Дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва пешгирии талафоту дуздии он ва таҳлилу нигарониҳои муовини Сарвазири мамлакат, дар толори Қасри фарҳанги ноҳия ҳамоиши муҳим баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокурор, намояндаи ШВКД, сардор ва масъулини самти амният, раиси суд ва роҳбарони тамоми ташкилоту муассисаҳо ва инчунин намояндагони ҷамоатҳо ва мардум иштирок доштанд.
Мавзӯи асосии ҷаласа ба истифодаи оқилонаи нерӯи барқ, пешгирии талафот ва дуздии он равона шуда, дар ҷараёни он масъалаҳои мубрами риояи интизоми энергетикӣ, сабабҳои асосии талафоти нерӯи барқ ва роҳҳои коҳиши он мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифтанд.
Прокурори ноҳия, сардори амният ва дигар шахсони масъул дар суханронии худ таъкид доштанд, ки истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ҳамчун қонуншиканӣ ҳисобида мешавад ва барои он ҷавобгарии ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст. Инчунин, ба роҳбарони ташкилотҳо ва шаҳрвандон доир ба роҳҳои дурусти истифодаи барқ, пардохти саривақтии ҳаққи он ва риояи қоидаҳои техникӣ дастур ва тавсияҳо дода шуданд.
Раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат ба масъулин ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва риояи талаботи қонун дар самти истифодаи самараноки нерӯи барқ, пешгирии талафот ва дуздии он супоришҳои қатъӣ доданд.
Мавсуф таъкид дошт, ки:
«Ҳар як роҳбар, корманди соҳаи барқ ва дигар мутасаддиён бояд дар ҷойи худ бошанд, иҷрои вазифаҳои хизматиро бо масъулияти баланд ба роҳ монанд. Қонуншиканиҳо, махсусан истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ, бояд сари вақт ошкор ва ба таври қатъӣ баррасӣ шаванд. Мо уҳдадорем, ки дастуру супоришҳои Сарвари давлатро амалӣ намуда, дар самти тарбияи шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати истифодаи дурусти нерӯи барқ ва ҳифзи манфиатҳои давлатӣ бетараф набошем».
Ҳамчунин талафоти неруи барқ дар ноҳияро расман шарҳу тавзеҳ доданд, ки ноҳия имрӯз ба андозаи 5 миллион сомонӣ аз корхонаҳои хурду бузург қарздор аст. Дар зимн раиси ноҳия гуфт, ки хушбахтона, имрӯз аксари сокинон дар масъалаи пардохти ҳаққи нерӯи барқ масъулияти баланд нишон дода, қарздор нестанд. Ин нишонаи огоҳии шаҳрвандон ва эҳтиром ба сиёсати давлат дар соҳаи энергетика мебошад.
Дар идома, прокурори ноҳия оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқии масъала суханронӣ намуда, шарҳи муфассал дод ва гуфт:
«Тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ, дасткорӣ дар ҳисобкунакҳо, пайвастшавии худсарона ба шабакаҳои барқӣ ва дуздии барқ на танҳо қонуншиканӣ, ё ҷавобгарии маъмурӣ, балки ҷиноят маҳсуб меёбад. Барои чунин амалҳо ҷавобгарии маъмурӣ ва дар ҳолатҳои муайян, ҳатто ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Мақомоти прокуратура омода аст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳо дар ошкор ва пешгирии чунин амалҳо чораҳои қатъӣ андешад».
Прокурор ҳамчунин таъкид намуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт назорати ҷиддӣ ба роҳ монда, ҳар як мавриди вайронкунии қонун сари вақт таҳқиқ ва баррасӣ гардад. Ӯ аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон даъват ба амал овард, ки қонунро риоя намуда, дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва энергетикии ҷомеа саҳмгузор бошанд.
Мақомоти суд ва сардори шуъбаи амният низ ба ин андешаҳо ҳамраъйӣ намуда, таъкид карданд, ки имрӯз мардум бо истифодаи васеи интернет ва барномаҳои муосири мобилӣ имкон доранд, маблағҳои пардохти нерӯи барқро ба таври сареъ ва осон супоранд.
Намояндаи суд гуфт:
«Иҷрои саривактии пардохти маблағҳо на танҳо барои рушди соҳаи энергетика муҳим аст, балки барои таъмини фаъолияти мунтазами хизматрасонӣ ва пешгирии мушкилоти техникӣ низ аҳамияти калон дорад. Ҳар гуна таъхир дар пардохт метавонад боиси қатъшавии барқ ва халалдор шудани зиндагии мардум гардад».
Сардори шуъбаи амният изҳор дошт:
«Талафоту дуздии нерӯи барқ аз мушкилоти ҷиддӣ буда, бо истифодаи технологияҳои муосир ва ҳамкории зичи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷомеа метавонанд барои бартараф кардани ин мушкилот мусоидат кунанд. Мо ба шаҳрвандон тавсия медиҳем, ки барои пардохти ҳаққи барқ аз воситаҳои расмӣ ва барномаҳои электронӣ истифода баранд ва дар муқобили ҳар гуна қонуншиканӣ фаъолона иштирок намоянд».
Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат дар анҷом бо чунин суханҳо хулоса намуд, ки муҳтарам Пешвои миллат дар Паёми соли 2024 қайд намуданд, ки ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз хамаи имонияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст. Вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мунтазами аҳолӣ ва корхонаҳои ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ, сарфаю сариштакорӣ, пешгирии талафоти нерӯи барқ дар ноҳия гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Гурӯҳи корӣ бо усули хона ба хона ва маҳалла ба мањалла бо шаҳрвандон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо суҳбату вохӯриҳо доир намуда, муҳтавои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ба маълумоти сокинони ноҳия расонида шуданд.
Боиси қайд аст, ки дар қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи ғайриқонунӣ, талафот ва дуздии нерӯи барқ тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Дар ин самт санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул гардид, ки дар он ҷавобгарии маъмурӣ ва ҳатто ҷиноятӣ барои ҳолатҳои дуздӣ ё истифодаи нодурусти нерӯи барқ пешбинӣ шудааст.
Тибқи муқаррароти нав, шахсоне, ки қасдан ё аз беэҳтиётӣ боиси талафоти нерӯи барқ мегарданд ё онро ғайриқонунӣ истифода мебаранд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Н. Алиева