- Диданд: 139
Имрӯз, 24 ноябр ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор роҳпаймоии оммавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ кормандон, омӯзгорон, хонандагон ва сокинони ноҳия иштирок намуда, бо эҳтироми бузург ба Парчами миллӣ, ки чун рамзи нангу номи тоҷикон аз замони кадим маҳбуб ва гиромӣ мебошад, муҳити идона фароҳам оварданд.
Роҳпаймоӣ дар маркази ноҳия оғоз гардида, иштирокчиён бо шиору овезаҳо ва расмҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Парчам бо масоҳати калон роҳпаймоӣ намуданд. Ин чорабинӣ аҳамияти баланд дошта, собит сохт, ки сокинон нисбати рамзҳои давлатӣ ва арзишҳои миллӣ эҳтироми бузург доранд.
Бояд гуфт, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Сангвор бо эҳтироми баланди ватандӯстиву ватандорӣ арзишҳои миллиро пос медоранд. Парафшонии Парчам ин итминон ва ифтихори онҳо аз соҳибдавлатӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад. Ин рамз нишонаи истиқлол ва соҳибихтиёрӣ буда, ба ҷавонон ва насли нав меомӯзад, ки ваҳдату иттиҳод ва эҳтироми арзишҳои миллӣ асоси пойдории давлат ва ҷомеа мебошад.
- Диданд: 148
Филиали №21 “Амонатбонк” дар ноҳияи Сангвор яке аз марказҳои муҳими хизматрасонии бонкӣ барои аҳолӣ ва соҳибкорон мебошад. Ин филиал хизматҳои гуногуни молиявӣ ва бонкиро ба мизоҷон пешниҳод менамояд.
Инчунин бо кормандони соҳибтаҷриба кӯшиш мекунад, ки ба муштариён тамоми хизматрасониҳои бонкӣ ва молиявиро бо сифати баланд ва зуд дастрас намоянд. Ҳамчунин, филиал ба талаботи замони муосир, аз ҷумла истифодаи технологияҳои электронӣ ва хизматрасониҳои онлайнӣ, диққати махсус медиҳад.
Дар пайи хизматҳои босифат ва аҳамияти молиявии филиали №21 КВД ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Сангвор мо тасмим гирифтем, ки бо мудири филиал, Раҷабов Бахтовар Саидумронович, як суҳбати махсус анҷом диҳем. Ҳадафи ин суҳбат пеш аз ҳама барои он аст, ки хонандагони нашрия бо фаъолияти филиал, хизматрасониҳои он ва имкониятҳои молиявӣ барои аҳолӣ ва соҳибкорон ошно шаванд.
- Диданд: 98
14-уми ноябр дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони сершумор чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президент баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳияи Сангвор, Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президент муборакбод кард. Зимни баромад ӯ аз корнамоиву ташаббусҳои созандаи Президенти кишвар ёдовар шуда, нақши шахсияти Роҳбари давлатро дар таҳкими сулҳу суббот ва рушди бемайлони мамлакат баланду бесобиқа ва муҳим арзёбӣ кард.
- Диданд: 125
Дар фазои маънавӣ ва фарҳангии миллати тоҷик, ки арҷгузорӣ ба инсонҳои хизматгузор аз суннатҳои дерин аст, саҳми роҳбаре, ки барои ормони давлатдорӣ, сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва созандагӣ корномаҳои бемислу беназир дорад, ҳамчун нигине дар тоҷи миллат қадр мешаванд.
Ин ибора рамзи эҳтиром, миннатдорӣ ва арҷгузорӣ аз хизмати шахсияте мебошад, ки дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ барои давлат ва ҷомеа ҳисса гузоштааст. Он пос доштани арзишҳои миллӣ, ваҳдат, ормонҳои истиқлол ва равандҳои созандаро таҷассум мекунад.
Саҳифаи 9 аз 40









