- Диданд: 74
Дастгоҳи раиси ноҳия
1.Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳ - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1809,60 сомонӣ
2.Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1484,80 сомонӣ
3.Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1218 сомонӣ
4.Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа – 1 ҷой, маоши мансаби 1809,60
5.Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа– 1 ҷой, маоши мансаби 1484,80
6.Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1218 сомонӣ
7.Сармутахассиси бахши коргузорӣ, назорат ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – 1 ҷой, маоши мансаби 1809,60
Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии ноҳия
1.Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1484,80 сомонӣ.
2.Мутахасиси пешбари бахши кор бо занон ва оила – 1 ҷой маоши мансабӣ 1484,80 сомонӣ.
3.Мутахассиси пешбари бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ –1 ҷой маоши мансабӣ 1484,80 сомонӣ
4.Мутахассиси пешбари бахши дин ва танзими ҷашну маросим 1-ҷой маоши мансаби 1484,80 сомонӣ
5.Мутахассиси пешбари шуъбаи маориф– 1 ҷой маоши мансабӣ 1484,80 сомонӣ
6.Мутахассиси шуъбаи маориф – 1 ҷой маоши мансабӣ 1218 сомонӣ.
7.Мутахассиси пешбари бахши бойгонӣ 1-ҷой маоши мансаби 1484,80 сомонӣ
8.Мутахассиси пешбари бахши фарҳанг 1-ҷой маоши мансаби 1484,80 сомонӣ
9.Мутахасиси пешбари бахши иқтисод, савдо ва мониторинг – 1 ҷой маоши мансабӣ 1484,80 сомонӣ.
Мақомоти худидоракунии деҳоти ноҳия
1.Мутахассиси ҷамоати деҳоти Тавилдара – 1 ҷой маоши мансабӣ 1218 сомонӣ
2.Сармутахассис (сармуҳосиб)-и ҷамоати деҳоти Вахиё - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ
3.Нозири мизи ҳарбӣ- бақайдгирии ҷамоати деҳоти Вахиё - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1484,60 сомонӣ
4.Сармутахассис- заминсозӣ ҷамоати деҳоти Чилдара - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ
Сармутахассиси дин ва танзими ҷашну маросими ҷамоати деҳоти Чилдара- 1 ҷой, маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.
6.Нозири мизи ҳарбӣ- бақайдгирии ҷамоати деҳоти Чилдара - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1484,60 сомонӣ.
7.Мутахассиси ҷамоати деҳоти Чилдара – 1 ҷой маоши мансабӣ 1218 сомонӣ.
8.Нозири мизи ҳарбӣ бақайдгирии ҷамоати деҳоти Заршӯён -1 ҷой, маоши мансабӣ 1484,60 сомонӣ.
9.Сармутахассис- заминсозӣ ҷамоати деҳоти Ваҳдат - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ
Сармутахассис (сармуҳосиб)-и ҷамоати деҳоти Ваҳдат - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.
11.Нозири мизи ҳарбӣ- бақайдгирии ҷамоати деҳоти Ваҳдат - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ
- Сармутахассиси дин ва танзими ҷашну маросими ҷамоати деҳоти Ваҳдат - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд
-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи
меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УE (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.02.2020, №1458)
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.04.2023,№544)
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
-маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ) (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 01.04.2023,№544)
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сармутахассис
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
-2 соли собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи мансабҳои давлатӣ
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассис
-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Ноҳияи Сангвор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, телефон: (8-3156) 22-1-21, 22-3-34, 918-24-06-34,
Email:Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
- Диданд: 89
Истиқлол, бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик аст. Ин неъмати бебаҳо, барои Тоҷикистон на танҳо рамзи озодӣ, балки оинаи сарнавишти навини миллати тоҷик мебошад. Бо соҳибистиқлол шудан, мо тавонистем давлатдории миллиро таҳким бахшем, забон ва фарҳанги модариро гиромӣ дорем, арзишҳои миллӣ ва суннатҳои аҷдодиро эҳё намоем. Истиқлол ба насли нав имконият дод, ки бо худшиносӣ ва эҳсоси баланди ватандорӣ барои ободии Ватан ва таҳкими пояҳои давлат саҳмгузор бошанд. Ҳар як дастоварди саноатӣ, ҳар як сохтмони нав, ҳар як ислоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таҷассумгари ормонҳои Истиқлол ва иродаи мардуми тоҷик аст.
Бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист дар арсаи байналмилалӣ мақоми худро устувор созад ва обрӯву нуфузи миллати тоҷикро боло барад.
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Тоҷикистон аз имтиҳонҳои вазнин гузашта, ба як кишвари сулҳпарвару созанда табдил ёфт. Ин истиқлол буд, ки ба миллати тоҷик шуҳрату шон, ваҳдату сарбаландӣ ва эътимод ба ояндаи дурахшон бахшид.
Имрӯз ҳар як сохтмони нав, ҳар як дастоварди иқтисодӣ ва ҳар як қадами созандагӣ таҷассумгари шукуҳу шаҳомати Истиқлол аст. Ҷашни Истиқлол ҳамеша ба мо ёдрас месозад, ки озодиву соҳибдавлатӣ неъмати бебаҳоест ва ҳар фарди ватандӯст вазифадор аст, ки онро ҳифз ва пос дорад.
Шаъну шон ва шукуҳи Истиқлол боз дар он аст, ки ҳар як фарди ҷомеа худро соҳиби Ватан, ҳимоятгари арзишҳои миллӣ ва масъули сарнавишти давлату миллат медонад.
Президенти кишвар шуҳрати истиқлоли моро аз минбарҳои баланди байналмилалӣ афзуданд ва бо маърифати баланду сиёсати оқилонаву созанда Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, сулҳҷӯ ва созанда муаррифӣ намуданд. Ин Президенти мардумӣ бо иродаи қавӣ ва сиёсати дурбинона тавонистанд ҷойгоҳи давлатро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшанд ва обрӯву нуфузи миллати тоҷикро боло бардоранд.
Маҳз корнамоиҳо ва шоҳкориҳои Пешвои миллат буд, ки Тоҷикистон рӯзҳои вазнину хунинро пушти сар карда, ба як давлати орому пешсаф табдил ёфт. Имрӯз истиқлол бо шуҳрату шаҳомати худ на танҳо дастоварди таърихӣ, балки нишони ваҳдату сарбаландии тамоми мардуми тоҷик аст.
Истиқлоли давлатӣ ба халқи тоҷик имконият дод, ки бо сарварии Пешвои миллат ба иҷрои лоиҳаҳои бузурги созандагӣ қадам гузорад. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ як қатор иншооти бузурги аср, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии “Роғун”, Неругоҳи “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”, Неругоҳи “Помир-1”, шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ, нақби Истиқлол, нақби Шаҳристон, нақби Хатлон, нақби Раштон, фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Маркази савдо ва фарҳанги “Душанбе Мол”, Боғи Истиқлол ва чандини дигар корхонаҳои саноатӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, мактабу донишгоҳҳо бунёду обод гардиданд.
Иншооти мазкур на танҳо муҳайёгари шароити мусоиди зиндагӣ барои мардум мебошанд, балки Тоҷикистонро дар арсаи иқтисодӣ, энергетикӣ, маърифату сиёсат ва иҷтимоӣ ба зинаҳои нав бароварданд.
Ҳатто инфрасохтори деҳот низ навсозӣ гардид. Бо дастгирии давлату Ҳукумат роҳҳо, мактабҳо, марказҳои саломатӣ, боғу гулгаштҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ дар шаҳру ноҳияҳо таҷдид ва бунёд шуданд. Имрӯз деҳоти кишвар чеҳраи нав гирифта, сатҳи зиндагии мардум беҳтар гаштааст.
Инфрасохтори муосир на танҳо барои сокинон шароити муносиб фароҳам овардааст, балки барои сайёҳон низ муҳити ҷолибу созгорро муҳайё месозад. Тоҷикистон бо табиати нотакрор, манзараҳои дилфиреб ва обҳои шифобахшаш ба яке аз самтҳои ҷолиби сайёҳӣ табдил ёфтааст. Бо вуҷуди ин, таҷдид ва навсозии инфрасохтор имконият медиҳад, ки меҳмонон бо роҳати бештар сафар намуда, аз зебоиҳои диёр ва фарҳанги тоҷикон баҳра бигиранд ва овозаи ин сарзамини пурганҷро ба дунё баранд.
