Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ иброз дошта буданд:
«Шоҳнома ин асари безавол бояд ба ҳар хонадони мардуми сарбаланди тоҷик тақдим карда шавад, то наслҳо аз он сабақи мардонагӣ, ватандӯстӣ ва худшиносӣ омӯзанд».
Акнун соати фараҳ фаро омад ва ваъдаи Пешвои маърифатдӯсту фарҳангсолори мо ба иҷро расид. Нусхаҳои тозанашри «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла ба ноҳияи Сангвор, расонида шуданд.
Ин иқдом, ки бо ташаббуси Сарвари давлат амалӣ гардид, на танҳо арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои гузаштагон, балки туҳфаи беназир барои таҳкими худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва бедории маънавии ҷомеа мебошад. Инчунин барои арҷгузорӣ ба таърих ва тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ мусоидат менамояд.
Сокинони ноҳия ин иқдоми наҷибро бо рӯҳбаландӣ истиқбол намуда, онро туҳфаи гаронбаҳо ва рамзи эҳтиром ба фарҳангу таърихи миллӣ арзёбӣ карданд.
Коршиносону аҳли зиё бар ин назаранд, ки бо мутолиаи «Шоҳнома» насли ҷавон аз қаҳрамониву шуҷоат, ватандӯстию далерӣ сабақ мегирад.
Ба андешаи сокинони ноҳияи Сангвор, тақдими «Шоҳнома» шоҳкории Пешво буда, китоби фахриву рӯимизии ҳар хонадони тоҷик унвон мегирад.
Бояд гуфт, ки «Шоҳнома» ҳамчун рамзи ифтихор аз таърихи гузашта ва нишонаи масъулият барои ояндаи дурахшони миллат мавқеи устувор пайдо кардааст.