11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор бо роҳбарону фаъолон мулоқоти самимӣ доир намуданд.
      Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сокинони сарбаланди ноҳияи Сангвор ва иштирокдорони вохӯриро бо санаи муҳими таърихӣ – 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд.
      Таъкид гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар зарфи беш аз сӣ сол барои пешрафту ободии ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Сангвор корҳои назарраси бунёдкориву созандагӣ амалӣ карда шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки дар ноҳияи Сангвор сохтмони 80 бинову иншоот пешбинӣ гардида, то ба имрӯз корҳо дар 30 иншоот ба анҷом расидааст.
       Дар суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии давлатии ноҳия андешаронӣ карда, зикр намуданд, ки барои таъмини рушди ноҳияи Сангвор ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1,1 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Дар ин давра танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба ноҳия 850 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия 220 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо карда шудааст.
      Дар ноҳия барои бунёду барқарорсозии иншооти маорифу тандурустӣ, дастрасии аҳолӣ ба неруи барқ, беҳтар намудани сифати роҳҳо, рушди соҳаи кишоварзӣ ва барқарорсозии инфрасохтори деҳот то ба ҳол 9 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло татбиқи боз 3 лоиҳа идома дорад. Инчунин, дар ин давра ба ноҳия ба маблағи беш аз 150 миллион сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шудааст.
        
     11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Сангвор бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд.— с Шоҳоной Сулаймон.
     Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия дар муддати қариб як сол бо санъати баланди меъморӣ ва истифодаи сангҳои ороишӣ бунёд шуда, баландии пояи он 25 метрро ташкил медиҳад.
     Лозим ба таъкид аст, ки Нишони давлатӣ дар ин гӯшаи дурдасти кишвар низ бо мақсади ҳифз ва арҷ гузоштан ба муқаддасоту асолати миллӣ бунёд шудааст.
     Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин мавзеъ аз рӯи муҷассамаи бунёдгузори давлати бузурги Сомониён - Шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардоштанд.
     Муҷассама аз ҷониби ҳайкалтарош Алиҷон Бобошарифов бо санъати баланд сохта шудааст.
 
 
     Баландии муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Сангвор 5,3 метр буда, дар умум бо таҳкурсӣ ба 9 метр мерасад.
Дар ду паҳлӯи муҷассама тандиси ду шер ҳамчун рамзи ҷасорату тавонмандии миллати тоҷик гузошта шудааст.
Масоҳати умумии гулгашти Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ 47 садяк заминро дар бар гирифта, корҳои сохтмонӣ аз тарафи бинокорони Ташкилоти ҷамъиятии “Офиятбахш”, бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.
Бунёди фаввора, насби нишастгоҳҳо ва масоҳати 2 ҳазор метри мураббаъ сабзкоришуда, аз ҷумлаи корҳои дигари ободонӣ дар ин мавзеъ мебошад.
    Бо бунёди иншооти мазкур барои сокинону меҳмонони ноҳияи Сангвор боз як мавзеи хуби истироҳату фароғат муҳайё гардид.
Минбаъд сокинони сарфарозу заҳматпешаи Сангвор чун дигар гӯшаҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои сулҳу суботи сартосарӣ, бо шукргузорӣ аз пойдории ваҳдати миллӣ чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, ҷашнҳои миллию давлатӣ ва оммавиро дар ин майдон таҷлил мекунанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи иншооти мазкур ба масъулон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ дар дигар иншооти ҷашнӣ ва бо ин роҳ фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари кору зиндагӣ ба аҳолӣ ва саҳм гузоштан дар рушди бахшу соҳаҳои иқтисоди миллӣ дастуру маслиҳатҳо доданд.
 
    

1.Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1484,80  сомонӣ.

2.Мутахасиси пешбари бахши занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлати ноҳияи Сангвор – ҷой маоши мансабӣ 1484,80  сомонӣ.

