- Диданд: 246
Дар тӯли таърихи инсоният хурофот ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ҳамеша вуҷуд дошт. Ҳарчанд баъдан илму технология рушд ёфта, сатҳи маърифат баланд шуда, дар баъзе қишрҳои ҷомеа то ҳол боварҳои беасос ва хурофотпарастӣ ҷой доранд. Ҷомеашиносон бар он назаранд, ки хурофот на танҳо масъалаи эътиқоди шахсӣ, балки як мушкили иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад.Ба ақидаи ҷомеашиноси маъруф Эмил Дюркгейм, хурофот бештар дар касоне рушд мекунад, ки дар онҳо ноустувории иҷтимоӣ, сатҳи пасти маърифат ва камбуди иттилооти илмӣ вуҷуд дорад. Дар чунин ҳолат инсон мекӯшад бо такя ба боварҳои беасоси мардумӣ маъно диҳад ва худро аз тарсу изтиробҳои равонӣ эмин созад.
Сотсиологҳо таъкид мекунанд, ки хурофотпарастӣ аксаран дар шаклҳои гуногун зоҳир мешавад. Бовар ба фолбинӣ, сеҳру ҷоду, таъбирҳои беасоси хоб, нишонаҳои хаёлӣ ва рад кардани табобати илмӣ. Ба гуфтаи ҷомеашиноси муосир Питер Бергер, чунин боварҳо инсонро аз тафаккури интиқодӣ дур карда, ӯро ба вобастагии равонӣ гирифтор месозанд.
- Диданд: 204
Дастгоҳи раиси ноҳия
1.Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо
2.Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо
3.Мутахассиси пешбари шуъбаи рушдӣ иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
4.Мутахассиси шуъбаи рушдӣ иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
Воҳидҳои сохтори мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии ноҳия
- Диданд: 207
Гоҳо инсонҳо содабоварона ба зоҳири касон вобаста аз ҳарфзаданҳо ва баёни андеша, бехабар аз воқеияти зотиву ҷавҳарияш баҳо дода, гумон мекунанд, як нафарест, ки воқеан донишманд, соҳибтафаккур ва инсони вораста....
Мутаассифона, ин ҳолат дар бештари мавридҳо танҳо як сароб ва бардошти дурӯғин аз асли эшон аст. Вақте воқеияти зиндагонӣ, ахлоқ, ҳадафҳо ва чеҳраи аслашонро ошкор менамоӣ, дармеёбӣ, ки бадсиришттарин нафарони чандчеҳраанд.
Ин нафарон хешро бо пулу минбари барояшон гузоштаи сарпарастонашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунон вонамуд месозанд, ки гӯё «гаҳвораашон аз осмон фуруд омада бошад». Он қадар хешро «ҳамадону хирадманд» нишон медиҳанд, ки гӯё беназиранду ҳеҷ кас аз бани башар дар баробари онҳо вуҷуд надорад.
Яке аз чунин шахсони «ангуштшумор»-и ҳамадон, ки фаъоли шабонарӯзии шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳама масоил хешро «алломаи замон» нишон медиҳад ва гӯё дар баробари камтарин амали ноадолатона сабраш ба сар меояд ва доду бедодро роҳандозӣ менамояд, Муҳаммадиқболи Садриддин ба ҳисоб меравад. Дар гӯишҳояш, оёту ҳадис меорад ва аз номи Худову Паёмбар ба мардумон панд медиҳад....
- Диданд: 223
«Мо бояд ташаббускор бошем ва саҳми мустақим ба рушди замини аҷдодӣ гузорем...»
Эмомалӣ Раҳмон
Дар тӯли қариб 35 соли истиқлоли кишвар, инфрасохтори деҳот ба куллӣ дигаргун шуд. Бо ташаббус ва ғамхориҳои фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, корҳои бунёдкориву созандагӣ рушд ёфтанд. Имрӯз дар миёни кӯҳҳои сар ба афлоки ноҳияи Сангвор шаҳраки зебо комат афрохтааст, ки назир надорад. Ҳамаи ин аз ғамхории падарона ва сиёсати ватандӯстонаи Президенти кишвар маншаъ мегирад.
Мактаби Президенти маҳбуби мо, мактаби мардонагист, мактаби бунёдкорист ва мактаби рушду пешрафт аст, ки имрӯз ҷавонони ватандӯсту заҳматкаши ноҳияи Сангвор ба ин пайроҳа қадам ниҳодаанд.
Фотеҳ Шоев, раиси ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳияи Сангвор, яке аз ҷавонони фаъол ва ташаббускор аст, ки саҳми ӯ ва дигар ҷавонони ҷамоати деҳоти Чилдара дар рушду ободонӣ ва бунёди як қатор иншоотҳои зебову замонавӣ назаррас мебошад. Ин талошҳо намунаи амалии рӯҳияи созандагии мардуми ноҳия буда, бо пайравӣ аз мактаби Пешвои миллат амалӣ мешаванд.
Воқеан, инфрасохтори деҳаҳои Чилдара ба биноҳои тарҳи нав ва замонавӣ иваз мешаванд ва манзараҳои деҳаҳоро шукӯҳи тоза мебахшанд. Мардум низ бо як рӯҳияи баланди бунёдкорӣ ва фаъолият дар бунёди иншоотҳо саҳм мегузоранд.
Фотеҳ Шоев, раиси ҷамоати деҳоти Чилдара зимни суҳбат бо мо иброз дошт, ки аслан кӯҳистон макони зебо аст ва табиати нотакрор дорад. Вале, қомат афрохтани чанд иншоот дар домани кӯҳҳо боз ҳам ба манзараҳои дилрабо шукӯҳи тоза мебахшанд. Ҳар бино ва ҳар иншоот шаҳодати заҳмати мардуми сарбаланди кӯҳистон маҳсуб мешавад, ки ба рушди деҳа ва ободонии ноҳия мусоидат мекунанд.
Саҳифаи 17 аз 47









