«Мо бояд  ташаббускор бошем ва саҳми мустақим ба рушди замини аҷдодӣ  гузорем...»

Эмомалӣ Раҳмон

Дар тӯли қариб 35 соли истиқлоли кишвар, инфрасохтори деҳот ба куллӣ дигаргун шуд. Бо ташаббус ва ғамхориҳои фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, корҳои бунёдкориву созандагӣ рушд ёфтанд. Имрӯз дар миёни кӯҳҳои сар ба афлоки ноҳияи Сангвор  шаҳраки зебо комат афрохтааст, ки назир надорад. Ҳамаи ин аз ғамхории падарона ва сиёсати ватандӯстонаи Президенти кишвар маншаъ мегирад.

Мактаби Президенти маҳбуби мо, мактаби мардонагист, мактаби бунёдкорист ва мактаби рушду пешрафт аст, ки имрӯз ҷавонони ватандӯсту заҳматкаши ноҳияи Сангвор ба ин пайроҳа қадам ниҳодаанд.

Фотеҳ Шоев, раиси ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳияи Сангвор, яке аз ҷавонони фаъол ва ташаббускор аст, ки саҳми ӯ ва дигар ҷавонони ҷамоати деҳоти Чилдара дар рушду ободонӣ ва бунёди як қатор иншоотҳои зебову замонавӣ назаррас мебошад. Ин талошҳо намунаи амалии рӯҳияи созандагии мардуми ноҳия буда,  бо пайравӣ аз мактаби Пешвои миллат амалӣ мешаванд.

Воқеан, инфрасохтори деҳаҳои Чилдара ба биноҳои тарҳи нав ва замонавӣ иваз мешаванд ва  манзараҳои деҳаҳоро шукӯҳи тоза мебахшанд. Мардум низ бо як рӯҳияи баланди бунёдкорӣ ва фаъолият дар бунёди  иншоотҳо саҳм мегузоранд.

Фотеҳ Шоев, раиси ҷамоати деҳоти Чилдара зимни суҳбат бо мо иброз дошт, ки аслан кӯҳистон макони зебо аст ва табиати нотакрор дорад. Вале, қомат афрохтани чанд иншоот дар домани кӯҳҳо боз ҳам ба манзараҳои дилрабо шукӯҳи тоза мебахшанд. Ҳар бино ва ҳар иншоот шаҳодати заҳмати мардуми сарбаланди кӯҳистон маҳсуб мешавад, ки  ба рушди деҳа ва ободонии ноҳия мусоидат мекунанд.

Мо низ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия талош мекунем, ки соҳибкорон, ҷавонон ва мардумро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ҷалб намоем, то зиндагии сокинон дар шароити кӯҳистон беҳтар ва осонтар гардад.

Дар ин росто, як қатор иншооти муҳими деҳаҳо низ мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Мағозаи тиҷоратии Ҷомӣ, ки  оғозаш соли 2023 ва соли 2025 ба анҷом расид,  барои рушди соҳибкорӣ ва дастрасии мардум ба молҳои зарурӣ мусоидат мекунад.

Сохтани нишастгоҳи (Бисетка)  сарироҳӣ ва замонавӣ дар деҳаи Дамоб, дар як  муддати кутоҳ  поён ёфт. Ин макони нишаст ва истироҳати сокинон ва сайёҳонро дар роҳи кӯҳистон таъмин мекунад.

Ҳар як лоиҳа ва ҳар як саҳм, ки ҷавонон ва мардум мегузоранд, намунаи рӯҳияи баланди бунёдкорӣ ва ифтихори ватандорӣ мебошад.

Ҳамчунин Фотеҳ Шоев маълумот дод, ки дар маркази ҷамоати деҳоти Чилдара як қатор корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, мағозаи тиҷоратии дуошёна дар маркази деҳот,  аз ҳисоби соҳибкор Шарифов Маҳмадҷон соли 2024 оғоз шуда, соли 2025 ба анҷом расид.

Ҷойхонаи сарироҳӣ дар маркази ҷамоат соли 2025 идома дорад ва барои сокинон ва сайёҳон макони нишаст ва истироҳат фароҳам меорад.

