- Диданд: 52
Имрӯз ҷаҳон дар як гирдоби пурталотуми ҳодисаҳое қарор дорад, ки ҳар рӯз аз чор гӯшаи он хабарҳои даргирӣ, низоъ ва нобасомониҳо ба гӯш мерасанд. Ин хабарҳо танҳо сатри нашрияву сомонаву расонаҳо нестанд, балки воқеияти талхеанд, ки дар паси онҳо сарнавишти инсонҳо, орзуҳои кӯдакону ҷавонон пинҳон аст. Бисёр ҷонхарош аст, вақте ин хабарҳо пахшу нашр мешаванд. Зеро ҳар як ҷанг пеш аз ҳама ба ҷони инсон, ба оромии оилаҳо ва ба ояндаи кӯдакон зарба мезанад.
Абарқудратҳо ва қувваҳои сиёсӣ дар талоши густариши нуфуз ва манфиатҳои худ қарор доранд, вале дар ин бозии бузург, он чизе ки фаромӯш мешавад, арзиши ҷони инсон аст. Зери ин осмони яксон, кӯдакон, ҷавонон, занон ва пиронсолон аз ҳама бештар осеб мебинанд.
Дар паи ин ҳама нооромиву низоъҳои ҷаҳонӣ, ки имрӯз аз ҳар гӯшаи олам ба гӯш мерасанд, боз як падидаи хатарнок низ рӯ ба афзоиш аст, густариши сафи гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷалби ҷавонони нозукандеш ба доми онҳо. Ин гурӯҳҳо дар паси шиорҳои зебо ва ваъдаҳои дурӯғин пинҳон шуда, дар асл на сулҳ меоранд ва на адолат, кори онҳо танҳо вайронӣ, хунрезӣ ва фоҷиа асту бас.
Оқибаташ ин аст, ки ҷавонон дар айни сармастиву хандаву бозӣ қурбонии ана ҳамин ифротгароён мешаванд. Ва чун ғунчаҳои номурод дар айни бишкуфтан хазон мегарданд. Ё пушти панҷара умри ҷавонро сипарӣ мекунанд, ё ба ҳалокат мерасанд.
Дардноктарин паҳлӯи ин падида он аст, ки ин гурӯҳҳо ба ҳаёти инсон арзиш намедиҳанд. Имрӯз таблиғоти ифротгароён на танҳо дар муҳити воқеӣ, балки дар фазои маҷозӣ низ паҳн мегардад. Шабакаҳои иҷтимоӣ ба як майдони дигар барои ҷалби ҷавонон табдил ёфтаанд.
- Диданд: 64
Тағйирёбии босуръати равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва густариши шабакаҳои иҷтимоӣ имкониятҳои нав фароҳам овард, ки ҳамзамон заминаи паҳн гардидани андешаҳои носолим ва ифротӣ ба вуҷуд омада. Аз ин рӯ, эҳтиёт будан аз корҳои номатлуб ва худдорӣ намудан аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тундрав, ифротгаро, террористию экстремистӣ вазифаи муҳими шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Тундравӣ ва ифротгароӣ зуҳуроти хатарноки иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд, ки бар асоси таҳаммулнопазирӣ, бадбинӣ ва рад намудани арзишҳои умумибашарӣ бунёд мегарданд. Экстремизм одатан бо таблиғи андешаҳои якҷониба зуҳур намуда, дар баъзе ҳолатҳо ба амалҳои зӯроварона ва террористӣ оварда мерасонад. Терроризм бошад, шакли ниҳоят хавфноки чунин падидаҳост, ки бо истифода аз зӯроварӣ ва тарс барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ё ғаразнок амалӣ мегардад. Чуноне, ки мо медонем, имрўзњо фаъолияти созмону гурӯҳҳои ифротї боиси нооромӣ, харобӣ ва талафоти ҷонӣ гардида, обрӯ ва суботи кишварҳои гуногунро зери хатар мегузоранд.
Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда ҷалб гардидани ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо мебошад. Ҷавонон, ки қишри фаъол ва ояндасози ҷомеа маҳсуб меёбанд, баъзан бо сабаби норасоии маърифати ҳуқуқӣ, таъсири таблиғоти бардурӯғ, мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ё тарбияи дуруст мавриди фиреб қарор мегиранд. Гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои муосири иртиботӣ андешаҳои худро дар шакли ҷолибу фиребанда пешниҳод намуда, эҳсосоти ҷавононро ба манфиати худ истифода мебаранд. Онҳо бо ваъдаҳои бардурӯғ, тафсири нодурусти арзишҳои динӣ ё шиорҳои зоҳирфиреб кӯшиш мекунанд, ки афродро ба сафи худ ҷалб намоянд.
- Диданд: 63
Имрӯз бояд ба як масъалаи муҳими маънавӣ ва иҷтимоӣ - боварҳои беасос, аз ҷумлаи фолбинӣ, ҷодугарӣ, туморбозӣ ва амсоли инҳо диққат диҳем. Зеро дар асри 21 зиндагӣ дорему ҳанӯз ҳастанд нафароне, ки ба суханони фолбинҳо ва амалҳои тӯморбозиву дуохонӣ бовар мекунанд.
Бояд таъкид намуд, ки чунин амалҳо дар ҳеҷ китоби осмониву диние навишта нашудааст ва на асоси воқеӣ доранд. Танҳо одамонро чунин ақидаҳои бесос гумроҳ месозанду бас.
Ин гуна рафторҳо асосан аз норасоии маърифат ва дониш сарчашма мегиранд. Вақте, ки инсон илм ва мантиқро намешиносад ва аз он кӯча намегузарад ба ҳар гуна боварҳои беасос ва суханони ҷодугарону ба ном муллоҳо бовар мекунанд. Чаро боре ба худ савол намедиҳанд, ки зиндагии он ҷодугарону муллоҳо то кадом андоза хуб аст?! Онҳо, ки фиребгару ҳилагаранд, ба меҳнату заҳмати ҳалол даст намезананд, аз ҳисоби мову шумо зиндагиашонро пеш бурда, бо фиребу найранг луқмаи ҳаром мехӯранд.
Дар замони муосир пешрафт ва дастовардҳо танҳо бо ақл, дониш ва кӯшиши худи инсон имконпазир аст, на бо фолбинӣ ва ҷодугарӣ. Коршиносону донишмандони ислом мегӯянд, ки ҳеҷ инсоне тақдирро дигар карда наметавонад ва ояндаро низ пешгӯӣ карда намешавад.
- Диданд: 58
Ё чаро ҷавонон наворҳои ифротгароёнро, ки ҳамчун доми фиреб пеши роҳи онҳо меистанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба саҳифаҳои худ интиқол медиҳанд?
Дар ҷаҳони муосир яке аз мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ ва сиёсӣ паҳншавии андешаҳои ифротӣ ба ҳисоб меравад. Ин падида метавонад дар шаклҳои гуногун зоҳир гардад.
Вале бояд қайд намуд, ки ифротгароӣ, пеш аз ҳама, аз набудани мувозинат дар тафаккур сарчашма мегирад. Шахсе, ки ба андешаҳои ифротӣ майл дорад, одатан ҷаҳонро танҳо аз як нуқтаи назар мебинад ва омода нест, ки мавқеи дигаронро қабул ё ҳатто баррасӣ намояд.
Яке аз омилҳои асосии паҳншавии андешаҳои ифротӣ норасоии маърифати сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Вақте ки шахс имконияти таҳлили амиқи иттилоотро надорад, ӯ метавонад ба осонӣ зери таъсири таблиғоти якҷониба қарор гирад. Дар чунин ҳолат, маълумоти нодуруст ё таҳрифшуда метавонад ҳамчун ҳақиқат қабул карда шавад ва ба ташаккули ҷаҳонбинии нодуруст мусоидат намояд. Дар ҳолатҳои муайян, чунин андешаҳо метавонанд ба амалҳои зиддиқонунӣ ё нооромсозии вазъият оварда расонанд. Аз ин рӯ, пешгирии паҳншавии ифротгароӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад.
Саҳифаи 3 аз 42









