Ноҳияи Сангвор яке аз гӯшаҳои кӯҳистонии кишвар аст, ки сарватҳои зеризаминии қиматбаҳо, аз ҷумла кони тилло дорад. Аксари сокинони ин ноҳияи кӯҳистон ба корҳои деҳқонӣ машғуланд. Солҳои пеш, қисми зиёди мардон барои дарёфти рӯзгор ба муҳоҷират мерафтанд.

Аммо тайи чанд соли охир, бо фаъол шудани корхонаҳои истихроҷ ва коркарди тилло, барои мардуми маҳаллӣ имконият фароҳам омад, ки дар Ватани худ кор кунанд ва сатҳи иқтисоди хонаводагии худро беҳтар намояндПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, низ  дар яке аз суханрониҳои худ ба масъулин ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ба масъулини ноҳияи Сангвор, дастур доданд, ки ба сокинон иҷозат дода шавад, то ба фаъолияти зарш(тиллошӯӣ) машғул шаванд. Ҳадафи асосии ин иқдом, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор хабар доданд, соли гузашта дар ҳудуди ноҳия як қатор корхонаҳои заркоркунӣ фаъолият мекарданд. Бо истифодаи таҷҳизоти муосир онҳо ба истихроҷ ва коркарди тилло машғул буданд, ки ин на танҳо манбаи даромад, балки ҷойҳои нави корӣ низ фароҳам оварда буд.

Аммо имсол, бинобар ба охир расидани муҳлати иҷозатномаҳои фаъолияти ин корхонаҳо, кори онҳо муваққатан қатъ гардидааст.

Тибқи дастури Сарвари давлат, интизор меравад дар ояндаи наздик ба сокинон ва соҳибкорон имкониятҳои васеътар барои машғул шудан ба заршуӣ фароҳам гардад, то ин соҳа ба рушди иқтисоди маҳаллӣ ва беҳбудии зиндагии мардум мусоидат намояд.

Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, баъзе сокинони ноҳияи Сангвор бо истифода аз таҷҳизоти сохти дастӣ дар соҳили дарёҳо ва ҷойҳои муайян ба заршуӣ машғуланд. Назарсанҷиҳои гузаронидашуда низ тасдиқ мекунанд, ки онҳо то андозае тавонистаанд тилло ёбанд ва аз ҳисоби он сатҳи зиндагии худро то ҳадде беҳтар намоянд.

Ба гуфтаи сокинон, ин шуғл барои бархе аз хонаводаҳо манбаи иловагии даромад гардида, ба беҳбуди вазъи иҷтимоии онҳо мусоидат мекунад. Бо вуҷуди ин, фаъолияти мазкур асосан хусусияти мавсимӣ дошта, вобаста ба шароити обу ҳаво пеш меравад.

 

Сокинони ноҳияи Сангвор то куҷо имкон доранд, ки ба заршуӣ машғул шаванд?

Сокинони ноҳияи Сангвор то куҷо имкон доранд, ки ба фаъолияти заршуӣ машғул шаванд?

Бо ин ва чанд  савол хостем  ба Саидумаров Мирзоҷумъа, муовини сардори раёсат – сардори шуъбаи банақшагирии буҷети давлатии Раёсати вазорати молия дар ноҳияи Сангвор муроҷиат намоем.

 Мақсад аз ин пурсиш, огоҳ шудан аз он аст, ки оё шаҳрвандон метавонанд мустақиман ба ин шуғл машғул шаванд, ё танҳо корхонаҳои дорои иҷозатнома ҳаққи иҷрои чунин корро доранд.

 Саидумаров Мирзоҷумъа, муовини сардори раёсат – сардори шуъбаи банақшагирии буҷети давлатии Раёсати вазорати молия дар ноҳияи Сангвор,  дар суҳбат ба мо гуфт, ки то имрӯз аз шахсони машғул ба заршуӣ андоз рӯёнида намешавад, зеро ин фаъолияти шаҳрвандон ҳанӯз ба таври расмӣ пазируфта нашудааст.