3.Мутахассиси пешбари бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимяти  давлати ноҳияи Сангвор – ҷой маоши мансабӣ 1484,80  сомонӣ

4.Мутахассиси пешбари шуъбаи  маориф ноҳияи Сангвор – 1 ҷой маоши мансабӣ 1484,80  сомонӣ  

5.Мутахассиси шуъбаи  маориф ноҳияи Сангвор – 1 ҷой маоши мансабӣ 1218  сомонӣ.

6.Мутахассиси пешбари бахши иқтисод, савдо  ва мониторинги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор 1-ҷой маоши мансаби 1484,80  сомонӣ

7.Мутахассиси пешбари бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор 1-ҷой маоши мансаби 1484,80  сомонӣ

         8.Мутахассиси пешбари бахши фарҳанги ноҳияи Сангвор 1-ҷой маоши мансаби 1484,80  сомонӣ                                                            

                                 Мақомоти худидоракунии деҳоти ноҳия

          1.Сармутахассис оид  ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоати деҳоти Тавилдара- 1 ҷой, маоши мансабӣ 1728,40  сомонӣ.

  1. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и ҷамоати деҳоти Тавилдара - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.

3.Мутахассиси пешбари ҷамоати деҳоти Тавилдара – 1 ҷой маоши мансаби 1484,60 сомонӣ.

 4.Нозири мизи ҳарбӣ-  бақайдгирии ҷамоати деҳоти Тавилдара - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1415,20  сомонӣ

5.Мутахассиси ҷамоати деҳоти Тавилдара – 1 ҷой маоши мансабӣ 1218 сомонӣ

6.Сармутахассис- заминсозӣ ҷамоати деҳоти Чилдара - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1728,40  сомонӣ

7.Нозири мизи ҳарбӣ-  бақайдгирии ҷамоати деҳоти Чилдара - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1484,60 сомонӣ.

8.Мутахассиси пешбари ҷамоати деҳоти Чилдара – 1 ҷой маоши мансаби 1484,60 сомонӣ.

  1. Мутахассиси ҷамоати деҳоти Чилдара – 1 ҷой маоши мансабӣ 1218 сомонӣ.

10.Сармутахассис (сармуҳосиб)-и ҷамоати деҳоти Заршӯён - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1728,40  сомонӣ.

11.Нозири мизи ҳарбӣ бақайдгирии ҷамоати деҳоти Заршӯён -1 ҷой, маоши мансабӣ 1484,60 сомонӣ.         

 12.Мутахассиси  ҷамоати деҳоти Заршӯён – 1 ҷой маоши мансабӣ 1218 сомонӣ.

        13.Сармутахассис оид  ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоати деҳоти Вахиё - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1728,40  сомонӣ.

        14.Сармутахассис- заминсозӣ ҷамоати деҳоти Ваҳдат - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1728,40  сомонӣ

       15.Сармутахассис оид  ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоати деҳоти Ваҳдат - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1728,40  сомонӣ.

      16.Нозири мизи ҳарбӣ бақайдгирии ҷамоати деҳоти Вахиё -1 ҷой, маоши мансабӣ 1484,60 сомонӣ

               Барои иштирок дар озмун  
                   ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд

- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо  дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи       

  меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли  038 УE ( фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.02.2020,№1458)

- нусхаи  гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- эъломия оид ба вазъи  молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.04.2023,№544)

- нусхаи шиноснома;

-маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан,рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ) (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 01.04.2023,№544)

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо 

  намудаанд).

 Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби  мутахассиси пешбар

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда  метавонад.

-  малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби  мутахассис

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда  метавонад.

–  малакаи кор бо компютер.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Ноҳияи Сангвор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, телефон: (8-3156) 22-1-21, 22-3-34, 918-24-06-34,  

Email:info@sangvor.tj

Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун  дар  нашрияҳои расмӣ.

        Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

1.Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1809,60  сомонӣ

2.Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1218  сомонӣ

3.Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъаи дастгоҳи раиси ноҳияи Сангвор – 1 ҷой, маоши мансаби 1809,60 

4.Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи  дастгоҳи раиси ноҳияи Сангвор - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1218 сомонӣ