кудакони аз оилаҳои камбизоатро баргузор карданд. Ба муҳасилини мактаби деҳа дар оғози соли нави хониши солҳои гузашта ашёҳҳои хониш тақдим намуданд. Дар корҳои ободонии деҳа ҳамеша саҳмгузоранд. Ин оила ният доранд, ки дар шафати майдонча маркази савдои замонавӣ ва нуқтаи таъмири нақлиёт бунёд намояд. Изҳори сипосу минатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба ин оила мерасонам.

            

Вазъи имрӯзаи ҷаҳон тақозо менамояд, ки насли наврас бояд солим бошад, дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намояд. Дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд. Аз мулоқотҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар хулоса баровардан мумкин аст, ки Сарвари давлат ба насли ҷавон таваҷҷӯҳи хоса дошта, ба нерӯи созанда ва қувваи пешбарандаи ҷавонон боварии комил доранд. Дар давраи Истиқлолият, новобаста аз мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, дар ҷумҳурӣ оид ба нигоҳдории саломатии аҳолӣ, аз ҷумла наврасон ва ҷавонон тадбирҳои муҳим қабул ва амалӣ гардидаанд, зеро солимӣ нерӯест, ки ба беҳбуди вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва инкишофи инсон шароити мусоид фароҳам меорад.

   Аз ин рӯ ҳар яки моро лозим аст, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоем. Аз фурсати муносиб истифода бурда минатдории самимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангворро ба шахсоне, ки дар корҳои сохтмонии ин майдончаи варзишӣ саҳм гузоштаанд мерасонам. Бори дигар Шуморо бо кушодашавии ин майдончаи варзишӣ ва ба 29 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳамаатон тансиҳатӣ, бурдборӣ ва таманнои онро дорам, ки ҳар яки шумо дар рушди босуботи Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошед.

 

 

Саломату сарбаланд ва муваффақ

      Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон таъкид менамоянд: «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз мебошад. Ин рӯз, барҳақ, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккулу тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ маҳсуб мешавад.» Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳоло ба шарофати заҳмати халқи соҳибмаърифату тамаддунсозаш ба марҳилаи нави рушд ворид шудааст.

Ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ тамоми мардуми шарифи ноҳияро самимона табрик ва муборакбод намуда, ба ҳар як хонадон саломативу сарбаландӣ, сулҳу сафо, хушбахтӣ ва осоишу рӯзгори обод орзу менамоям. Истиқлолият барои мардуми кӯҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар зарфи бисту нуҳ соли истиқлолият дар ҷодаи расидан ба ҳадафи стратегии кишварамон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардиданд. Зеро ин ҳадафҳои стратегии миллӣ заминаҳои бунёди рушди устувору босуботи кишвар ва шарти муҳимтарини болоравии сатҳи некуаҳволии сокинон ба шумор мераванд.

Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар ибтидои истиқлолият аз имтиҳони сангини таърих сарбаландона гузашта, ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва бо заҳмати содиқона сарзамини аҷдодии худро соҳибӣ карда ва онро хеле ободу пешрафта гардонданд. Ҳоло давлати озоду соҳибихтиёри мо дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста буда, ҷаҳониён иқдому ташаббусҳои сулҳҷӯёнаву созандаи онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.