Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сангвор дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занон ва оила, бахши фарҳанг чорабинии Рӯзи оиларо дар Қасри фарҳанг бо иштироки яке аз оилаҳои намунаи деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Тавилдара Раҷабов Мирзохудои ташкил ва баргузор намуданд.
    Пеш аз оғози чорабинии фарҳангӣ муовини раиси ноҳия Олимзода Абдулло баромад намуда, қайд карданд, ки оила яке аз рукнҳои муҳими ҷомеаву давлат буда, дар шароти мураккаби ҷаҳони муосир асоси воқеии ҳар як давлату миллат мебошад. Дар охир ҳамаи ҳозиринро бар рӯзи оила муборакбод гуфта, барояшон саломатӣ, сарбаландӣ, оилаи устувор ва рӯзгори хуш орзу намуданд.
   Дар фарҷоми чорабинӣ ба ин оилаи мувафақ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардида, ба як ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба ду нафар навзодон шаҳодатномаи таваллуд супорида шуд.