 Ба гуфтаи ӯ, иҷозатнома барои машғул шудан ба заршуӣ аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Дар ҳоли ҳозир, дар ноҳияи Сангвор 305 нафар сокин бо гирифтани чунин иҷозатнома ба заршуӣ машғуланд.

 

Маблағи иҷозатнома се нишондиҳандаро дар бар мегирад:

 * як нишондиҳанда барои тартиб додани ҳуҷҷатҳо;

* ду нишондиҳанда барои худи иҷозатнома.

 Як нишондиҳанда баробари 75 сомонӣ муайян шудааст. То 1-уми январи соли 2025, ҳамаи ҳуҷҷатгузорӣ тариқи Раёсати молияи ноҳия ба Вазорати молия пешниҳод мешуд. Аммо аз оғози соли ҷорӣ, ҳама гуна ҳуҷҷатгузорӣ танҳо ба шакли электронӣ ба Вазорати молия ирсол мегардад.

 Ба гуфтаи Саидумаров Мирзоҷумъа,  шумори зиёди шаҳрвандон бидуни гирифтани иҷозатнома ба заршуӣ машғуланд. Ӯ инро вобаста ба сиёсати иҷтимоии давлат донист ва гуфт, Президенти мамлакат борҳо дар суханрониҳои худ таъкид кардаанд, ки ба мардум имконият диҳанд, то рӯзии худро пайдо кунанд.

 Дар ҳоли ҳозир, дар ноҳия се нуқтаи расмии хариди тилло фаъолият доранд, ки бо нархи аз ҷониби давлат муайяншуда тиллоро харидорӣ мекунанд. Ҳамаи онҳо иҷозатномаи қонунӣ доранд.

 Маҳдудиятҳо ва қоидаҳои истифодаи таҷҳизот дар заршуӣ

Саидумаров Мирзоҷумъа илова кард, ки кормандони Раёсати молия ба шахсони машғул ба заршуӣ маслиҳат ва машварат медиҳанд. Аммо баъзан ҳолатҳое ба назар мерасад, ки одамон аз қоидаҳо огоҳ нестанд. Масалан, як иҷозатнома танҳо барои як нафар дода мешавад, вале баъзеҳо мехоҳанд бо як иҷозатнома чанд нафар кор кунанд, ки ин мувофиқи қонун нест.

 Дар идома гуфт, ки  ба шахсони машғул ба заршуӣ оид ба истифодаи дурусти таҷҳизот маслиҳат ва машварат низ дода мешавад. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №600 «Дар бораи канданиҳои фоиданоки паҳншудаи зеризаминӣ», асбобу анҷоме, ки барои заршуӣ истифода мешавад, набояд зиёда аз 50 қувваи асп бошад.

 Ҳамчунин, маҳдудияти дигар ин аст, ки дар ҳудуди корхонаҳои заркоркунӣ умуман кор кардан иҷозат дода намешавад. Иҷозатномае, ки аз Вазорати молияи кишвар дода мешавад, на танҳо барои як маҳал ё минтақа, балки дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор дорад.

 

 Нақши ин зумра  дар рушди иқтисоди ноҳия

 Ба гуфтаи Саидумаров М., саҳми заршӯён дар иқтисоди маҳаллӣ хеле назаррас аст. Хариду фурӯши тилло ба иқтисоди ноҳия таъсири бузург мерасонад, зеро бо беҳтар шудани зиндагии мардум, иқтисоди ноҳия низ рушд меёбад.

 Ӯ таъкид кард, ки барои ба таври расмӣ роҳандозӣ кардани заршуӣ зарур аст, ки корхонаҳои хурду миёна таъсис дода шаванд ва бо гирифтани иҷозатномаи қонунӣ фаъолият намоянд. Ҳар як чунин корхона метавонад ҷавонони бекорро ба кор ҷалб намояд, ки ин на танҳо манбаи даромад ва андозбандӣ мегардад, балки ба беҳбуди зиндагии мардум, коҳиши бекорӣ ва кам шудани муҳоҷират мусоидат хоҳад кард.

 Алиева Наҳтутӣ