Дар анҷом мехоҳам ёдовар шавам, ки роҳнамоӣ, корнамоӣ, қаҳрамонӣ ва созандагиву шоҳкориҳои Пешвои миллат буд, ки Истиқлол пояи устувор гирифт ва Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз яке аз ташаббускорони сатҳи байналмилалӣ гардида, обрӯву нуфузи худро таҳким бахшида, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро таъмин менамояд.
Пас, месазад, ки мо корномаҳо ва шоҳкориҳои ин марди худододро арҷ гузорем, шукронаи ободӣ ва озодиро намуда, Истиқлолро бо ҷону дил ҳифз намоем. Ҳар як фарди ватандӯст бояд бо меҳру садоқат ва заҳмати созанда саҳми худро дар таҳкими Истиқлол ва шукуҳи Ватан гузорад…
Аблулло Олимзода, муовини раиси ноҳияи Сангвор
- Диданд: 71
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ иброз дошта буданд:
«Шоҳнома ин асари безавол бояд ба ҳар хонадони мардуми сарбаланди тоҷик тақдим карда шавад, то наслҳо аз он сабақи мардонагӣ, ватандӯстӣ ва худшиносӣ омӯзанд».
Акнун соати фараҳ фаро омад ва ваъдаи Пешвои маърифатдӯсту фарҳангсолори мо ба иҷро расид. Нусхаҳои тозанашри «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла ба ноҳияи Сангвор, расонида шуданд.
Ин иқдом, ки бо ташаббуси Сарвари давлат амалӣ гардид, на танҳо арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои гузаштагон, балки туҳфаи беназир барои таҳкими худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва бедории маънавии ҷомеа мебошад. Инчунин барои арҷгузорӣ ба таърих ва тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ мусоидат менамояд.
- Диданд: 72
Дар баъзе минтақаҳо ва байни ҷавонон эҳтимоли кам шудани риояи суннатҳои кӯҳнаи оиладорӣ ва арзишҳои анъанавӣ вуҷуд дорад. Таъсири омилҳои иқтисодӣ, таҳсилот, нақши занон дар ҷомеа, ва таъсири ҷаҳонишавӣ низ метавонанд ба тағйироти суннатҳои оиладорӣ сабаб шаванд.
Аммо аз тарафи дигар, дар бисёр минтақаҳо оилаҳои суннатӣ ҳанӯз ҳам хеле мустаҳкаманд ва эҳтироми суннатҳои миллиро нигоҳ медоранд.
Аммо баъзан вақт бо таъсири ҷаҳонишавӣ суннатҳои оиладорӣ дар баъзе мавридҳо ва байни баъзе гурӯҳҳои ҷомеа метавонанд тағйир ёбанд ва дар навбати худ суст шаванд.
Мардуми мо духтари 18 соларо келин мекунанд, аммо аз ӯ рафтору кирдору гуфтори зани 30-40-соларо интизор ҳастанд. Ба андешаи ман, духтари 18 сола ҳеҷ гоҳ наметавонад фаҳмишу идроки хушдомани 40-45 соларо дошта бошад. Келинро дар муҳити нав бо одамони нав бояд тарбия кард, барои камбудӣ ва иштибоҳоташ на сарзаниш ва ҷазо , балки насиҳат кардану машварат додан лозим аст. Мушкилоти асосии ҷомеаи мо ҳамин аст, ки бархе дар симои келин як хизматгорро мебинанд.
Духтари 18-сола, ки бо муҳити нав ва одамони нав рӯбарӯ мешавад, ҳақиқатан ба ҳидоят, дастгирӣ ва фаҳмиш ниёз дорад, на интизории комил ва талаботи барзиёд. Тарзи муносибат бо келин бояд бо сабр ва эҳтиром бошад, насиҳат ва маслиҳат метавонад муносибатҳои оилавиро мустаҳкам кунад ва эҳсоси ҳамбастагии оилавиро бештар намояд. Оила бояд макони муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ ва пуштибонӣ бошад.
Саҳифаи 4 аз 32