Боиси ифтихори мо тоҷикон мебошад, ки имсол 34 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Ватани азизамон бо шаҳомати хоса таҷлил менамоем. Истиқлолият барои мо неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзишест, ки мо тоҷиконро соҳиби давлати комилҳуқуқ ва сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули беш аз 33 соли Истиқлоли комили давлатӣ заминаи давлатдории навини худро гузошта, соҳиби истиқлоли воқеии сиёсӣ шуд ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ эътироф мегардад.
Мавриди зикр аст, ки пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷумҳурии мо вазъияти ноором ва муташанниҷ ба миён омада буд, ки ниҳоят ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Барои халқи тоҷик он лаҳзаҳои талхро гузарондан хеле душвор буд. Ҷанги шаҳрвандӣ боиси талафоти зиёди ҷонӣ, моддӣ ва маънавии халқ гардида, давлати аз нав барпогардидаи моро торафт заиф мегардонд. Зарурати беҳтар намудани ҳолати иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии мамлакат, таъминоти халқ бо озуқаворӣ, ташаккули оромиву осоиштагӣ дар миёни мардум ба вуҷуд омада буд. Ҳаводисҳои изтиробангези он замон водор намуд, ки доир ба таъмини бехатарии милливу давлатӣ, ташкил намудани тинҷиву осудагӣ дар миёни мардум ва барпо намудани сулҳу субот чораҳои зарур андешида шаванд. Новобаста аз он, бо саъю кушиш ва муборизаҳои ҷоннисоронаи қаҳрамонони миллати тоҷик ба соҳибистиқлолӣ, озодӣ, сулҳу осудагӣ, тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа муваффақ шудем.
Ба даст овардани истиқлолият имконият барои ояндаи неки миллат ва пешрафти кишвари азизамон ба сӯи ҷомеаи соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ фароҳам овард. Хушбахтона, дар ҳамон лаҳзаҳои таърихии ногувор сарварии кишвари маҳбубамон ба дӯши фарзанди барӯманд ва фарзонаи миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Моҳи ноябри солии 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғаффуров Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он сарвари давлатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Пас аз баргузор гаштани он иҷлосияи тақдирсоз дар сарнавишти миллати пуршарафи тоҷик озодиву пешрафти диёр, сулҳу осоиш, ваҳдати миллӣ ва пойдории давлат барпо гардид. Мардуми шарифи Тоҷикистон ба ин дастоварди бузург маҳз бо сиёсати хирадмандона ва фикру мулоҳизаҳои дурандешонаи сарвари оқилу заковатманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ гаштааст.
Албатта бо шарофати Истиқлоли давлатӣ барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як инсон ва шаҳрванди мамлакат 6-ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ҳамин тариқ, рукнҳои ҳокимияти давлатӣ вусъат дода шуданд ва самтҳои рушду инкишоф муайян гардиданд. Таъсисёбии ҷомеаи озоду адолатпарвар ҳадафи олии миллат ва давлат гардид. Як қатор қонун ва меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар қабул гардида, асъори миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади барпо гардидани сулҳу оштӣ ва ваҳдату якдилӣ барои мардуми ватанхоҳу ватандӯсти тоҷик, 27-июни соли 1997 Пешвои муаззами миллат кӯшиш намуданд, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардад. Чунки ваъдае ки сарвари давлат ба мардуми шарифи Тоҷикистон доданд: “Ман ба шумо сулҳ меорам, корро аз сулҳ оғоз мекунам, тамоми гурезаҳоро ба Ватан бармегардонам”, то айни замон софдилона иҷро намуда истодаанд.
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки бо дигар кишварҳои ҷаҳон ҳамкорӣ ва муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд. 2-марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид ва сипас узви дигар созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ ба монанди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигарон гардид. Дар баробари он, мамлакати биҳиштосову меҳмоннавози мо мизбони як қатор конфронсу симпозиум ва форумҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Шаъну шараф ва эътибори давлати соҳибистиқлол дар ҷаҳони мутамаддин пазируфта шуд.
Тавре Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳуввият ва шарти бақои миллат ва пойдории давлат мебошанд”. Шоистаи ифтихор ва сарфарозист, ки миллати бузурги тоҷик аз хештаншиносӣ огоҳ гардида, кӯшиш менамоянд, ки дар оянда низ дастовардҳои пурарзиш ва дурдонаҳои пурқиммати ба даст овардаашонро мисли истиқлолият ва ваҳдати миллӣ устуворона муҳофизат менамоянд.
Дар маҷмуъ гуфтан ба маврид аст, ки Истиқлоли давраи бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба вуҷуд овард, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро хеле боло бурд. Ин раванди таърихӣ дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат ба сиёсати бобарори ҳукумати мамлакат, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи ногусастанӣ дорад ва ба устувории рукнҳои давлатдорӣ мусоидат карда, неруҳои солиму пешбарандаро ба тарҳрезии фардои боз ҳам обод роҳнамо мебошад.
Бафозода Садорат-муовини раиси ноҳия