Мо, мардуми Тоҷикистон, барои ин ваҳдати миллии деринтизор, ки бо хун ва ашки ҳазорон нафар ба даст омадааст, бояд ҷон фидо кунем. Ин сулҳ ва ваҳдат танҳо як созишномаи сиёсӣ нест, он амонатест муқаддас, ки ба мо аз насли фидокор ва раҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ба мерос расидааст.
Мо ҳақ надорем, ки ин неъмати бебаҳо, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро бо беаҳамиятӣ, нохудогоҳӣ ё таъсири бадхоҳон ба хатар андозем. Ҳар фарди ватанпарвар вазифадор аст, ки ҳушёр бошад, бедор бошад, ва нагузорад, ки ҳар як овораву беватан, ки на дардро ҳис кардааст ва на арзиши ваҳдатро медонад, тинати поки миллии моро заҳролуд созад.
Ваҳдат осон ба даст наомадааст. Аз гиряи модарони шаҳид, аз хоки пурхуни диёр, аз ҷоннисориҳои фарзандони содиқи миллат сохта шудааст. Ва имрӯз нигоҳ доштани он, на танҳо масъулияти давлат, балки рисолати муқаддаси ҳар як тоҷик аст.
Мо бояд насли ҷавонро омӯзонем, ки сулҳро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд. Мо бояд гирди як идея бошем — Тоҷикистони орому обод, муттаҳид ва пурифтихор, то ҳеҷ фарди бегона натавонад миёни мо тухми кина корад.
Сулҳро бо ҷон нигоҳ дорем, ва нагузорем, ки ягон дасти бадхоҳ онро ба ларза оварад. Ваҳдат, ҳаёти мост ва мо омодаем, онро то нафаси охир ҳифз намоем.
Олимзода Абдулло,
муовини раиси ноҳияи Сангвор