Филиали №21 “Амонатбонк” дар ноҳияи Сангвор яке аз марказҳои муҳими хизматрасонии  бонкӣ барои аҳолӣ ва соҳибкорон мебошад. Ин филиал хизматҳои гуногуни молиявӣ ва бонкиро ба мизоҷон пешниҳод менамояд.

Инчунин  бо кормандони соҳибтаҷриба  кӯшиш мекунад, ки ба муштариён тамоми хизматрасониҳои бонкӣ ва молиявиро бо сифати баланд ва зуд дастрас намоянд. Ҳамчунин, филиал ба талаботи замони муосир, аз ҷумла истифодаи технологияҳои электронӣ ва хизматрасониҳои онлайнӣ, диққати махсус медиҳад.

 Дар пайи хизматҳои босифат ва аҳамияти молиявии филиали 21 КВД ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Сангвор мо тасмим гирифтем, ки бо мудири филиал,  Раҷабов Бахтовар Саидумронович, як суҳбати махсус анҷом диҳем. Ҳадафи ин суҳбат пеш аз ҳама барои он аст, ки хонандагони нашрия бо фаъолияти филиал, хизматрасониҳои он ва имкониятҳои молиявӣ барои аҳолӣ ва соҳибкорон ошно шаванд.

14-уми ноябр дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони сершумор чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президент баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳияи Сангвор, Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президент муборакбод кард. Зимни баромад ӯ аз корнамоиву ташаббусҳои созандаи Президенти кишвар ёдовар шуда, нақши шахсияти Роҳбари давлатро дар таҳкими сулҳу суббот ва рушди бемайлони мамлакат баланду бесобиқа ва муҳим арзёбӣ кард.

Дар фазои маънавӣ ва фарҳангии миллати тоҷик, ки арҷгузорӣ ба инсонҳои хизматгузор аз суннатҳои дерин аст, саҳми роҳбаре, ки барои ормони давлатдорӣ, сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва созандагӣ корномаҳои бемислу беназир  дорад, ҳамчун нигине дар тоҷи миллат қадр мешаванд.

Ин ибора рамзи эҳтиром, миннатдорӣ ва арҷгузорӣ аз хизмати шахсияте мебошад, ки дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ барои давлат ва ҷомеа ҳисса гузоштааст. Он пос доштани арзишҳои миллӣ, ваҳдат, ормонҳои истиқлол ва равандҳои созандаро таҷассум мекунад.

8 ноябр, дар Қасри фарҳанги ноҳия  ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Муовин якуми раиси ноҳия Муҳамадизода Муҳамадсолеҳ ба шодбоши собиқадорон, кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ омада, саҳми онҳоро дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол арзанда арзёбӣ намуд.

Қайд гардид, ки мақомоти милитсия тибқи таъиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳимми давлатиро дар самти ҳифзи молу мулк ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва мубориза бо ҷинояткорӣ ба сомон мерасонанд.