Ҷудоии оилаҳо поёни масъулият ба фарзанд нест!

    Имрӯз масъалаи супоридани ҳаққи фарзандон, яъне алимент, яке аз масъалаҳои мубрами рӯзмарра табдил ёфтааст, ки дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа ва мақомоти масъул қарор дорад. Бисёр вақт дида мешавад, ки баъзе аз волидайн, хусусан падарони ҷудошуда, аз иҷрои уҳдадориҳои худ нисбати таъмини фарзанд сарпечӣ мекунанд.

      Ин амали носавоб на танҳо боиси вазнин шудани зиндагии модар ва кӯдак мегардад, балки ҳуқуқҳои қонунии кӯдакро поймол менамояд. Фарзанд ҳақ дорад, ки пас аз ҷудо шудани падару модараш низ аз шароити муносиб бархӯрдор бошад ва ин масъулият, пеш аз ҳама, бар дӯши волидон њаст ва мемонад.

      Бо мақсади таъмини ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон ва иҷрои уҳдадориҳои қонунии падару модар, Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба алимент роҳҳои ҳуқуқӣ ва механизми иҷрои ҳатмии он, аз ҷумла тавассути суд ва ниҳодҳои дахлдорро муайян намудааст.

       Дар чунин шароит ҳар як падару модар , новобаста аз вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, бояд дарк намояд, ки таъмини фарзанд на танҳо қарзи қонунӣ, балки қарзи виҷдонӣ ва инсонӣ низ мебошад.

     Таърихи таҷрибаи кории мо дар  мақомоти дахлдор нишон медиҳад, ки мутаассифона, дар ҷомеа ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки баъзе ҷавонон, ки худро "ҷавонмард" меноманд, аз супоридани алимент ба фарзандони худ саркашӣ мекунанд. Онҳо на танҳо ҳуқуқҳои қонунии кӯдакро нодида мегиранд, балки ҳуқуқу масъулияти шахсии хешро низ намедонанд ё нодида мегиранд.

    Падару модар на танҳо аз лиҳози ахлоқӣ ва виҷдонӣ, балки бо қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззафанд, ки фарзанди худро таъмин ва нигоҳубин намоянд. Саркашӣ аз супоридани алимент, ин на танҳо беэҳтиромӣ ба ҳаёти тифл ва ранҷу заҳмати модар аст, балки вайрон кардани қонун ва сарпечӣ аз уҳдадории шаҳрвандист, ки барои он ҷавобгарии ҳуқуқӣ ва маъмурӣ, ҳатто ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

   Қонуни амалкунанда чунин бемасъулиятиро таҳаммул намекунад. Шахсоне, ки аз супоридани алимент саркашӣ мекунанд, тибқи моддаҳои муқарраршудаи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятӣ, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Мақсади чунин тадбирҳо на танҳо таъмини адолат, балки ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдак, ки ояндаи миллатро ташкил медиҳад, мебошад.

     Дар шароити иҷтимоии имрӯз ҳар як падар бояд дарк намояд, ки фарзанд на як бори гарон, балки амонати зиндагӣ ва масъулияти муқаддас аст, ки нигоҳубин ва дастгирии ӯ қарзи виҷдониву қонунист.

    Моддаи 177 қисми  1 Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро барои бадқасдона, яъне бидуни сабабои узрнок саркашӣ намудани падар аз иљрои қарори суд  оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ, муқаррар намудааст. Суд бо мақсади  барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ислоҳи судшаванда, инчунин пешгирии ҷиноятҳои нав ҳангоми интихобу таъин кардани намуд ва андозаи ҷазо тибқи талаботи дигар моддаҳо хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷмъиятии ҷинояти содиршуда, сабаб, тарзу амал, шахсияти судшаванда, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, ҳолатҳое, ки ҷазоро нисбати ӯ сабук ва вазнин мекунанд, ба назар мегирад.

    Мутаассифона, дар амал баъзе падарон (ё модарони ҷудошуда) барқасдона ё аз беаҳамиятӣ ба ин уҳдадорӣ сарфи назар мекунанд. Дар чунин ҳолат, на танҳо маблағҳои пардохтнашуда ҷамъ карда мешаванд, балки бар асоси муқаррароти қонун фоизи ҷарима (пеня) низ ба он илова мегардад. Яъне, ҳар рӯзи таъхири пардохт фоизи муайянро ба вуҷуд меорад, ки ниҳоят метавонад ба маблағи калон табдил ёбад.

     Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Кодекси оила ва қонунҳои марбут ба иҷрои қарорҳои суд, барои ин гуна саркашӣ чораҳои сахт муқаррар кардааст. Аз ҷумла:

  • Рӯйхати қарздор ҳамчун шахси саркаш ба мақомоти судии иҷро пешниҳод мешавад;
  • Метавонад ба манъ шудани сафар ба хориҷ, масдуд шудани ҳисобҳои бонкӣ, манъи истифодаи молу амвол оварда расонад;
  • Дар ҳолатҳои муайян, ҷавобгарии ҷиноятӣ, аз ҷумла то ҷарима ё маҳрумият аз озодӣ низ татбиқ мешавад.

     Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванде, ки фарзанд дорад, бояд дарк кунад, ки таъмини кӯдак танҳо вазифаи қонунӣ нест, ин қарзи виҷдон ва нишондиҳандаи инсоният аст.

      Бояд ёдовар шуд, ки ҳар зану шавҳаре, ки бо сабабу омилҳои гуногун оиларо пароканда мекунанд, бояд дарёбанд, ки кӯдак ҳеч гуна айбу гуноҳ надорад.

      Ҷудоӣ, ҳарчанд дар баъзе ҳолатҳо ногузир бошад, як фоҷеаи хомӯшест, ки бештар аз ҳама равон ва ояндаи кӯдакро зери хатар мегузорад. Кӯдак дар миёни ду муҳаббат ба дунё меояд, муҳаббати падар ва муҳаббати модар. Вақте ин муҳаббат пора мешавад, ҷаҳонбинии ӯ низ тақсим мешавад. Ӯ на ҷудоиро мефаҳмад, на баҳонаҳоро, ва на сабабҳоро.

     Дар чунин шароит, падару модар, ҳатто агар аз ҳам ҷудо шаванд, бояд муҳаббат ва масъулияти падариву модарии худро фаромӯш насозанд. Кӯдак ҳақ дорад аз ҳар ду волидайнаш муҳаббат, ғамхорӣ ва дастгирӣ гирад.

      Азбаски кӯдакон инсонҳои нозуканд, ҷудоии волидайн метавонад дар онҳо ҳисси танҳоӣ, ноамнӣ, изтироб ва ҳатто нафрати ниҳонӣ нисбати ҷомеа ба вуҷуд оварад. Танҳо тавассути рафтори босабру таҳаммул ва эҳсоси баланди масъулиятшиносии волидон метавон осори ин ҷудоиро дар худ коҳиш дињад.

     Мо бояд дарк намоем, ки кӯдак нахостааст, ки падару модар ҷудо шаванд. Ӯ ҳақ надорад ҷазои гуноҳи нокардаи калонсолонро бинад. Ӯ ҳақ дорад дар муҳити ором, бо муҳаббат ва дастгирии падару модар рушд кунад.

    Бинобар ин, новобаста аз вазъи муносибати зану шавҳар, кӯдак бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи падару модар боқӣ монад. Масъулияти фарзанддорӣ бо «талоқ» поён намеёбад, балки бештар мешавад.

 

Гулзода С. Ш. судяи суди н. Сангвор