Бо мақсади шарҳу тавзеҳи бандҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни сокинон ва фаъолони ноҳияи Сангвор, бо ибтикори раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшох Ғайрат дар толори барҳавои шуъбаи маорифи ноҳия ҷамъомади васеъ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад кормандони мақомоти қудратӣ, аз ҷумла прокуратура, суди ноҳия, мақомоти амният, ШВКД, инчунин сокинон ва фаъолони ноҳия ширкат варзиданд.

Зимни баргузории ҳамоиш нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат мавриди шарҳу тавзеҳ қарор дода шуданд. Раиси ноҳия Давлатзода Махмадшох Ғайрат дар баромади худ таъкид намуданд, ки Паёми Пешвои миллат паёми рушду созандагӣ буда, самтҳои асосии пешрафти Тоҷикистони тозаистиқлолро муайян менамояд. Зикр гардид, ки дар шароити ҷаҳони пуртаззод муттаҳид шудан дар атрофи Пешвои миллат ва омӯхтани дарси худогохиву худшиносӣ аз мактаби давлатдории эшон барои хар як шаҳрванди кишвар муҳим мебошад.

Ҳамчунин дигар нуктаҳои муҳими Паём, аз ҷумла таъмини амният, таҳкими волоияти қонун, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси суди ноҳияи Сангвор Салимзода М. зимни суханронии худ Паёми Пешвои миллатро ҳамчун дастури роҳнамо барои тамоми қишрҳои ҷомеа арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки татбиқи он ба таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд ва болоравии маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат менамояд.

Дар анҷоми ҷамъомад иштирокчиён аз муҳтавои Паём бардошти хуб гирифта, омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои он изҳор доштанд.

Н. Алиева