“Мо вазифадорем, ки Парчами миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварем”.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Таърихи парчами тоҷикон аз дуриҳои асрҳо сарчашма мегирад. Он ҳамеша рамзи номуси миллӣ, шуҷоати ниёгон ва орзуҳои равшани мардум будааст. Дар замони Сомониён парчам бо рангҳои оташин ва тиллоӣ парафшон мешуд, ки нишонае аз ҳокимият ва бузургии миллате, ки фарҳанги воло офарида буд, дошту ҳанӯз дорад.

Садсолаҳо гузаштанд, давлатҳо омаданду рафтанд, аммо ормони тоҷикона аз қалбҳо нопадид нашуд. Дар асри XX, бо таъсиси ҷумҳурии мустақил, парчам симои дигар гирифт, ки  рангу маънои он орзуи истиқлоли ҳақиқиро дар худ нигоҳ дошт.

Рӯзи таърихии 24 ноябри соли 1992 Тоҷикистон, ки тоза роҳи мустақилиятро интихоб карда буд, парчами миллии худро қабул кард.

14-уми ноябр дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони сершумор чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президент баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳияи Сангвор, Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президент муборакбод кард. Зимни баромад ӯ аз корнамоиву ташаббусҳои созандаи Президенти кишвар ёдовар шуда, нақши шахсияти Роҳбари давлатро дар таҳкими сулҳу суббот ва рушди бемайлони мамлакат баланду бесобиқа ва муҳим арзёбӣ кард.

Дар фазои маънавӣ ва фарҳангии миллати тоҷик, ки арҷгузорӣ ба инсонҳои хизматгузор аз суннатҳои дерин аст, саҳми роҳбаре, ки барои ормони давлатдорӣ, сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва созандагӣ корномаҳои бемислу беназир  дорад, ҳамчун нигине дар тоҷи миллат қадр мешаванд.

Ин ибора рамзи эҳтиром, миннатдорӣ ва арҷгузорӣ аз хизмати шахсияте мебошад, ки дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ барои давлат ва ҷомеа ҳисса гузоштааст. Он пос доштани арзишҳои миллӣ, ваҳдат, ормонҳои истиқлол ва равандҳои созандаро таҷассум мекунад.

8 ноябр, дар Қасри фарҳанги ноҳия  ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Муовин якуми раиси ноҳия Муҳамадизода Муҳамадсолеҳ ба шодбоши собиқадорон, кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ омада, саҳми онҳоро дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол арзанда арзёбӣ намуд.

Қайд гардид, ки мақомоти милитсия тибқи таъиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳимми давлатиро дар самти ҳифзи молу мулк ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва мубориза бо ҷинояткорӣ ба сомон мерасонанд.