Санаи 26 апрели соли ҷорӣ бо мақсади истиқболи сазовор аз куҳанҷашни аҷдодиамон Наврӯзи оламафрӯз бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, масъулини воҳидҳои сохторӣ, инчунин доираи васеи сокинон ва фаъолони деҳаҳои ҷамоати деҳоти Ваҳдат чорабинии идона дар шакли намоиши ҳунару маҳорат, бозиҳои варзишӣ ва анвои гуногуни таомҳои миллӣ, инчунин барномаи рангини ҳунарӣ ташкил ва баргузор карда шуд.