Толори варзишӣ дар маркази ҷамоати деҳот, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд мешавад, барои тарбияи варзишии ҷавонон ва таҳкими солимии онҳо хизмат мекунад.

Раиси ҷамоати деҳоти Чилдара бар ин назар аст, ки ноҳияи Сангвор, яке аз ноҳияҳои хушманзара ва назаррабост, ки  пайваста сайёҳонро ҷалб мекунад. Бо дарназардошти рушди сайёҳӣ ва эҳтиёҷоти мардум, дар  деҳоти Чилдара иншоотҳои дигар  амалӣ шудаанд.

Чойхонаи деҳаи Руботнол соли 2023 оғоз шуда, соли 2025 ба итмом расид. Ин лоиҳа саҳми фаъолонаи мардумро дар ободии маҳаллӣ нишон медиҳад.

Мағозаи тиҷоратӣ дар маркази ҷамоати деҳоти Чилдара аз ҷониби соҳибкор Раҷаб Бозоров амалӣ гардид.

Дар идома Фотеҳ Шоев иброз дошт, ки корҳои бунёдкориву созандагие, ки маълумот дода шуд, ин ҷо ба поён намерасанд, ҳанӯз оғози кор мебошанд. Ӯ афзуд, ки бо дастгирии ҷавонони деҳа як қатор лоиҳаҳои дигар анҷом ёфтаву қисмати дигар идома доранд.

Бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Шакоб, ки бо талош ва саҳми ҷавонон сохта мешавад ва хизматрасонии беҳтари тиббиро барои аҳолӣ таъмин хоҳад кард.

Ҷавонони кӯҳистон ба толорҳои варзишӣ ниёз доранд, то тавонанд ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғул шаванд. Дар шароити кӯҳистон, ки имкониятҳои гуногун барои фаъолиятҳои варзишӣ маҳдуданд, бунёди толорҳои замонавӣ ва дастрас барои ҷавонон хеле муҳим аст.

Инак,  бо ташаббуси ҷавонон ду толори варзишӣ,  бунёд мешаванд, ки барои тарбияи варзишӣ ва солимии насли нав хизмат мерасонанд.

Ҳамин гуна, ки гуфтем, мардуми кӯҳистон аз ҷиҳати инфрасохтор танқисӣ мекашанд. Деҳаҳое, ки аз ҳамдигар ба масофаҳои дур ҷойгир шудаанд, ба бунгоҳҳои тиббӣ барои хизматрасонии саривақтӣ ва дастрасӣ ба табобат ниёз доранд. Ҳузури чунин муассисаҳо  дар шароити кӯҳистон зиндагиро осонтар мегардонад.

Бо дастгирии ҷавонон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳо идома дорад ва саҳми фаъолонаи мардум дар ин раванд нишон медиҳад, ки ҳар сокин метавонад дар ободии диёраш ҳиссаи худро гузорад.

Беморхонаи минтақавӣ, ки бо иқдоми ҷавонон ва дастгирии ҷомеа дар назар аст, барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва осон кардани дастрасии аҳолӣ ба табобат бунёд карда мешавад.

Бояд гуфт, ки роҳҳои кӯҳистон ба фаслҳои сол вобастаанд.  Бо боридани аввалин барфу борон ва обшавии барфҳо, ҳаракати нақлиёт дар кӯҳистон душвор мешавад ва мардум ба роҳҳои устувор ва беҳтар ниёз доранд. Ин мушкилот зарурати анҷоми корҳои роҳсозӣ ва сангфаршкуниро бештар нишон медиҳад, то ҳаракат дар тамоми фаслҳои сол осон ва бехатар гардад. Дар пайи ин мо соли 2025 роҳи мошингарди Лаби Ҷар -Чилдараро, бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сангфарш намудем.  

Раиси ҷомаоти деҳоти Чилдара гуфт, ки  корҳои бунёдкориву ободонӣ дар ҷамоати мо идома доранд. Дар оянда маълумоти бештар ва муфассалро дар бораи  корҳои созандагӣ ва лоиҳаҳои нав ирсол хоҳем кард...

Н. АЛИЕВА